PDF —
83 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Йа Син pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Йа Син pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Йа Син Тарҷума. Сураи Йа Син (Meccan) 83 Оят.

← ФатирСураи Йа Син Ас-Саффат →


83 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﭬﭭ
36:1 Ё, син.
ﭮﭯﭰ
36:2 Савганд ба Қуръони ҳикматомез,
ﭱﭲﭳﭴ
36:3 ки ту аз паёмбарон ҳастӣ,
ﭵﭶﭷﭸ
36:4 бар роҳе рост.
ﭹﭺﭻﭼ
36:5 Қуръон аз ҷониби он ғолиби меҳрубон нозил шуда,
ﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄ
36:6 то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабарӣ буданд.
ﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍ
36:7 Азоби Худо барои бештаринашон воҷиб шудааст ва имон намеоваранд.
ﮎﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘ
36:8 Ва мо бар гарданҳояшон то манаҳҳо тавқҳо (занҷирҳо) ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва поин оварда натавонанд,
ﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥ
36:9 Дар баробарашон деворе кашидем ва дар пушти сарашон деворе. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, то натавонанд дид.
ﮦﮧﮨﮩﮪﮫﮬﮭﮮ
36:10 Фарқашон накунад, чӣ онҳоро битарсонӣ ва чӣ натарсонӣ, имон намеоваранд.
ﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗﯘﯙﯚﯛﯜﯝ
36:11 Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки ба Қуръон пайравӣ кунад ва аз Худои раҳмон дар ниҳон битарсад. Чунин касро ба бахшоиш ва музди некӯ хушхабар бидеҳ!
ﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪﯫﯬﯭ
36:12 Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар китоби мубин шумор кардаем.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙ
36:13 Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки расулон ба он ҷо омаданд.
ﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥ
36:14 Нахуст ду танро ба наздашон фиристодем ва дурӯғ бароварданд, пас бо саввуми қувваташон додем ва гуфтанд: «Мо ба сӯи шумо фиристода шудаем».
ﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴﭵ
36:15 Гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Худои раҳмон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед».
ﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼ
36:16 Гуфтанд: «Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем.
ﭽﭾﭿﮀﮁﮂ
36:17 Ва бар ӯҳдаи мо ғайри паём расонидани ошкоро ҳеҷ чизи дигар нест».
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐ
36:18 Гуфтанд: Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, сангсоратон хоҳем кард ва шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид».
ﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜ
36:19 Гуфтанд: «Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд чунин мегӯед? На, мардуме аз ҳад гузашта ҳастед!»
ﮝﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧ
36:20 Марде аз дурдасти шаҳр давон-давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед!
ﮨﮩﮪﮫﮬﮭﮮﮯ
36:21 Ба касоне, ки аз шумо ҳеҷ музде наметалабанд ва худ мардуме ҳидоятёфтаанд, пайравӣ кунед!
ﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗﯘﯙ
36:22 Чаро Худоеро, ки маро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед, напарастам?
ﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩ
36:23 Оё ғайри Ӯ худоёяеро ихтиёр кунам, ки агар Худои раҳмон бихоҳад ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ суд накунад ва маро халосӣ набахшанд?
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯ
36:24 Ва дар ин ҳолат ман дар гумроҳии ошкор бошам.
ﯰﯱﯲﯳﯴ
36:25 Ман ба Парвардигоратон имон овардам. Сухани маро бишнавед».
ﯵﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼﯽ
36:26 Гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой!» Гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,
ﯾﯿﰀﰁﰂﰃﰄﰅ
36:27 ки Парвардигори ман маро бибахшоид ва дар гурӯҳи гиромишудагон даровард».
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞﭟ
36:28 Ва аз он пас бар сари қавми ӯ ҳеҷ лашкаре аз осмон фурӯ нафиристодем. Ва Мо фурӯфиристанда набудем.
ﭠﭡﭢﭣﭤﭥﭦﭧﭨ
36:29 Як бонги сахте буд, ки ногоҳ ҳама бар ҷой сард шуданд.
ﭩﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴﭵ
36:30 Эй дареғ бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, ки масхарааш накарда бошанд.
ﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁ
36:31 Оё надидаанд, ки чӣ мардумеро пеш аз онҳо ҳалок кардаем, ки дигар ба наздашон бознамегарданд.
ﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈ
36:32 Ва касе немопад, ки назди Мо ҳозираш наоранд.
ﮉﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓ
36:33 Нишонаи ибратест бар онҳо замини мурда, ки зиндааш сохтем ва аз он донае, ки аз он мехӯранд, берун овардем.
ﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞ
36:34 Ва дар он боғҳое аз дарахтони хурмову токҳо падид овардем ва чашмаҳои равон сохтем,
ﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧﮨ
36:35 то аз меваҳои он ва дастранҷи худ бихӯранд. Чаро шукр намегӯянд?
ﮩﮪﮫﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗ
36:36 Пок аст он Худое, ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид, чӣ аз он чӣ замин мерӯёнад ва чӣ аз худашон ва чӣ он чизҳое, ки намешиносанд.
ﯘﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡ
36:37 Шаб низ барояшон ибрате дигар аст, ки рӯзро аз он бармекашем ва ҳама дар торикӣ фурӯ мераванд.
ﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪﯫ
36:38 Ва офтоб ба сӯи қароргоҳи худ равон аст. Ин фармони Худои пирӯзманду доност.
ﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳ
36:39 Ва барои моҳ манзилҳое андоза кардем, то монанди шохаи хушки хурмо борик шавад.
ﯴﯵﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁﰂﰃﰄ
36:40 Офтобро сазовортар нест, ки ба моҳ расад ва шабро сазовор нест, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама дар фалаке шиноваранд.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙ
36:41 Ибрате дигар барои онҳо, ки падаронашонро дар он киштии пуркардашуда савор кардем.
ﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠ
36:42 Ва барояшон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд.
ﭡﭢﭣﭤﭥﭦﭧﭨﭩﭪ
36:43 Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарк, месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва халосӣ наёбанд,
ﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱ
36:44 ғайри раҳмати Мо ва бархурдорӣ то ҳангоми марг.
ﭲﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽ
36:45 Ва он гоҳ ки ба онҳо гуфта шавад, ки аз он чӣ дар пеши рӯй доред ё пушти сар мегузоред, битарсед, шояд бар шумо раҳмат оранд, рӯй бигардонанд.
ﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉ
36:46 Ва кадом ояте аз оёти Парвардигорашон бар онҳо нозил шавад, албатта аз он рӯй гардонанд.
ﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠﮡﮢ
36:47 Ва чун гуфта шавад, ки аз он чӣ Худо рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гуянд: «Оё касонеро таъом диҳем, ки агар Худо мехост, худ онҳоро таъом медод? Шумо дар гумроҳии ошкор ҳастед».
ﮣﮤﮥﮦﮧﮨﮩﮪ
36:48 Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад буд?»
ﮫﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔ
36:49 Инҳо интизори як бонги сахтро мебаранд, то ба он ҳангом ки саргарми хусумат ҳастанд, фурӯ гирадашон,
ﯕﯖﯗﯘﯙﯚﯛﯜ
36:50 ончунон ки тавони васияте надошта бошанд ва натавонанд назди касони худ бозгарданд.
ﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧ
36:51 Ва дар сур дамида шавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи Парвардигорашон раванд.
ﯨﯩﯪﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳﯴﯵﯶ
36:52 Мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобгоҳҳоямон бархезонд? Ин ҳамон ваъдаи Худои раҳмон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»
ﯷﯸﯹﯺﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁ
36:53 Фақат як бонги сахт хоҳад буд, ки ҳама назди Мо ҳозир меоянд.
ﰂﰃﰄﰅﰆﰇﰈﰉﰊﰋﰌﰍ
36:54 Он рӯз ба кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, кн кардаед, мукофот намебинед.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘ
36:55 Биҳиштиён он рӯз ба шодмонӣ машғул бошанд.
ﭙﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠ
36:56 Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳо бар тахтҳо такя задаанд.
ﭡﭢﭣﭤﭥﭦﭧ
36:57 Дар он ҷо ҳар мева ва ҳар чизи дигар, ки бихоҳанд, фароҳам аст.
ﭨﭩﭪﭫﭬﭭ
36:58 Ва саломе, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст.
ﭮﭯﭰﭱﭲ
36:59 Эй гуноҳкорон, имрӯз ҷудо шавед (аз мӯъминон)!
ﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂ
36:60 Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, зеро душмани ошкори шумост?
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉ
36:61 Ва Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст.
ﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓ
36:62 Бисёре аз шуморо гумроҳ кард. Магар ба ақл дарнамеёфтед?
ﮔﮕﮖﮗﮘﮙ
36:63 Ин аст он ҷаҳаннаме, ки ба шумо ваъда дода шуда буд.
ﮚﮛﮜﮝﮞﮟ
36:64 Ба ҷазои куфратон инак дар он дохил шавед!»
ﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧﮨﮩﮪﮫ
36:65 Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мениҳем. Ва дастҳояшон бо Мо сухан хоҳанд гуфт ва поҳояшон шоҳидӣ хоҳанд дод, ки чӣ мекардаанд.
ﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖ
36:66 Агар бихоҳем чашмонашонро маҳв мекунем. Пас шитобон оҳанги роҳ кунанд. Аммо куҷоро тавонанд дид?
ﯗﯘﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡ
36:67 Ва агар бихоҳем,, онҳоро бар ҷояшон масх (тағйир) кунем, ки на тавони он дошта бошанд, ки ба пеш қадам бардоранд ва на бозпас гарданд.
ﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪ
36:68 Ҳар киро умри дароз диҳем, дар офариниш дигаргунаш кунем. Чаро ақл намекунанд?
ﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳﯴﯵﯶﯷﯸ
36:69 Ба ӯ шеър наёмӯхтаем ва шеър лоиқи ӯ нест. Он чӣ ба ӯ омухтаем, панду Қуръоне равшангар аст,
ﯹﯺﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁ
36:70 то мӯъминонро бим диҳад ва сухани ҳақ бар азоби кофирон воҷиб шавад.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚﭛﭜﭝ
36:71 Оё надидаанд, ки ба яди (дасти) қудрати худ бар онҳо чорпоёнро офаридем ва акнун моликашон ҳастанд?
ﭞﭟﭠﭡﭢﭣﭤ
36:72 Ва онҳоро ромашон кардем. Бар баъзе савор мешаванд ва аз гӯшти баъзе мехӯранд.
ﭥﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬ
36:73 Ва онҳоро дар онҷо фоидаҳост ва ошомиданиҳо. Чаро шукр намегӯянд?
ﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴ
36:74 Ва ба ҷои Оллоҳ худоёне ихтиёр карданд, ба он умед, ки ёрияшон кунанд.
ﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼ
36:75 Онҳоро қудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале инҳо (кофирон) монанди лашкаре ба хидмати онҳо омодаанд.
ﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇ
36:76 Суханашон туро андӯҳгин насозад. Мо ҳар чиро пинҳон медоранд, ё ошкор месозанд, медонем.
ﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓ
36:77 Оё одами, ки акнун хасме ошкор аст, намедонад, ки ӯро аз нутфае офаридаем?
ﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠ
36:78 Дар ҳоле, ки офариниши худро аз ёд бурдааст, барои мо мисол меорад, ки чӣ касе ин устухонҳои пусидаро зинда мекунад?
ﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧﮨﮩﮪﮫﮬ
36:79 Бигӯ: «Касе онҳоро зинда мекунад, ки аввалин бор офаридааст ва Ӯ ба ҳар офаринише доност.
ﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗﯘﯙ
36:80 Он Худое, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед».
ﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩ
36:81 Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад монандашонро биёфаринад? Оре, метавонад, ки Ӯ офаринандае доност!
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳﯴ
36:82 Чун бихоҳад чизеро биёфаринад, фармонаш ин аст, ки мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас мавҷуд мешавад.
ﯵﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼﯽ
36:83 Пок аст он Худое, ки малакути (қудрати) ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед!

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers