Сураи Аль-Бурудж pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)
Сураи Аль-Бурудж pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Бурудж Тарҷума. Сураи Аль-Бурудж (Meccan) 22 Оят.
Related
- Сураи Аль-Бурудж ТарҷумаТоҷикӣ
- Сураи Аль-Бурудж mp3Гӯш кун
- Quran Index Тоҷикӣ114
More Сураи PDF
Сураи Аль-Бурудж

ﭛﭜﭝﭞ
85:1
Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост
ﭟﭠﭡ
85:2
ва қасам ба рӯзи мавъуд
ﭢﭣﭤ
85:3
ва қасам ба шоҳидидиҳанда ва он чӣ ба он шоҳидӣ диҳанд,
ﭥﭦﭧﭨ
85:4
ки соҳибони уҳдуд ба ҳалокат расиданд.
ﭩﭪﭫﭬ
85:5
Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо
ﭭﭮﭯﭰﭱ
85:6
он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд
ﭲﭳﭴﭵﭶﭷﭸ
85:7
ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоваранд, шоҳид буданд.
ﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂ
85:8
Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд,
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎ
85:9
он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст.
ﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝ
85:10
Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд ва тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.
ﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧﮨﮩﮪﮫﮬﮭ
85:11
Барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!
ﮮﮯﮰﮱﯓ
85:12
Ба азоб гирифтани Парвардигори ту сахт аст.
ﯔﯕﯖﯗﯘ
85:13
Ӯст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад.
ﯙﯚﯛﯜ
85:14
Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст.
ﯝﯞﯟﯠ
85:15
Ӯст соҳиби арши бузург.
ﯡﯢﯣﯤ
85:16
Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад.
ﯥﯦﯧﯨﯩ
85:17
Оё достони лашкарҳоро шунидаӣ?
ﯪﯫﯬ
85:18
Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд,
ﯭﯮﯯﯰﯱﯲ
85:19
Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд;
ﯳﯴﯵﯶﯷ
85:20
ва Худо аз ҳама сӯ бар онҳо иҳота дорад.
ﯸﯹﯺﯻﯼ
85:21
Бале, ин Қуръони маҷид аст
ﯽﯾﯿﰀ
85:22
дар лавҳи маҳфуз!
Қуръони Карим
Wednesday, September 9, 2026
Don't forget us in your sincere prayers







