Attalaaqu marrataani fa imsaakum bima`roofin aw tasreehum bi ihsaan; wa laa yahillu lakum an taakhuzoo mimmaaa aataitumoohunna shai`an illaaa ai yakhaafaaa alla yuqeemaa hudoodallahi fa in khiftum allaa yuqeemaa budoodal laahi falaa junaaha `Alaihimaa feemaf tadat bihee tilka hudoodul laahi falaa ta`tadoohaa; wa mai yata`adda hudoodal laahi fa ulaaa`ika humuzzaa limoon
📖 Тарҷума (Ба Тоҷикӣ)
📖 Ба Тоҷикӣ
Ин талоқ ду бор аст ва аз он пас ё ба некӯ тарзе нигаҳ доштани ӯст ё ба некӯ тарзе раҳо сохтанаш. Ва ҳалол нест, ки аз он чӣ ба занон додаед, чизе бозситонед, магар он ки бидонанд, ки ҳудуди Худоро риоят намекунанд. Аммо ҳар гоҳ донистед, ки он ду ҳудуди Худоро риоят намекунанд, агар зан худро аз шӯй бозхарад, гуноҳе бар он ду нест. Инҳо ҳудуди Худо аст. Аз он таҷовуз макунед, ки ситамкорон аз ҳудуди Худо таҷовуз мекунанд.
🌐 Additional reference in Русский
🌐 Русский
Развод возможен в две ступени, После чего вы продолжайте вместе жить благопристойно Иль отпустите от себя с благодеяньем. Вам недозволено брать из того, Чем вы ее (во время брака) одарили, Разве что оба вы таите опасенья, Что не сумеете блюсти пределы, Которые для вас Аллах установил. И если вы, (кто призван рассудить их), Боитесь тоже, что они не соблюдут Пределов, установленных Аллахом, Не будет в том греха, Если жена даст выкуп за свою свободу. Вот таковы пределы, которые Аллах установил. А если кто преступит эти грани, Пребудет (пред Аллахом) нечестивым.
Талоқе, ки баъд аз он мард ҳаққи баргардонидани занро дорад, ду бор аст. Яъне мард метавонад занро як бор талоқ диҳад, баъд баргардонад, боз талоқ диҳад ва боз баргардонад. Баъд аз ин ду талоқ, ё бояд занро бо некӯӣ ва риояи ҳуқуқи ӯ дар никоҳи худ нигоҳ дорад, ё бо хушрафторӣ ва адои ҳуқуқаш озод кунад ва бадномӣ накунад.
Ба шумо — эй шавҳарон — ҳалол нест, ки аз он чи ба занон додаед (масалан, маҳр), чизе бигиред, магар он ки зану шавҳар битарсанд, ки ҳудудҳои Худоро риоя карда наметавонанд. Агар онҳо аз норизоии зан аз ахлоқ ё симои шавҳар битарсанд, ки ҳуқуқи ҳамдигарро адо карда наметавонанд, пас ин масъаларо ба хешовандон ё одамони боэътимод пешниҳод кунанд. Агар онҳо низ битарсанд, ки зану шавҳар ҳудудҳои Худоро риоя намекунанд, пас гуноҳе бар онҳо нест, ки зан барои ҷудо шудан молеро ба шавҳар бидиҳад (хилъ кунад).
Ин аҳком ҳудудҳои Худо ҳастанд, ки ҳалолро аз ҳаром ҷудо мекунанд. Пас аз онҳо таҷовуз накунед. Ҳар кас аз ҳудудҳои Худо таҷовуз кунад, пас онҳо ҳамон ситамгарон ба худи худ ҳастанд, ки худро ба ғазаби Худо ва азоб гирифтор мекунанд.
Фоидаҳои оят:
Ислом дар масъалаи талоқ роҳи миёна ва одилонаро нишон медиҳад, то зану шавҳар аз зиён ва ситам эмин бошанд.
Нигоҳ доштани зан бояд бо некӯӣ ва риояи ҳуқуқ бошад, на бо зӯроварӣ ва озор.
Озод кардани зан низ бояд бо хушрафторӣ ва адои ҳуқуқ сурат гирад, на бо бадномӣ ва таҳқир.
Гирифтани мол аз зан бе сабаби шаръӣ ҳаром аст; ин адолат ва эҳтироми ҳуқуқи занро нишон медиҳад.
Дар сурати ихтилофи шадид ва натавонистани риояи ҳудудҳои Худо, роҳи хилъ (ҷудо шудан бо розигии тарафайн ва додани мол аз ҷониби зан) ҷоиз аст, ки ин осонӣ ва мусолиҳа дар ислом аст.
Ҳудудҳои Худо бояд эҳтиром шаванд ва ҳар кас аз онҳо таҷовуз кунад, ба худи худ зулм мекунад.
Ин оят нишон медиҳад, ки ислом дини адолат, раҳмат ва ҳифзи ҳуқуқи ҳама аст ва барои ҳалли мушкилоти оилавӣ роҳҳои оқилона пешниҳод мекунад.
Ин талоқ ду бор аст ва аз он пас ё ба некӯ тарзе нигаҳ доштани ӯст ё ба некӯ тарзе раҳо сохтанаш. Ва ҳалол нест, ки аз он чӣ ба занон додаед, чизе бозситонед, магар он ки бидонанд, ки ҳудуди Худоро риоят намекунанд. Аммо ҳар гоҳ донистед, ки он ду ҳудуди Худоро риоят намекунанд, агар зан худро аз шӯй бозхарад, гуноҳе бар он ду нест. Инҳо ҳудуди Худо аст. Аз он таҷовуз макунед, ки ситамкорон аз ҳудуди Худо таҷовуз мекунанд.
Бояд, ки занони талоқшуда то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд. Ва дар айёми агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, ҳамонанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!
Ин талоқ ду бор аст ва аз он пас ё ба некӯ тарзе нигаҳ доштани ӯст ё ба некӯ тарзе раҳо сохтанаш. Ва ҳалол нест, ки аз он чӣ ба занон додаед, чизе бозситонед, магар он ки бидонанд, ки ҳудуди Худоро риоят намекунанд. Аммо ҳар гоҳ донистед, ки он ду ҳудуди Худоро риоят намекунанд, агар зан худро аз шӯй бозхарад, гуноҳе бар он ду нест. Инҳо ҳудуди Худо аст. Аз он таҷовуз макунед, ки ситамкорон аз ҳудуди Худо таҷовуз мекунанд.
Пас агар боз занро талоқ, дод, дигар бар ӯ ҳалол нест, то он ки ба никоҳи марде дигар дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад), ва ҳар гоҳ он мард занро талоқ диҳад, агар медонанд, ки ҳудуди Худоро риоят мекунанд руҷӯъашонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Худост, ки барои мардуме доно баён мекунад.
SurahQuran.com was founded as a humble effort to serve the Noble Book and the pure Sunnah, to invite people to Allah, and to make the religious sciences accessible according to the methodology of the Quran and Sunnah. We praise and thank Allah for His grace, and we ask Him to accept our work and make it sincere for His noble Face.