Сураи Аль-Аля ба арабӣ ва тоҷикӣ

Сураи Аль-Аляро бо тарҷумаи пурраи тоҷикӣ ва тиловати садо хонед. Тарҷума оят ба оят. (19 Оят — مكية). Аль-Аля Гӯш кун, Аль-Аля Тарҷума, Аль-Аля mp3, Аль-Аля pdf.

Сураи Аль-Аляро хон ва гӯш кун

🎧 Оят
M Mishary Rashid Alafasy
M Mahmoud Khalil Al-Husary
A Abdurrahman As-Sudais
M Mohamed Siddiq Al-Minshawi
A Abdul Basit Abdul Samad
A Ali Al-Hudhaify
A Ahmed ibn Ali al-Ajamy
A Abu Bakr Ash-Shaatree
M Muhammad Ayyoub
A Abdullah Basfar
A Abdullah Al-Juhani
M Maher Al Muaiqly
x1
سَبِّحِ اسْمَ رَبِّكَ الْأَعْلَى ۝١
📖 Тарҷума Оят 1
Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун,
الَّذِي خَلَقَ فَسَوَّىٰ ۝٢
📖 Тарҷума Оят 2
он ки офарид ва дурустандом кард,
وَالَّذِي قَدَّرَ فَهَدَىٰ ۝٣
📖 Тарҷума Оят 3
Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд.
وَالَّذِي أَخْرَجَ الْمَرْعَىٰ ۝٤
📖 Тарҷума Оят 4
Ва он ки чарогоҳҳоро рӯёнид,
فَجَعَلَهُ غُثَاءً أَحْوَىٰ ۝٥
📖 Тарҷума Оят 5
сипас хушку сиёҳ гардонид.
سَنُقْرِئُكَ فَلَا تَنسَىٰ ۝٦
📖 Тарҷума Оят 6
Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ.
إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ ۚ إِنَّهُ يَعْلَمُ الْجَهْرَ وَمَا يَخْفَىٰ ۝٧
📖 Тарҷума Оят 7
ғайри он чи Худо бихоҳад. Ӯст, ки ошкорову ниҳонро медонад.
وَنُيَسِّرُكَ لِلْيُسْرَىٰ ۝٨
📖 Тарҷума Оят 8
Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем.
فَذَكِّرْ إِن نَّفَعَتِ الذِّكْرَىٰ ۝٩
📖 Тарҷума Оят 9
Агар панд, доданат суд кунад, панд деҳ.
سَيَذَّكَّرُ مَن يَخْشَىٰ ۝١٠
📖 Тарҷума Оят 10
Он ки метарсад, панд мегирад.
وَيَتَجَنَّبُهَا الْأَشْقَى ۝١١
📖 Тарҷума Оят 11
Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад,
الَّذِي يَصْلَى النَّارَ الْكُبْرَىٰ ۝١٢
📖 Тарҷума Оят 12
он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад
ثُمَّ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحْيَىٰ ۝١٣
📖 Тарҷума Оят 13
ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад.
قَدْ أَفْلَحَ مَن تَزَكَّىٰ ۝١٤
📖 Тарҷума Оят 14
Албатта покон наҷот ёфтанд,
وَذَكَرَ اسْمَ رَبِّهِ فَصَلَّىٰ ۝١٥
📖 Тарҷума Оят 15
онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд.
بَلْ تُؤْثِرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا ۝١٦
📖 Тарҷума Оят 16
Оре, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед,
وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ ۝١٧
📖 Тарҷума Оят 17
ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.
إِنَّ هَٰذَا لَفِي الصُّحُفِ الْأُولَىٰ ۝١٨
📖 Тарҷума Оят 18
Ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст,
صُحُفِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَىٰ ۝١٩
📖 Тарҷума Оят 19
саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо!
← 86 Аль-Аля (87/114) 88 →
Хондан Сураи Аль-Аля бо Тоҷикӣ – Тарҷума ва Садо

87الأعلى Al-A'la 📚 19 Оят مكية



Қуръони Карим


Tuesday, August 18, 2026

Don't forget us in your sincere prayers