PDF —
55 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аль-Камар pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аль-Камар pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Камар Тарҷума. Сураи Аль-Камар (Meccan) 55 Оят.

← Ан-НаджмСураи Аль-Камар Ар-Рахман →


55 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﮬﮭﮮﮯﮰ
54:1 Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора гардид.
ﮱﯓﯔﯕﯖﯗﯘﯙ
54:2 Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардоданд ва гӯянд: «"Ҷодуе бузург аст!»
ﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡ
54:3 Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд. Ва ҳар коре дар вақти худ қарор гирифтааст.
ﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩ
54:4 Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки дар онҳо пандаст.
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯﯰ
54:5 Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд.
ﯱﯲﯳﯴﯵﯶﯷﯸﯹﯺ
54:6 Пас дар он рӯз, ки оя даъваткунандга ононро ба чизе нохуш даъват кунад, аз онҳо рӯйгардон шав.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙ
54:7 Нишони зиллат (хори) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд.
ﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢﭣ
54:8 Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда мешитобад. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи душворест!»
ﭤﭥﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮ
54:9 Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд. Бандаи Моро такзиб карданду гуфтанд: «Девона аст! «Ва ба дашномаш ронданд.
ﭯﭰﭱﭲﭳﭴ
54:10 Ва Парвардигорашро дуъо кард: «Ман мағлуб шудаам, интиқом бигир!»
ﭵﭶﭷﭸﭹﭺ
54:11 Ва мо низ дарҳои осмонро ба рӯи обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем.
ﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄ
54:12 Ва аз замин чашмаҳо шикофтем то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад.
ﮅﮆﮇﮈﮉﮊ
54:13 Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем.
ﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑ
54:14 Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки бовар надошт.
ﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘ
54:15 Ва албатта он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст?
ﮙﮚﮛﮜﮝ
54:16 Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
ﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥ
54:17 Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
ﮦﮧﮨﮩﮪﮫﮬ
54:18 Қавми Од такзиб карданд. Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
ﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗ
54:19 Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем,
ﯘﯙﯚﯛﯜﯝﯞ
54:20 ки мардумонро аз замин ҳамонанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл бармеканд.
ﯟﯠﯡﯢﯣ
54:21 Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
ﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪﯫ
54:22 Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
ﯬﯭﯮﯯ
54:23 Қавми Самуд бимдиҳандагонро такзиб карданд.
ﯰﯱﯲﯳﯴﯵﯶﯷﯸﯹﯺ
54:24 Гуфтанд: «агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, гумроҳу девона бошем!
ﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁﰂﰃﰄ
54:25 Оё аз миёни ҳамаи, мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? На, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст».
ﰅﰆﰇﰈﰉﰊ
54:26 Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худхоҳ кист!
ﰋﰌﰍﰎﰏﰐﰑﰒ
54:27 Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас мунтазирашон бош ва сабр кун!
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚ
54:28 Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об меравад.
ﭛﭜﭝﭞﭟ
54:29 Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт.
ﭠﭡﭢﭣﭤ
54:30 Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
ﭥﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭ
54:31 Мо бар онҳо як овози даҳшатнок фиристодем. Пас ҳамонанди он алафҳои хушки огили гӯсфанд шуданд.
ﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴﭵ
54:32 Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
ﭶﭷﭸﭹﭺ
54:33 Қавми Лут бимдиҳандагонро такзиб карданд.
ﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅ
54:34 Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем.
ﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎ
54:35 Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин музд диҳем.
ﮏﮐﮑﮒﮓﮔ
54:36 Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон, вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол (хусумат) бархостанд.
ﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞ
54:37 Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кур гардонидем. Пас бичашед азобу бим доданҳои Маро!
ﮟﮠﮡﮢﮣﮤ
54:38 Албатта бомдодон азобе пойдор ба сарвақташон омад.
ﮥﮦﮧﮨ
54:39 Пас азоби Ман ва бим доданҳои Маро бичашед!
ﮩﮪﮫﮬﮭﮮﮯﮰ
54:40 Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
ﮱﯓﯔﯕﯖﯗ
54:41 Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд.
ﯘﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟ
54:42 Ҳамаи оёти Моро такзиб карданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани ғолибе пурқудрат.
ﯠﯡﯢﯣﯤﯦﯧﯨﯩﯪ
54:43 Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед?
ﯫﯬﯭﯮﯯﯰ
54:44 Ё мегӯянд, ки мо ҳамаги ба интиқом бармехезем?
ﯱﯲﯳﯴﯵ
54:45 Ба зудӣ он ҷамъ мунҳазим шавад (шикаст хӯрад) ва пушт карда бозгарданд.
ﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼ
54:46 Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва қиёмат сахттару талхтар аст.
ﯽﯾﯿﰀﰁﰂ
54:47 Гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷаҳолатанд.
ﰃﰄﰅﰆﰇﰈﰉﰊﰋﰌ
54:48 Рӯзе, ки онҳоро ба рӯяшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)!
ﰍﰎﰏﰐﰑﰒ
54:49 Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем!
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗ
54:50 Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест.
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞ
54:51 Касонеро, ки монанди шумо буданд, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст?
ﭟﭠﭡﭢﭣﭤ
54:52 Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост.
ﭥﭦﭧﭨﭩ
54:53 Ҳар кори бузургу хурде навишта шудааст.
ﭪﭫﭬﭭﭮﭯ
54:54 Парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборонанд,
ﭰﭱﭲﭳﭴﭵﭶ
54:55 дар ҷойгоҳе писандида назди фармонравои тавоно!

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers