Сураи Аль-Иншикак pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)
Сураи Аль-Иншикак pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Иншикак Тарҷума. Сураи Аль-Иншикак (Meccan) 25 Оят.
Related
- Сураи Аль-Иншикак ТарҷумаТоҷикӣ
- Сураи Аль-Иншикак mp3Гӯш кун
- Quran Index Тоҷикӣ114
More Сураи PDF
Сураи Аль-Иншикак

ﭣﭤﭥﭦ
84:1
Чун осмон шикофта шавад
ﭧﭨﭩﭪ
84:2
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
ﭫﭬﭭﭮ
84:3
ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад
ﭯﭰﭱﭲﭳ
84:4
ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад
ﭴﭵﭶﭷ
84:5
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.
ﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀ
84:6
Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид.
ﮁﮂﮃﮄﮅﮆ
84:7
Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд,
ﮇﮈﮉﮊﮋ
84:8
ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд
ﮌﮍﮎﮏﮐ
84:9
ва шодмон назди касонаш бозгардад.
ﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗ
84:10
Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад,
ﮘﮙﮚﮛ
84:11
ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».
ﮜﮝﮞ
84:12
Ва ба оташи афрӯхта дарояд.
ﮟﮠﮡﮢﮣﮤ
84:13
Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд.
ﮥﮦﮧﮨﮩﮪ
84:14
Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт.
ﮫﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓ
84:15
Оре, Парвардигораш ӯро медидааст.
ﯔﯕﯖﯗ
84:16
Пас ба шафақ савганд мехӯрам
ﯘﯙﯚﯛ
84:17
ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад
ﯜﯝﯞﯟ
84:18
ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад,
ﯠﯡﯢﯣﯤ
84:19
ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.
ﯥﯦﯧﯨﯩ
84:20
Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд?
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱ
84:21
Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда).
ﯲﯳﯴﯵﯶ
84:22
Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд).
ﯷﯸﯹﯺﯻ
84:23
Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст.
ﯼﯽﯾﯿ
84:24
Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚ
84:25
ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест.
Қуръони Карим
Wednesday, September 9, 2026
Don't forget us in your sincere prayers







