PDF —
30 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аль-Мульк pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аль-Мульк pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Мульк Тарҷума. Сураи Аль-Мульк (Meccan) 30 Оят.

← Ат-ТахримСураи Аль-Мульк Аль-Калам →


30 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚ
67:1 Бузургвору бобаракат Худованде, ки фармонравой ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност,
ﭛﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥﭦﭧ
67:2 он ки маргу зиндагиро биёфарид, то биёзмоядатон, ки кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст ва Ӯст ғолибу бахшоянда!
ﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼ
67:3 Он ки ҳафт осмони табақа-табақаро биёфарид. Дар офариниши Худои раҳмон ҳеҷ халалу беназмӣ намебинӣ. Пес бори дигар назар кун, оё дар осмон шикофе мебинӣ?
ﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇ
67:4 Бори дигар низ чашм боз кун ва бингар. Нигоҳи ту хаставу дармонда ба назди ту бозхоҳад гашт.
ﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕ
67:5 Мо осмони дунёро ба чароғҳое биёростем ва он чароғҳоро василаи сангсор кардани шаётин гардонидем ва барояшон азоби оташи сӯзон омода кардаем.
ﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞ
67:6 Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шудаанд, азоби ҷаҳаннам бошад ва ҷаҳаннам бад ҷои бозгаштест!
ﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧ
67:7 Чун дар ҷаҳаннам афканда шаванд, ба ҷӯш ояд ва бонги зишташро бишнаванд.
ﮨﮩﮪﮫﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗ
67:8 Наздик аст, ки аз хашм пора-пора шавад. Ва чун гурӯҳеро дар он (афкананд, нигаҳбононаш гӯяндашон:
ﯘﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪ
67:9 «Оё шуморо бимдиҳандае наёмад?» Гӯянд: «Чаро, бимдиҳанда омад, вале ӯро дурӯғ баровардем ва гуфтем; «Худо ҳеҷ чиз нозил накардааст, шумо дар гумроҳии бузурге ҳастед!»
ﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳﯴﯵﯶ
67:10 Ва мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё ақл мекардем, аҳли ин оташи сӯзанда намебудем».
ﯷﯸﯹﯺﯻﯼ
67:11 Пас ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Эй лаънат бод бар онҳо, ки аҳли оташи сӯзандаанд!
ﯽﯾﯿﰀﰁﰂﰃﰄﰅﰆ
67:12 Барои касоне, ки нодида аз Парвардигорашон метарсанд бахшоишу музди фаровон аст.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚﭛ
67:13 Чӣ пинҳон сухан гӯед ва чӣ ошкоро, Ӯ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност.
ﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢﭣ
67:14 Оё он кӣ офарида, намедонад? Ҳол он ки Ӯ борикбину огоҳ аст.
ﭤﭥﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳ
67:15 Ӯст, ки заминро роми шумо гардонид Пас бар рӯи он сайр кунед, ва аз ризқи Худо бихӯред. Чун аз қабр берун оед, ба сӯи Ӯ меравед.
ﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿ
67:16 Оё аз он кӣ дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ заминро ба ларзиш дароварад ва замин шуморо дар худ фурӯ барад?
ﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍ
67:17 Ё аз он кӣ дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ боде ҳамроҳ бо сангрез бар сари шумо фиристад? Ба зуди хоҳед донист, ки бим додани Ман чӣ гуна аст.
ﮎﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕﮖ
67:18 Албатта касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд. Пас азоби Ман чӣ гуна буд!
ﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧﮨ
67:19 Оё паррандагонеро, ки бол кушуда ва бол кашида бар болои сарашон дар парвозанд, надидаанд? Онҳоро ҷуз Худои раҳмон касе дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. Ӯст, ки ба ҳама чиз биност!
ﮩﮪﮫﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗﯘﯙﯚ
67:20 Оё онон, ки ёрони шумоянд, тавонанд дар баробари Худо ёриатон кунанд? Кофирон дар фиребе беш нестанд.
ﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨ
67:21 Оё кист он кӣ ба шумо рӯзӣ диҳад, агар Ӯ рӯзии худ боздорад? На! дар саркашиву дури аз ҳақ пойдор меистанд.
ﯩﯪﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳﯴﯵ
67:22 Оё он касе, ки нагунсор (хамшуда) бар рӯй афтода роҳ меравад, ҳидоятёфтатар аст ё он ки бар пой истода ва ба роҳи рост меравад?
ﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁﰂﰃ
67:23 Бигӯ: «Ӯст, ки шуморо офаридааст ва гӯшу чашму дил додааст. Чӣ андак шукр мегузоред!»
ﰄﰅﰆﰇﰈﰉﰊﰋﰌ
67:24 Бигӯ: «Ӯст, ки шуморо дар замин офарид ва дар қиёмат назди Ӯ ҷамъ оварда мешавед».
ﰍﰎﰏﰐﰑﰒﰓﰔ
67:25 Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда чӣ вақт фаро мерасад?»
ﰕﰖﰗﰘﰙﰚﰛﰜﰝﰞ
67:26 Бигӯ: «Илми он назди Худост ва ман бимдиҳандае ошкорам».
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞ
67:27 Кофирон чун аз наздикаш бингаранд, чеҳраашон гирифта шавад, Ва ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ ботилаш мехондед!
ﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮ
67:28 Бигӯ: «Хабар диҳед, ки агар (фаразан) Худо марову ҳамроҳонамро ҳалок кунад ё бар мо раҳмат оварад, чӣ касе кофиронро аз азоби дардовар мераҳонад?»
ﭯﭰﭱﭲﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽ
67:29 Бигӯ: «Ӯ Худои раҳмон аст. Ба Ӯ имон овардем ва бар Ӯ таваккал кардем. Ва ба зуди, хоҳед донист, чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст!»
ﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈ
67:30 Бигӯ: «Хабар диҳед, агар обатон дар замин фурӯ равад, чӣ касе шуморо оби равон хоҳад дод?»

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers