PDF —
52 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аль-Хакка pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аль-Хакка pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Хакка Тарҷума. Сураи Аль-Хакка (Meccan) 52 Оят.



52 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﮯﮰ
69:1 Он рӯзи барҳақ!
ﮱﯓﯔ
69:2 Чист он рӯзи барҳақ?
ﯕﯖﯗﯘﯙ
69:3 Ва чӣ донӣ, ки он рӯзи барҳақ чист?
ﯚﯛﯜﯝﯞ
69:4 Қавми Самуду Од рӯзи қиёматро дурӯғ бароварданд.
ﯟﯠﯡﯢﯣ
69:5 Аммо қавми Самуд ба он бонги сахт ҳалок шуданд.
ﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪ
69:6 Ва аммо қавми Од бо вазиши боли сар-сяр (сахт) ба ҳалокат расиданд.
ﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳﯴﯵﯶﯷﯸﯹﯺﯻ
69:7 Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод. Он қавмро чун танаҳои пӯсидаи хурмо медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд,.
ﯼﯽﯾﯿﰀﰁ
69:8 Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад?
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗ
69:9 Ва Фиръявну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд ва низ мардуми Мӯътафиқа гунаҳкор омаданд,
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞ
69:10 Фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд ва Худо низ ононро ба сахтӣ фуру гирифт,
ﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥﭦ
69:11 Чун об туғён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем,
ﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭ
69:12 то онро мояи пандатон гардонем ва гӯшнигаҳдорандаи панд онро фаро гирад.
ﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴ
69:13 Чун як бор дар сур дамида шавая
ﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻ
69:14 ва замину кӯҳҳоро баргиранд ва якбора дар ҳам кӯбанд,
ﭼﭽﭾﭿ
69:15 он рӯз он ҳодиса ба вуқӯъ пайваста бошад
ﮀﮁﮂﮃﮄﮅ
69:16 ва осмон, ки дар он рӯз суст шудааст, бишикофад.
ﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐ
69:17 Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.
ﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗ
69:18 Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизи шумо ниҳон намонад.
ﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠﮡ
69:19 Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Ном'аи маро бигиреду бихонед.
ﮢﮣﮤﮥﮦﮧ
69:20 Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид».
ﮨﮩﮪﮫﮬ
69:21 Пас ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд
ﮭﮮﮯﮰ
69:22 дар биҳиште олӣ,
ﮱﯓﯔ
69:23 ки меваҳояш наздикшаванда бошад.
ﯕﯖﯗﯘﯙﯚﯛﯜﯝ
69:24 Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти амалҳоест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардаед!»
ﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨ
69:25 Аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош,, номаи маро ба дасти ман намедоданд
ﯩﯪﯫﯬﯭ
69:26 ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист!
ﯮﯯﯰﯱ
69:27 Эй кош, ҳамон марг мебуду бас!
ﯲﯳﯴﯵﯶﯷ
69:28 Дороии ман маро фоида набахшид,
ﯸﯹﯺﯻ
69:29 қудрати ман аз дасти ман бирафт!»
ﯼﯽﯾ
69:30 «Бигиредаш, занҷираш кунед!
ﯿﰀﰁﰂ
69:31 Ва ба ҷаҳаннамаш дараред!
ﰃﰄﰅﰆﰇﰈﰉﰊ
69:32 Ва ӯро бо занҷире ба дарозии ҳафтод зироъ (аз оринҷ то ангушт) бикашед!
ﰋﰌﰍﰎﰏﰐﰑ
69:33 Зеро ба Худои бузург имон надошт
ﰒﰓﰔﰕﰖﰗ
69:34 ва ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.
ﰘﰙﰚﰛﰜﰝ
69:35 Дар он рӯз дар он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
69:36 Таъомаш чизе ғайри чирку хуни аҳли дӯзах нест,
ﭗﭘﭙﭚﭛ
69:37 Танҳо хатокорон аз он таъом мехӯранд,
ﭜﭝﭞﭟﭠ
69:38 Пас савганд ба он чи мебинед
ﭡﭢﭣﭤ
69:39 ва он чӣ намебинед,
ﭥﭦﭧﭨﭩ
69:40 ки ин сухани фиристодае бузургвор аст,
ﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲ
69:41 на сухани шоире. Чӣ андак имон меоварад!
ﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺ
69:42 Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!
ﭻﭼﭽﭾﭿ
69:43 Аз ҷониби Парвардигри ҷаҳониён нозил шуда аст.
ﮀﮁﮂﮃﮄﮅ
69:44 Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо мебаст, («аз ҷониби худост» — мегуфт).
ﮆﮇﮈﮉ
69:45 бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,
ﮊﮋﮌﮍﮎ
69:46 сипас раги дилашро пора, мекардем
ﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕ
69:47 ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки монеъ шавад.
ﮖﮗﮘﮙ
69:48 Ва Қуръон барои парҳезгорон пандест.
ﮚﮛﮜﮝﮞﮟ
69:49 Мо медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки такзиб мекунанд, (дурӯғ мешумуранд).
ﮠﮡﮢﮣﮤ
69:50 Ва Қуръон кофиронро мояи пушаймонӣ аст.
ﮥﮦﮧﮨ
69:51 Ва он сухани ҳақ ва яқин аст.
ﮩﮪﮫﮬﮭ
69:52 Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ (бигӯй.

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers