Перевод суры Аль-Баййина на Таджикский язык
لَمْ يَكُنِ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ وَالْمُشْرِكِينَ مُنفَكِّينَ حَتَّىٰ تَأْتِيَهُمُ الْبَيِّنَةُ(1) Кофирони аҳли китоб ва мушрикон даст барнадоранд (аз куфри худ), то барояшон хуҷҷате равшан биёяд — |
رَسُولٌ مِّنَ اللَّهِ يَتْلُو صُحُفًا مُّطَهَّرَةً(2) паёмбаре аз ҷониби Худо, ки сахифаҳои покро мехонад, |
فِيهَا كُتُبٌ قَيِّمَةٌ(3) дар онҳо навиштаҳоест росту дуруст. |
وَمَا تَفَرَّقَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ إِلَّا مِن بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَةُ(4) Ва аҳли китоб пароканда шуданд, аз он пас, ки барояшон бурҳоне равшан омад. |
وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَ ۚ وَذَٰلِكَ دِينُ الْقَيِّمَةِ(5) Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост! |
إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ وَالْمُشْرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ أُولَٰئِكَ هُمْ شَرُّ الْبَرِيَّةِ(6) Аз аҳли китоб онҳо, ки кофиранд ва, низ мушрикон дар оташи ҷаҳаннаманд ва дар он ҳамеша хоҳанд буд. Инҳо бадтарини офаридагонанд. |
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَٰئِكَ هُمْ خَيْرُ الْبَرِيَّةِ(7) Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, беҳтарини офаридагонанд. |
جَزَاؤُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ جَنَّاتُ عَدْنٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۖ رَّضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ ۚ ذَٰلِكَ لِمَنْ خَشِيَ رَبَّهُ(8) Муздашон дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест ҷовид, ки дар он наҳрҳо ҷорист. То абад дар он ҷоянд. Худо аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Худо розианд. Ва ин хоси касест, ки аз Парвардигораш битарсад. |
Больше сур в Таджикский:
Скачать суру Al-Bayyinah с голосом самых известных рекитаторов Корана:
Сура Al-Bayyinah mp3: выберите рекитатора, чтобы прослушать и скачать главу Al-Bayyinah полностью в высоком качестве
Ahmed Al Ajmy
Bandar Balila
Khalid Al Jalil
Saad Al Ghamdi
Saud Al Shuraim
Abdul Basit
Abdul Rashid Sufi
Abdullah Basfar
Abdullah Al Juhani
Fares Abbad
Maher Al Muaiqly
Al Minshawi
Al Hosary
Mishari Al-afasi
Yasser Al Dosari
Помолитесь за нас хорошей молитвой