PDF —
29 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Ат-Таквир pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Ат-Таквир pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Ат-Таквир Тарҷума. Сураи Ат-Таквир (Meccan) 29 Оят.

← АбасаСураи Ат-Таквир Аль-Инфитар →


29 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﭙﭚﭛﭜ
81:1 Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад
ﭝﭞﭟﭠ
81:2 ва чун ситорагон фурӯ резанд
ﭡﭢﭣﭤ
81:3 ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд
ﭥﭦﭧﭨ
81:4 ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ гузошта шаванд
ﭩﭪﭫﭬ
81:5 ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд,
ﭭﭮﭯﭰ
81:6 ва чун дарёҳо оташ гиранд
ﭱﭲﭳﭴ
81:7 ва чун рӯҳҳо бо танҳо якҷоя гардганд!
ﭵﭶﭷﭸ
81:8 ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки
ﭹﭺﭻﭼ
81:9 ба чӣ гуноҳе кушта шудааст
ﭽﭾﭿﮀ
81:10 ва чун саҳифаҳо боз шаванд,
ﮁﮂﮃﮄ
81:11 ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад'
ﮅﮆﮇﮈ
81:12 ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад
ﮉﮊﮋﮌ
81:13 ва чун биҳиштро пеш оваранд,
ﮍﮎﮏﮐﮑ
81:14 ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст.
ﮒﮓﮔﮕ
81:15 Савганд ба ситорагони бозгарданда,
ﮖﮗﮘ
81:16 сайркунандаи ғойбшаванда
ﮙﮚﮛﮜ
81:17 ва савганд ба шаб, чун торик шавад
ﮝﮞﮟﮠ
81:18 ва савганд ба субҳ чун бидамад,
ﮡﮢﮣﮤﮥ
81:19 ки ин сухани расуле бузургвор (Ҷибрил (а)) аст,
ﮦﮧﮨﮩﮪﮫﮬ
81:20 нерӯманд, дар назди Худованди арш соҳибобрӯ
ﮭﮮﮯﮰ
81:21 он ҷо (дар назди Худо) фармонравои боваринокаст
ﮱﯓﯔﯕ
81:22 Ва ҳамсӯҳбати шумо девона нест.
ﯖﯗﯘﯙﯚ
81:23 Албатта Ӯро (Ҷибрилро) дар уфуқи равшан дидааст
ﯛﯜﯝﯞﯟﯠ
81:24 Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад.
ﯡﯢﯣﯤﯥﯦ
81:25 Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест.
ﯧﯨﯩ
81:26 Пас ба куҷо меравед?
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯ
81:27 Ин китоб пандест барои ҷаҳониён,
ﯰﯱﯲﯳﯴﯵ
81:28 барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад.
ﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼﯽﯾ
81:29 Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад.

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers