Аль-Бакара · 284/286
Тарҷума Транслитератсия — Сураи Аль-Бакара
لِّلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَإِن تُبْدُوا مَا فِي أَنفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُم بِهِ اللَّهُ ۖ فَيَغْفِرُ لِمَن يَشَاءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ ۝٢٨٤
Lillaahi maa fissamaawaati wa maa fil ard; wa in tubdoo maa feee anfusikum aw tukhfoohu yuhaasibkum bihil laa; fayaghfiru li mai yashaaa`u wa yu`azzibu mai yashaaa u;wallaahu `alaa kulli shai in qadeer
📖 Ба Тоҷикӣ
Аз они Худост, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Он чиро, ки дар дил доред, хоҳ, ошкораш созед ё пушидааш доред, Худо шуморо ба он бозхост хоҳад кард. Пас ҳар киро, ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!

M Mishary Rashid Alafasy ✓
M Mahmoud Khalil Al-Husary ✓
A Abdurrahman As-Sudais ✓
M Mohamed Siddiq Al-Minshawi ✓
A Abdul Basit Abdul Samad ✓
A Ali Al-Hudhaify ✓
A Ahmed ibn Ali al-Ajamy ✓
A Abu Bakr Ash-Shaatree ✓
M Muhammad Ayyoub ✓
A Abdullah Basfar ✓
A Abdullah Al-Juhani ✓
M Maher Al Muaiqly ✓
0:00
0:00
📜

Тарҷума — Tafsir

  1. Маънои калимаҳои муҳим:
  • لِّلَّهِ: аз они Худованд аст, моликияти Ӯст.
  • تُبْدُوا: ошкор кунед, зоҳир намоед.
  • تُخْفُوهُ: пинҳон доред, ниҳон кунед.
  • يُحَاسِبْكُم: ҳисоб-китоб мекунад шуморо, ҷазо медиҳад.
  • قَدِيرٌ: тавонманд, қодир бар ҳар чиз.
  1. Тафсири оят:

Ҳама чизе, ки дар осмонҳо ва дар замин аст, аз они Худованд аст — ҳам офариниш, ҳам моликият ва ҳам идоракунӣ. Ҳеҷ чиз аз дониши Ӯ пинҳон намемонад. Агар шумо он чиро, ки дар дилҳои худ доред, ошкор кунед ё пинҳон доред, Худованд онро медонад ва шуморо ба он ҳисоб-китоб мекунад. Пас, Ӯ бо фазлу раҳмати худ барои ҳар касе, ки бихоҳад, меомӯрзад ва бо адлу ҳикмати худ ҳар касеро, ки бихоҳад, ҷазо медиҳад. Ва Худованд бар ҳар чиз тавонманд аст.

Худованд баъд аз ин оят бандагони мӯъминро гиромӣ дошт ва хатарҳои дилро, ки ба гуфтор ё амал намерасанд, бахшид, чунон ки аз Паёмбар (с) ривоят шудааст.

  1. Фоидаҳои ин оят:
  • Ин оят нишон медиҳад, ки ҳама чиз дар дасти Худованд аст ва Ӯ бар ҳар чиз тавонманд аст.
  • Худованд аз ниҳонӣ ва ошкори дилҳои мо огоҳ аст, бинобар ин бояд дилҳои худро аз ниятҳои бад пок кунем.
  • Худованд ғаффор ва раҳим аст; ҳар касе, ки тавба кунад, Ӯ мебахшад.
  • Ин оят моро ба сӯи худшиносӣ ва муҳосибаи нафс ҳидоят мекунад.
  • Худованд одил аст ва ҳар касро мувофиқи амалаш ҷазо медиҳад.
  • Ин оят ба мо меомӯзад, ки ба Худованд таваккал кунем ва аз раҳмати Ӯ умедвор бошем.


📜 Оят 282-286 — Сураи Аль-Бакара

282يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا تَدَايَنتُم بِدَيْنٍ إِلَىٰ أَجَلٍ مُّسَمًّى فَاكْتُبُوهُ ۚ وَلْيَكْتُب بَّيْنَكُمْ كَاتِبٌ بِالْعَدْلِ ۚ وَلَا يَأْبَ كَاتِبٌ أَن يَكْتُبَ كَمَا عَلَّمَهُ اللَّهُ ۚ فَلْيَكْتُبْ وَلْيُمْلِلِ الَّذِي عَلَيْهِ الْحَقُّ وَلْيَتَّقِ اللَّهَ رَبَّهُ وَلَا يَبْخَسْ مِنْهُ شَيْئًا ۚ فَإِن كَانَ الَّذِي عَلَيْهِ الْحَقُّ سَفِيهًا أَوْ ضَعِيفًا أَوْ لَا يَسْتَطِيعُ أَن يُمِلَّ هُوَ فَلْيُمْلِلْ وَلِيُّهُ بِالْعَدْلِ ۚ وَاسْتَشْهِدُوا شَهِيدَيْنِ مِن رِّجَالِكُمْ ۖ فَإِن لَّمْ يَكُونَا رَجُلَيْنِ فَرَجُلٌ وَامْرَأَتَانِ مِمَّن تَرْضَوْنَ مِنَ الشُّهَدَاءِ أَن تَضِلَّ إِحْدَاهُمَا فَتُذَكِّرَ إِحْدَاهُمَا الْأُخْرَىٰ ۚ وَلَا يَأْبَ الشُّهَدَاءُ إِذَا مَا دُعُوا ۚ وَلَا تَسْأَمُوا أَن تَكْتُبُوهُ صَغِيرًا أَوْ كَبِيرًا إِلَىٰ أَجَلِهِ ۚ ذَٰلِكُمْ أَقْسَطُ عِندَ اللَّهِ وَأَقْوَمُ لِلشَّهَادَةِ وَأَدْنَىٰ أَلَّا تَرْتَابُوا ۖ إِلَّا أَن تَكُونَ تِجَارَةً حَاضِرَةً تُدِيرُونَهَا بَيْنَكُمْ فَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَلَّا تَكْتُبُوهَا ۗ وَأَشْهِدُوا إِذَا تَبَايَعْتُمْ ۚ وَلَا يُضَارَّ كَاتِبٌ وَلَا شَهِيدٌ ۚ وَإِن تَفْعَلُوا فَإِنَّهُ فُسُوقٌ بِكُمْ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ وَيُعَلِّمُكُمُ اللَّهُ ۗ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, чун қарзе то муддате муъайян ба якдигар дихед, онро бинависед. Ва бояд дар байни шумо котибе бошад, ки онро ба дурустӣ бинависад, Ва котиб набояд, ки дар навиштан аз он чӣ Худо ба ӯ омӯхтааст, сарпечӣ кунад. Ва мадюн (қарздор) бояд, ки бар котиб имло кунад ва аз Оллоҳ Парвардигори худ битарсад ва аз он хеҷ накоҳад. Агар қарздор нодон ё сағир бувад ё худ навиштан наметавонад, валии ӯ аз рӯи адолат бинависад. Ва ду шоҳиди мард ба шаҳодат гиред. Агар ду мард набувад, як марду ду зан, ки ба онҳо ризоият диҳед, шаҳодат бидиҳанд, то агар яке фаромӯш кард, дигаре ба ёдаш биёварад. Ва шоҳидон чун ба шаҳодат даъват шаванд, набояд, ки аз шаҳодат худдорӣ кунанд. Ва аз навиштани муддати дайки (карзи) худ, чӣ хурд ва чӣ бузург, малӯл машавед. Ин равиш дар назди Худо одилонатар аст ва шаҳодатро устувордорандатар ва шакку шубҳаро дуркунандатар. Ва ҳар гоҳ муомалаи нақдӣ бошад, агар барои он санаде нанависед, муртакиби гуноҳе нашудаед. Ва чун муомалае кунед, шоҳиде гиред. Ва набояд ба котибу шоҳид зиёне бирасонод, ки агар чунин кунед, нофармонӣ кардаед. Аз Худой битарсед. Худо шуморо таълим медиҳад ва Ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст!
283۞ وَإِن كُنتُمْ عَلَىٰ سَفَرٍ وَلَمْ تَجِدُوا كَاتِبًا فَرِهَانٌ مَّقْبُوضَةٌ ۖ فَإِنْ أَمِنَ بَعْضُكُم بَعْضًا فَلْيُؤَدِّ الَّذِي اؤْتُمِنَ أَمَانَتَهُ وَلْيَتَّقِ اللَّهَ رَبَّهُ ۗ وَلَا تَكْتُمُوا الشَّهَادَةَ ۚ وَمَن يَكْتُمْهَا فَإِنَّهُ آثِمٌ قَلْبُهُ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ
Ҳар гоҳ дар сафар будед ва котибе наёфтед, бояд чизе ба гарав гирифта шавад ва агар касе аз шумо дигареро боварӣ кард, он кас, ки боварӣ карда шуд, амонатро боз диҳад ва бояд аз Оллоҳ, Парвардигораш битарсад. Ва шоҳидиро пинҳон макунед. Ҳар кас, ки шоҳидиро пинҳон кунад, ба дил гуноҳкор аст ва Худо аз коре, ки мекунед, огоҳ аст!
284لِّلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَإِن تُبْدُوا مَا فِي أَنفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُم بِهِ اللَّهُ ۖ فَيَغْفِرُ لِمَن يَشَاءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Аз они Худост, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Он чиро, ки дар дил доред, хоҳ, ошкораш созед ё пушидааш доред, Худо шуморо ба он бозхост хоҳад кард. Пас ҳар киро, ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!
285آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مِن رَّبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ ۚ كُلٌّ آمَنَ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّن رُّسُلِهِ ۚ وَقَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا ۖ غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ
Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ як паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки бозгашти ҳама ба сӯи туст!»
286لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا اكْتَسَبَتْ ۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَا إِن نَّسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلْنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِ ۖ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا ۚ أَنتَ مَوْلَانَا فَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ
Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ амр намекунад. Некиҳои ҳар кас аз они худи уст ва бадиҳояш аз они худи ӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кар даем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи вазнин ниҳодӣ, таклифи вазнин бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту хоҷаи мо хастӣ. Пас моро бар гурӯҳи кофирон ғолиб гардон!»
Аль-БакараФеҳристи Қуръон
286Оят
MedinanRevelation
284Оят

Тарҷума — Аль-Бакара 284

Сураи Аль-Бакара Оят 284 - Хондан, Гӯш кун, Тарҷума, Тоҷикӣ : Аз они Худост, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Он…

Сураи Оят 284/286 — Сураи Аль-Бакара البقرة (Medinan). Хондан Гӯш кун Тарҷума (Тоҷикӣ). Гӯш кун: Сураи Аль-Бакара Гӯш кун, Сураи Аль-Бакара Тарҷума, Сураи Аль-Бакара mp3, Сураи Аль-Бакара pdf. Оят 282–286. Ба Тоҷикӣ: Русский.





Қуръони Карим


Tuesday, September 29, 2026

Don't forget us in your sincere prayers