وَالْمُرْسَلَاتِ عُرْفًا(1) Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд |
فَالْعَاصِفَاتِ عَصْفًا(2) ва савганд ба бодҳои сахти вазанда |
وَالنَّاشِرَاتِ نَشْرًا(3) ва савганд ба бодҳои бороновар |
فَالْفَارِقَاتِ فَرْقًا(4) ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд |
فَالْمُلْقِيَاتِ ذِكْرًا(5) ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд, |
عُذْرًا أَوْ نُذْرًا(6) дафъ кардани узрро ё бим карданро, |
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَاقِعٌ(7) ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд! |
فَإِذَا النُّجُومُ طُمِسَتْ(8) Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд |
وَإِذَا السَّمَاءُ فُرِجَتْ(9) ва он гоҳ ки осмон бишикофад, |
وَإِذَا الْجِبَالُ نُسِفَتْ(10) ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд |
وَإِذَا الرُّسُلُ أُقِّتَتْ(11) ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад. |
لِأَيِّ يَوْمٍ أُجِّلَتْ(12) Барои чӣ рӯзе муъайян шавад? |
لِيَوْمِ الْفَصْلِ(13) Барои рӯзи фасл. |
وَمَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الْفَصْلِ(14) Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист? |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(15) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)! |
أَلَمْ نُهْلِكِ الْأَوَّلِينَ(16) Оё аввалиёнро ҳалок накардаем |
ثُمَّ نُتْبِعُهُمُ الْآخِرِينَ(17) ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем? |
كَذَٰلِكَ نَفْعَلُ بِالْمُجْرِمِينَ(18) Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем. |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(19) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! |
أَلَمْ نَخْلُقكُّم مِّن مَّاءٍ مَّهِينٍ(20) Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем? |
فَجَعَلْنَاهُ فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ(21) Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем, |
إِلَىٰ قَدَرٍ مَّعْلُومٍ(22) то замоне муъайян? |
فَقَدَرْنَا فَنِعْمَ الْقَادِرُونَ(23) Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем! |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(24) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! |
أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ كِفَاتًا(25) Оё заминро ҷойгоҳе насохтем |
أَحْيَاءً وَأَمْوَاتًا(26) барои зиндагону мурдагон? |
وَجَعَلْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ شَامِخَاتٍ وَأَسْقَيْنَاكُم مَّاءً فُرَاتًا(27) Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем. |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(28) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! |
انطَلِقُوا إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِ تُكَذِّبُونَ(29) Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед. |
انطَلِقُوا إِلَىٰ ظِلٍّ ذِي ثَلَاثِ شُعَبٍ(30) Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед, |
لَّا ظَلِيلٍ وَلَا يُغْنِي مِنَ اللَّهَبِ(31) ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад, |
إِنَّهَا تَرْمِي بِشَرَرٍ كَالْقَصْرِ(32) Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим, |
كَأَنَّهُ جِمَالَتٌ صُفْرٌ(33) гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд. |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(34) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! |
هَٰذَا يَوْمُ لَا يَنطِقُونَ(35) Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд. |
وَلَا يُؤْذَنُ لَهُمْ فَيَعْتَذِرُونَ(36) Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд. |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(37) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! |
هَٰذَا يَوْمُ الْفَصْلِ ۖ جَمَعْنَاكُمْ وَالْأَوَّلِينَ(38) Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем. |
فَإِن كَانَ لَكُمْ كَيْدٌ فَكِيدُونِ(39) Пас агар ҳилае доред, ба кор баред. |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(40) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! |
إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي ظِلَالٍ وَعُيُونٍ(41) Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд, |
وَفَوَاكِهَ مِمَّا يَشْتَهُونَ(42) бо ҳар мевае, ки орзу кунанд, |
كُلُوا وَاشْرَبُوا هَنِيئًا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ(43) Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод, |
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ(44) Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем! |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(45) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! |
كُلُوا وَتَمَتَّعُوا قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجْرِمُونَ(46) Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед, |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(47) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! |
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ارْكَعُوا لَا يَرْكَعُونَ(48) Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд). |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(49) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон! |
فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَهُ يُؤْمِنُونَ(50) Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд? |