PDF —
46 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Ан-Назиат pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Ан-Назиат pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Ан-Назиат Тарҷума. Сураи Ан-Назиат (Meccan) 46 Оят.

← Ан-НабаСураи Ан-Назиат Абаса →


46 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﮢﮣﮤ
79:1 Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд
ﮥﮦﮧ
79:2 ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд
ﮨﮩﮪ
79:3 ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд
ﮫﮬﮭ
79:4 ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои мӯъминон)
ﮮﮯﮰ
79:5 ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд,
ﮱﯓﯔﯕ
79:6 ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад
ﯖﯗﯘ
79:7 ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд,
ﯙﯚﯛﯜ
79:8 дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд
ﯝﯞﯟ
79:9 ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён!
ﯠﯡﯢﯣﯤﯥ
79:10 Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,
ﯦﯧﯨﯩﯪ
79:11 он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?»
ﯫﯬﯭﯮﯯﯰ
79:12 Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!
ﯱﯲﯳﯴﯵ
79:13 Фақат ин аст, ки танҳо як бонг бармеояд.
ﯶﯷﯸﯹ
79:14 ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт.
ﯺﯻﯼﯽﯾ
79:15 Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?
ﯿﰀﰁﰂﰃﰄﰅ
79:16 Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод:
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
79:17 «Ба сӯи Фиръавн бирав, ки аз ҳад гузаштааст.
ﭗﭘﭙﭚﭛﭜﭝ
79:18 Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ,
ﭞﭟﭠﭡﭢ
79:19 ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Ӯ)?»
ﭣﭤﭥﭦ
79:20 Пас он ояти бузургро ба ӯ нишон дод.
ﭧﭨﭩ
79:21 Ва ӯ дурӯғ бароварду нофармонӣ кард.
ﭪﭫﭬﭭ
79:22 Сипас пушт гардонду мешитофт.
ﭮﭯﭰ
79:23 Пас ҳамаро ҷамъ кард ва нидо дод.
ﭱﭲﭳﭴﭵ
79:24 ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам!»
ﭶﭷﭸﭹﭺﭻ
79:25 Худояш ба аозби охирату дунё гирифтор кард.
ﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂ
79:26 Дар ин ибратест барои, касе, ки метарсад!
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊ
79:27 Оё шумо ба офариниш сахттаред, ё ин осмоне, ки Ӯ бино кардааст?
ﮋﮌﮍﮎ
79:28 Сақфашро барафрошт ва дуруст кард,
ﮏﮐﮑﮒﮓ
79:29 шабашро торик кард ва рӯшноияшро ошкор сохт
ﮔﮕﮖﮗﮘ
79:30 ва пас аз он заминро бигустурд (паҳн кард)
ﮙﮚﮛﮜﮝ
79:31 ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард
ﮞﮟﮠ
79:32 ва кӯҳҳоро устувор гардонид
ﮡﮢﮣﮤ
79:33 барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон.
ﮥﮦﮧﮨﮩ
79:34 Чун он ҳодисаи бузург даррасад,
ﮪﮫﮬﮭﮮﮯ
79:35 рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро ба ёд оварад
ﮰﮱﯓﯔﯕ
79:36 ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад нишон диҳанд,
ﯖﯗﯘﯙ
79:37 Пас ҳар кй аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён)
ﯚﯛﯜﯝ
79:38 ва зиндагии инҷаҳонро ихтиёр карда бошад,
ﯞﯟﯠﯡﯢ
79:39 ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.
ﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪﯫﯬ
79:40 Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта бошад,
ﯭﯮﯯﯰﯱ
79:41 биҳишт ҷойгоҳи ӯст.
ﯲﯳﯴﯵﯶﯷ
79:42 Туро аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.
ﯸﯹﯺﯻﯼ
79:43 Аз ёд кардани (илми) он туро чӣ кор аст?
ﯽﯾﯿﰀ
79:44 Интиҳои илми он назди Парвардигори туст.
ﰁﰂﰃﰄﰅﰆ
79:45 Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ.
ﰇﰈﰉﰊﰋﰌﰍﰎﰏﰐ
79:46 Чун онро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд.

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers