Перевод суры Аль-Джумуа на Таджикский язык
يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ الْمَلِكِ الْقُدُّوسِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ(1) Худоро тасбеҳ гуянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, он фармонравои пок аз айбро, он ғолиби ҳакимро! |
هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ(2) Ӯст Худое, ки ба миёни мардуме бесавод паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро покиза созад ва китобу ҳикматашон биёмузад. Агарчи пеш аз он дар гумроҳии ошкор буданд, |
وَآخَرِينَ مِنْهُمْ لَمَّا يَلْحَقُوا بِهِمْ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ(3) Ва бар гурӯҳе дигар аз онҳо, ки ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд. Ва Ӯст Ғолибу ҳаким! |
ذَٰلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَن يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ(4) Ин бахшоиши Худост, ки ба ҳар кӣ хоҳад, медиҳад ва Худоро бахшоише бузург аст. |
مَثَلُ الَّذِينَ حُمِّلُوا التَّوْرَاةَ ثُمَّ لَمْ يَحْمِلُوهَا كَمَثَلِ الْحِمَارِ يَحْمِلُ أَسْفَارًا ۚ بِئْسَ مَثَلُ الْقَوْمِ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ ۚ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ(5) Мисоли касоне, ки Таврот ба онҳо дода шуда ва ба он амал намекунанд, мисли он хар аст, ки китобҳоеро мебардорад. Бад мисолест мисолм мардуме, ки оёти Худоро дурӯғ мешумурдаанд. Ва Худо золимонро ҳидоят намекунад. |
قُلْ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ هَادُوا إِن زَعَمْتُمْ أَنَّكُمْ أَوْلِيَاءُ لِلَّهِ مِن دُونِ النَّاسِ فَتَمَنَّوُا الْمَوْتَ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ(6) Бигӯ: «Эй қавми яҳуд, ҳар гоҳ мепипдоред, ки шумо дӯстони Худо ҳастед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар рост мегӯед!» |
وَلَا يَتَمَنَّوْنَهُ أَبَدًا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ۚ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ(7) Ва онон ба сабаби амалҳое, ки пеш аз ин кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. Ба Худо ба ситамкорон доност! |
قُلْ إِنَّ الْمَوْتَ الَّذِي تَفِرُّونَ مِنْهُ فَإِنَّهُ مُلَاقِيكُمْ ۖ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ(8) Бигӯ: «Он марге, ки аз он мегурезед, шуморо дархоҳад ёфт ва сипас назди он донои ниҳону ошкоро баргардонда мешавед, то ба корҳое, ки кардаед, огоҳатон созад». |
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِن يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَىٰ ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ(9) Эй касоне, ки имон овардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа дода шавад, ба намоз бишитобед ва доду гирифтро тарк кунед,. Агар доно бошед, ин кор бароятон беҳтар аст. |
فَإِذَا قُضِيَتِ الصَّلَاةُ فَانتَشِرُوا فِي الْأَرْضِ وَابْتَغُوا مِن فَضْلِ اللَّهِ وَاذْكُرُوا اللَّهَ كَثِيرًا لَّعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ(10) Ва чун намоз поён ёфт, дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед ва бисёр ёдаш кунед, бошад, ки наҷот ёбед! |
وَإِذَا رَأَوْا تِجَارَةً أَوْ لَهْوًا انفَضُّوا إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَائِمًا ۚ قُلْ مَا عِندَ اللَّهِ خَيْرٌ مِّنَ اللَّهْوِ وَمِنَ التِّجَارَةِ ۚ وَاللَّهُ خَيْرُ الرَّازِقِينَ(11) Ва чун тиҷорате ё бозичае бинанд, пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро ҳанчунон истода раҳо мекунанд. Бигӯ: «Он чӣ дар назди Худост, аз бозичаву тиҷорат беҳтар аст». Ва Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст! |
Больше сур в Таджикский:
Скачать суру Al-Jumuah с голосом самых известных рекитаторов Корана:
Сура Al-Jumuah mp3: выберите рекитатора, чтобы прослушать и скачать главу Al-Jumuah полностью в высоком качестве
Ahmed Al Ajmy
Bandar Balila
Khalid Al Jalil
Saad Al Ghamdi
Saud Al Shuraim
Abdul Basit
Abdul Rashid Sufi
Abdullah Basfar
Abdullah Al Juhani
Fares Abbad
Maher Al Muaiqly
Al Minshawi
Al Hosary
Mishari Al-afasi
Yasser Al Dosari
Помолитесь за нас хорошей молитвой