PDF —
36 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аль-Мутаффифин pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аль-Мутаффифин pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Мутаффифин Тарҷума. Сураи Аль-Мутаффифин (Meccan) 36 Оят.

← Аль-ИнфитарСураи Аль-Мутаффифин Аль-Иншикак →


36 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﯖﯗﯘ
83:1 Вой бар камфурӯшон,
ﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟ
83:2 онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро пур мекунанд
ﯠﯡﯢﯣﯤﯥ
83:3 ва чун барои мардум мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд.
ﯦﯧﯨﯩﯪﯫ
83:4 Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд
ﭑﭒﭓ
83:5 дар он рӯзи бузург?
ﭔﭕﭖﭗﭘﭙ
83:6 Рӯзе, ки мардум ба пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.
ﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠ
83:7 Ҳаққо, ки албатта аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст.
ﭡﭢﭣﭤﭥ
83:8 Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист?
ﭦﭧﭨ
83:9 Китобест навишта!
ﭩﭪﭫﭬ
83:10 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон),
ﭭﭮﭯﭰﭱ
83:11 онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!
ﭲﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹ
83:12 Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гуноҳкор дурӯғ меҳисобад.
ﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁ
83:13 Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!»
ﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌ
83:14 Ҳаққо, ки корҳое, ки карда буданд, бар дилҳошон (ғолиб шуда) занг бастааст.
ﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓ
83:15 Ҳаққо, ки дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд.
ﮔﮕﮖﮗﮘ
83:16 Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд.
ﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠ
83:17 Ва онҳоро гӯянд: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
ﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧ
83:18 Ҳаққо, ки амалҳои некон дар иллийин мактуб аст.
ﮨﮩﮪﮫﮬ
83:19 Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист?
ﮭﮮﮯ
83:20 Китобест навишта!
ﮰﮱﯓ
83:21 Ки муқаррабони (наздикшудагони) Худо дар он менигаранд.
ﯔﯕﯖﯗﯘ
83:22 Албатта некон дар неъматанд,
ﯙﯚﯛﯜ
83:23 бар тахтҳо нишаста ва назора мекунанд.
ﯝﯞﯟﯠﯡﯢ
83:24 Бар чеҳраҳошон таровати неъматро бишиносӣ.
ﯣﯤﯥﯦﯧ
83:25 Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд.
ﯨﯩﯪﯫﯬﯭﯮﯯ
83:26 Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд,
ﯰﯱﯲﯳ
83:27 Омезаи он тасним аст, (яъне ботасним омехта)
ﯴﯵﯶﯷﯸ
83:28 чашмаест, ки муқаррабони (наздикони даргоҳи) Худо аз он меошоманд.
ﯹﯺﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁ
83:29 Гуноҳкорон ба мӯъминон механдиданд
ﰂﰃﰄﰅﰆ
83:30 Ва чун бар онҳо мегузаштанд, ба чашму абрӯ ишора мекарданд (бо нияти масхара)
ﰇﰈﰉﰊﰋﰌﰍ
83:31 ва чун назди касонашон бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд.
ﰎﰏﰐﰑﰒﰓﰔ
83:32 Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд.
ﰕﰖﰗﰘﰙ
83:33 Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати амалҳои мӯъминон нафиристода буданд.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗ
83:34 Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,
ﭘﭙﭚﭛ
83:35 бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд.
ﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢ
83:36 Оё кофирон баробари амалҳояшон ҷазо ёфтаанд?

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers