Перевод суры Аль-Гашия на Таджикский язык
هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ الْغَاشِيَةِ(1) Оё достони ғошия ба ту расидааст? |
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ خَاشِعَةٌ(2) Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст, |
عَامِلَةٌ نَّاصِبَةٌ(3) талошкардаву ранҷдида |
تَصْلَىٰ نَارًا حَامِيَةً(4) дар оташи сӯзон дарафтанд, |
تُسْقَىٰ مِنْ عَيْنٍ آنِيَةٍ(5) аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд, |
لَّيْسَ لَهُمْ طَعَامٌ إِلَّا مِن ضَرِيعٍ(6) таъоме ғайри хор надоранд, |
لَّا يُسْمِنُ وَلَا يُغْنِي مِن جُوعٍ(7) ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ. |
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاعِمَةٌ(8) Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд, |
لِّسَعْيِهَا رَاضِيَةٌ(9) аз кори худ хушнуд, |
فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ(10) дар биҳиште олимақом, |
لَّا تَسْمَعُ فِيهَا لَاغِيَةً(11) ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ |
فِيهَا عَيْنٌ جَارِيَةٌ(12) ва дар он чашмасорҳо равон бошад |
فِيهَا سُرُرٌ مَّرْفُوعَةٌ(13) ва тахтҳое баланд зада |
وَأَكْوَابٌ مَّوْضُوعَةٌ(14) ва кӯзаҳое ниҳода |
وَنَمَارِقُ مَصْفُوفَةٌ(15) ва болишҳое дар канори ҳам чида |
وَزَرَابِيُّ مَبْثُوثَةٌ(16) ва фаршҳое паҳн карда. |
أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ(17) Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шуда? |
وَإِلَى السَّمَاءِ كَيْفَ رُفِعَتْ(18) Ва ба осмон, ки чӣ гуна бардошташуда? |
وَإِلَى الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ(19) Ва ба кӯҳҳо, ки чӣ гуна баланд кашидашуда? |
وَإِلَى الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ(20) Ва ба замин, ки чӣ сон густурда шуда? |
فَذَكِّرْ إِنَّمَا أَنتَ مُذَكِّرٌ(21) Пас панд деҳ ки ту панддиҳандае ҳастӣ. |
لَّسْتَ عَلَيْهِم بِمُصَيْطِرٍ(22) Ту бар онон фармонраво нестӣ. |
إِلَّا مَن تَوَلَّىٰ وَكَفَرَ(23) Магар он кас кӣ рӯйгардон шуд ва кофир шуд. |
فَيُعَذِّبُهُ اللَّهُ الْعَذَابَ الْأَكْبَرَ(24) Пас Худояш ба азоби бузургтар азоб мекунад. |
إِنَّ إِلَيْنَا إِيَابَهُمْ(25) Албатта бозгашташон ба сӯи Мост. |
ثُمَّ إِنَّ عَلَيْنَا حِسَابَهُم(26) Сипас ҳисобашон бо Мост. |
Больше сур в Таджикский:
Скачать суру Al-Ghashiyah с голосом самых известных рекитаторов Корана:
Сура Al-Ghashiyah mp3: выберите рекитатора, чтобы прослушать и скачать главу Al-Ghashiyah полностью в высоком качестве
Ahmed Al Ajmy
Bandar Balila
Khalid Al Jalil
Saad Al Ghamdi
Saud Al Shuraim
Abdul Basit
Abdul Rashid Sufi
Abdullah Basfar
Abdullah Al Juhani
Fares Abbad
Maher Al Muaiqly
Al Minshawi
Al Hosary
Mishari Al-afasi
Yasser Al Dosari
Помолитесь за нас хорошей молитвой