Wa mal lam yastati` minkum tawlan ai yankihal muhsanaatil mu`minaati famimmaa malakat aimaanukum min fatayaatikumul mu`minaat; wallaahu a`lamu bi eemaanikum; ba`dukum mim ba`d; fankihoohunna bi izni ahlihinna wa aatoohunna ujoorahunna bilma`roofi muhsanaatin ghaira musaa fihaatinw wa laa muttakhizaati akhdaan; fa izaaa uhsinna fa in ataina bifaahi shatin fa`alaihinnna nisfu maa `alal muhsanaati minal `azaab; zaalika liman khashiyal `anata minkum; wa an tasbiroo khairul lakum; wallaahu Ghafoorur Raheem
📖 Тарҷума (Ба Тоҷикӣ)
📖 Ба Тоҷикӣ
Ҳар касро, ки тавонгарӣ набошад, то озодзанони мӯъминаро ба никоҳи худ дароварад, аз канизони мӯъминае, ки молнки онҳо ҳастед, ба занӣ гиред. Ва Худо ба имони шумо огоҳтар аст. Ҳама аз ҷинси якдигаред. Пас бандагонро ба изни соҳи бонашон никоҳ кунед ва маҳрашонро ба тарзи шоистае бидиҳед. Ва бояд, ки покдоман бошанд на зинокор ва на аз онҳо, ки ба пинҳон дӯст мегиранд. Ва чун шавҳар карданд, ҳар гоҳ муртакиби фаҳшо шаванд, шиканҷаи онон нисфи шиканҷаи озодзанон аст. Ва ин барои касонест аз шумо, ки бим доранд, ки ба гуноҳ афтанд. Бо ин ҳама агар сабр кунед, бароятон беҳтар аст ва Худо омурзандаву меҳрубон аст.
🌐 Additional reference in Русский
🌐 Русский
А у кого из вас нет средств Взять верную и охраняемую в жены, Берите в жены тех из верных, Которыми владеют ваши правы руки. Аллах ведь знает вашу веру, Вы друг от друга все (сотворены). На них женитесь с позволенья их господ, По справедливости им дар назначив, - Им - целомудренным, непохотливым, Внебрачных связей не имевшим. Но если они мерзость совершат, Уже вступивши с вами в брак, Им (в наказание) - лишь половина из того, Что охраняемым назначено (за тот же грех). Сие (установление) - для тех из вас, Которых тягости (семейных уз) пугают, Но, несомненно, лучше будет вам, Коль будете вы сдержанны и терпеливы, - Аллах ведь всепрощающ, милосерд!
Ҳар касе аз шумо, ки қудрати молии издивоҷ бо занони озоди покдоманро надорад, метавонад бо канизони покдоман ва муъмини худ издивоҷ кунад. Худованд аз ҳақиқати имон ва ниятҳои шумо огоҳтар аст. Ҳамаи шумо аз як падару модар ҳастед ва дар инсонӣ ва дин баробаред, пас аз издивоҷ бо онҳо набояд худро болотар ҳис кунед. Онҳоро бо иҷозати соҳибонашон ба занӣ гиред ва маҳрашонро бо некӯӣ ва бе камӣ бидиҳед. Онҳо бояд покдоман бошанд, на зинокори ошкор ва на дӯстдори пинҳонӣ барои зино. Агар онҳо шавҳардор шуданд ва сипас зино карданд, ҷазои онҳо нисфи ҷазои занони озоди покдоман аст, яъне панҷоҳ зарба ва сангсорӣ нест. Ин иҷозати издивоҷ бо канизон барои касонест, ки аз зино метарсанд ва тобоварӣ надоранд. Аммо сабр кардан ва худро нигоҳ доштан барои шумо беҳтар аст. Худованд омурзанда ва меҳрубон аст.
Фоидаҳои оят:
Ислом барои ҳар кас шароити зиндагиро ба назар мегирад ва роҳҳои ҳалолро нишон медиҳад.
Покдоманӣ ва худдорӣ аз зино арзиши баланд дорад ва сабр дар ин роҳ беҳтарин аст.
Ҳамаи инсонҳо дар назди Худованд баробаранд ва бартарии аслӣ бо тақво ва имон аст.
Ислом ба ҳуқуқи занон, аз ҷумла додани маҳр ва риояи адолат, эътибори калон медиҳад.
Худованд меҳрубон аст ва барои бандагонаш роҳҳои осон ва ҳалолро пешбинӣ мекунад.
Модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародарон ва духтарони хоҳаронатон ва заноне, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони шириятон ва модарони занонатон бар шумо ҳаром шудаанд. Ва духтарони занонатон, ки дар канори шумо ҳастанд, ҳар гоҳ бо он занон ҳамбистар шудаед, бар шумо ҳаром шудаанд. Вале агар ҳамбистар нашудаед, гуноҳе муртакиб нашудаед. Ва низ занони писароне, ки аз пушти шумо ҳастанд, бар шумо ҳаром шудаанд. Ва набояд ду хоҳарро дар як замон ба занӣ гиред, ғайри он ки пеш аз ин чунин карда бошед. Албатта Худо омурзарда ва меҳрубон аст.
Ва низ занони шавҳардор бар шумо ҳаром шудаанд, магар онҳо, ки ба тасарруфи шумо даромада бошанд. Аз китоби Худо пайравӣ кунед. Ва ҷуз инҳо занони дигар ҳар гоҳ дар талаби онон аз моли хеш маҳре бипардозед ва онҳоро ба никоҳ дароваред на ба зино, бар шумо ҳалол шудаанд. Ва занонеро, ки аз онҳо лаззат мегиред, воҷиб аст, ки маҳрашонро бидиҳед. Ва пас аз маҳри муъайян дар қабули ҳар чӣ ҳар ду ба он ризо бидиҳед, гуноҳе нест. Ҳар оина Худо донову ҳаким аст!
SurahQuran.com was founded as a humble effort to serve the Noble Book and the pure Sunnah, to invite people to Allah, and to make the religious sciences accessible according to the methodology of the Quran and Sunnah. We praise and thank Allah for His grace, and we ask Him to accept our work and make it sincere for His noble Face.