Сураи Аль-Аля pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)
Сураи Аль-Аля pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Аля Тарҷума. Сураи Аль-Аля (Meccan) 19 Оят.
Related
- Сураи Аль-Аля ТарҷумаТоҷикӣ
- Сураи Аль-Аля mp3Гӯш кун
- Quran Index Тоҷикӣ114
More Сураи PDF
Сураи Аль-Аля

ﮟﮠﮡﮢﮣ
87:1
Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун,
ﮤﮥﮦﮧ
87:2
он ки офарид ва дурустандом кард,
ﮨﮩﮪﮫ
87:3
Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд.
ﮬﮭﮮﮯ
87:4
Ва он ки чарогоҳҳоро рӯёнид,
ﮰﮱﯓﯔ
87:5
сипас хушку сиёҳ гардонид.
ﯕﯖﯗﯘ
87:6
Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ.
ﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣ
87:7
ғайри он чи Худо бихоҳад. Ӯст, ки ошкорову ниҳонро медонад.
ﯤﯥﯦ
87:8
Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем.
ﯧﯨﯩﯪﯫ
87:9
Агар панд, доданат суд кунад, панд деҳ.
ﯬﯭﯮﯯ
87:10
Он ки метарсад, панд мегирад.
ﭑﭒﭓ
87:11
Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад,
ﭔﭕﭖﭗﭘ
87:12
он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад
ﭙﭚﭛﭜﭝﭞﭟ
87:13
ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад.
ﭠﭡﭢﭣﭤ
87:14
Албатта покон наҷот ёфтанд,
ﭥﭦﭧﭨﭩ
87:15
онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд.
ﭪﭫﭬﭭﭮ
87:16
Оре, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед,
ﭯﭰﭱﭲ
87:17
ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.
ﭳﭴﭵﭶﭷﭸ
87:18
Ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст,
ﭹﭺﭻﭼ
87:19
саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо!
Қуръони Карим
Wednesday, September 9, 2026
Don't forget us in your sincere prayers







