PDF —
40 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аль-Кияма pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аль-Кияма pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Кияма Тарҷума. Сураи Аль-Кияма (Meccan) 40 Оят.



40 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﮊﮋﮌﮍﮎ
75:1 Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат
ﮏﮐﮑﮒﮓ
75:2 ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар!
ﮔﮕﮖﮗﮘﮙ
75:3 Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард?
ﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠ
75:4 Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем.
ﮡﮢﮣﮤﮥﮦ
75:5 Балки одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.
ﮧﮨﮩﮪﮫ
75:6 Мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
ﮬﮭﮮﮯ
75:7 Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад
ﮰﮱﯓ
75:8 ва моҳ тира шавад
ﯔﯕﯖﯗ
75:9 ва офтобу моҳ дар як ҷой ҷамъ оянд.
ﯘﯙﯚﯛﯜﯝ
75:10 Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»
ﯞﯟﯠﯡ
75:11 Ҳаргиз паноҳгоҳе нест!
ﯢﯣﯤﯥﯦ
75:12 Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст!
ﯧﯨﯩﯪﯫﯬﯭ
75:13 Дар ин рӯз одамиро аз ҳар чӣ пешопеш фиристода ва баъд аз худ гузоштааст, хабар медиҳанд.
ﯮﯯﯰﯱﯲﯳ
75:14 Балки одамӣ худро нек мешиносад,
ﯴﯵﯶﯷ
75:15 ҳарчанд ба забон узрҳо оварад.
ﯸﯹﯺﯻﯼﯽﯾ
75:16 Ба шитоб забон ба хондани Қуръон наҷунбон,
ﯿﰀﰁﰂﰃ
75:17 ки ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост,
ﰄﰅﰆﰇﰈ
75:18 Чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун,
ﰉﰊﰋﰌﰍ
75:19 Сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост.
ﭑﭒﭓﭔﭕ
75:20 Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред
ﭖﭗﭘ
75:21 ва охиратро тарк мекунед.
ﭙﭚﭛﭜ
75:22 Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон,
ﭝﭞﭟﭠ
75:23 ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд
ﭡﭢﭣﭤ
75:24 ва рӯйҳое ҳаст гирифтаву турш,
ﭥﭦﭧﭨﭩﭪ
75:25 ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.
ﭫﭬﭭﭮﭯ
75:26 Оре, чун ҷон ба гулӯ расад
ﭰﭱﭲﭳﭴ
75:27 ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад?
ﭵﭶﭷﭸ
75:28 Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида
ﭹﭺﭻﭼ
75:29 ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,
ﭽﭾﭿﮀﮁ
75:30 он рӯз рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст.
ﮂﮃﮄﮅﮆ
75:31 На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст.
ﮇﮈﮉﮊ
75:32 Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардондааст.
ﮋﮌﮍﮎﮏﮐ
75:33 Он гоҳ хиромон назди касонаш рафтааст.
ﮑﮒﮓﮔ
75:34 Вой бар ту, пас вой бар ту!
ﮕﮖﮗﮘﮙ
75:35 Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту!
ﮚﮛﮜﮝﮞﮟ
75:36 Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ, вогузоштаанд?
ﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦ
75:37 Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме рехта шуда, набудааст?
ﮧﮨﮩﮪﮫﮬ
75:38 Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид.
ﮭﮮﮯﮰﮱﯓ
75:39 Ва онҳоро ду синф кард: нару мода.
ﯔﯕﯖﯗﯘﯙﯚﯛ
75:40 Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад?

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers