وَيْلٌ لِّلْمُطَفِّفِينَ(1) Вой бар камфурӯшон, |
الَّذِينَ إِذَا اكْتَالُوا عَلَى النَّاسِ يَسْتَوْفُونَ(2) онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро пур мекунанд |
وَإِذَا كَالُوهُمْ أَو وَّزَنُوهُمْ يُخْسِرُونَ(3) ва чун барои мардум мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд. |
أَلَا يَظُنُّ أُولَٰئِكَ أَنَّهُم مَّبْعُوثُونَ(4) Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд |
لِيَوْمٍ عَظِيمٍ(5) дар он рӯзи бузург? |
يَوْمَ يَقُومُ النَّاسُ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ(6) Рӯзе, ки мардум ба пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд. |
كَلَّا إِنَّ كِتَابَ الْفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٍ(7) Ҳаққо, ки албатта аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст. |
وَمَا أَدْرَاكَ مَا سِجِّينٌ(8) Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист? |
كِتَابٌ مَّرْقُومٌ(9) Китобест навишта! |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ(10) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон), |
الَّذِينَ يُكَذِّبُونَ بِيَوْمِ الدِّينِ(11) онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд! |
وَمَا يُكَذِّبُ بِهِ إِلَّا كُلُّ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ(12) Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гуноҳкор дурӯғ меҳисобад. |
إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ(13) Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!» |
كَلَّا ۖ بَلْ ۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِم مَّا كَانُوا يَكْسِبُونَ(14) Ҳаққо, ки корҳое, ки карда буданд, бар дилҳошон (ғолиб шуда) занг бастааст. |
كَلَّا إِنَّهُمْ عَن رَّبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَّمَحْجُوبُونَ(15) Ҳаққо, ки дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд. |
ثُمَّ إِنَّهُمْ لَصَالُو الْجَحِيمِ(16) Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд. |
ثُمَّ يُقَالُ هَٰذَا الَّذِي كُنتُم بِهِ تُكَذِّبُونَ(17) Ва онҳоро гӯянд: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!» |
كَلَّا إِنَّ كِتَابَ الْأَبْرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ(18) Ҳаққо, ки амалҳои некон дар иллийин мактуб аст. |
وَمَا أَدْرَاكَ مَا عِلِّيُّونَ(19) Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист? |
كِتَابٌ مَّرْقُومٌ(20) Китобест навишта! |
يَشْهَدُهُ الْمُقَرَّبُونَ(21) Ки муқаррабони (наздикшудагони) Худо дар он менигаранд. |
إِنَّ الْأَبْرَارَ لَفِي نَعِيمٍ(22) Албатта некон дар неъматанд, |
عَلَى الْأَرَائِكِ يَنظُرُونَ(23) бар тахтҳо нишаста ва назора мекунанд. |
تَعْرِفُ فِي وُجُوهِهِمْ نَضْرَةَ النَّعِيمِ(24) Бар чеҳраҳошон таровати неъматро бишиносӣ. |
يُسْقَوْنَ مِن رَّحِيقٍ مَّخْتُومٍ(25) Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд. |
خِتَامُهُ مِسْكٌ ۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلْيَتَنَافَسِ الْمُتَنَافِسُونَ(26) Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд, |
وَمِزَاجُهُ مِن تَسْنِيمٍ(27) Омезаи он тасним аст, (яъне ботасним омехта) |
عَيْنًا يَشْرَبُ بِهَا الْمُقَرَّبُونَ(28) чашмаест, ки муқаррабони (наздикони даргоҳи) Худо аз он меошоманд. |
إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُوا كَانُوا مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا يَضْحَكُونَ(29) Гуноҳкорон ба мӯъминон механдиданд |
وَإِذَا مَرُّوا بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ(30) Ва чун бар онҳо мегузаштанд, ба чашму абрӯ ишора мекарданд (бо нияти масхара) |
وَإِذَا انقَلَبُوا إِلَىٰ أَهْلِهِمُ انقَلَبُوا فَكِهِينَ(31) ва чун назди касонашон бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд. |
وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُوا إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَضَالُّونَ(32) Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд. |
وَمَا أُرْسِلُوا عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ(33) Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати амалҳои мӯъминон нафиристода буданд. |
فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُوا مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ(34) Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд, |
عَلَى الْأَرَائِكِ يَنظُرُونَ(35) бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд. |
هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ(36) Оё кофирон баробари амалҳояшон ҷазо ёфтаанд? |