PDF —
26 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аль-Гашия pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аль-Гашия pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Гашия Тарҷума. Сураи Аль-Гашия (Meccan) 26 Оят.

← Аль-АляСураи Аль-Гашия Аль-Фаджр →


26 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﭽﭾﭿﮀﮁ
88:1 Оё достони ғошия ба ту расидааст?
ﮂﮃﮄﮅ
88:2 Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст,
ﮆﮇﮈ
88:3 талошкардаву ранҷдида
ﮉﮊﮋﮌ
88:4 дар оташи сӯзон дарафтанд,
ﮍﮎﮏﮐﮑ
88:5 аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд,
ﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘ
88:6 таъоме ғайри хор надоранд,
ﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟ
88:7 ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ.
ﮠﮡﮢﮣ
88:8 Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд,
ﮤﮥﮦ
88:9 аз кори худ хушнуд,
ﮧﮨﮩﮪ
88:10 дар биҳиште олимақом,
ﮫﮬﮭﮮﮯ
88:11 ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ
ﮰﮱﯓﯔ
88:12 ва дар он чашмасорҳо равон бошад
ﯕﯖﯗﯘ
88:13 ва тахтҳое баланд зада
ﯙﯚﯛ
88:14 ва кӯзаҳое ниҳода
ﯜﯝﯞ
88:15 ва болишҳое дар канори ҳам чида
ﯟﯠﯡ
88:16 ва фаршҳое паҳн карда.
ﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨ
88:17 Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шуда?
ﯩﯪﯫﯬﯭ
88:18 Ва ба осмон, ки чӣ гуна бардошташуда?
ﯮﯯﯰﯱﯲ
88:19 Ва ба кӯҳҳо, ки чӣ гуна баланд кашидашуда?
ﯳﯴﯵﯶﯷ
88:20 Ва ба замин, ки чӣ сон густурда шуда?
ﯸﯹﯺﯻﯼ
88:21 Пас панд деҳ ки ту панддиҳандае ҳастӣ.
ﯽﯾﯿﰀ
88:22 Ту бар онон фармонраво нестӣ.
ﭑﭒﭓﭔﭕ
88:23 Магар он кас кӣ рӯйгардон шуд ва кофир шуд.
ﭖﭗﭘﭙﭚ
88:24 Пас Худояш ба азоби бузургтар азоб мекунад.
ﭛﭜﭝﭞ
88:25 Албатта бозгашташон ба сӯи Мост.
ﭟﭠﭡﭢﭣ
88:26 Сипас ҳисобашон бо Мост.

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers