PDF —
19 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аль-Инфитар pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аль-Инфитар pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Инфитар Тарҷума. Сураи Аль-Инфитар (Meccan) 19 Оят.



19 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﭑﭒﭓﭔ
82:1 Он гоҳ, ки осмон бишикофад
ﭕﭖﭗﭘ
82:2 ва он гоҳ ки ситоратон пароканда шаванд
ﭙﭚﭛﭜ
82:3 ва он гоҳ, ки дарёҳо ба ҳам бипайванданд
ﭝﭞﭟﭠ
82:4 ва он гоҳ, ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гардаид,
ﭡﭢﭣﭤﭥﭦ
82:5 ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст.
ﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭ
82:6 Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст).
ﭮﭯﭰﭱﭲ
82:7 Он кӣ туро биёфарид, ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадил қомат кард.
ﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹ
82:8 Ва ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод).
ﭺﭻﭼﭽﭾ
82:9 Не, не шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед.
ﭿﮀﮁﮂ
82:10 Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
ﮃﮄﮅ
82:11 котибоне бузургвор
ﮆﮇﮈﮉ
82:12 медонанд, ки шумо чӣ мекунед.
ﮊﮋﮌﮍﮎ
82:13 Албатта некӯкорон дар неъматанд
ﮏﮐﮑﮒﮓ
82:14 ва гуноҳкорон дар ҷаҳаннам!
ﮔﮕﮖﮗ
82:15 Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
ﮘﮙﮚﮛﮜ
82:16 ва аз он ғоиб нашаванд
ﮝﮞﮟﮠﮡﮢ
82:17 Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?
ﮣﮤﮥﮦﮧﮨﮩ
82:18 Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?
ﮪﮫﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕ
82:19 Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натаванад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад.

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers