Сураи Аль-Гашия ба арабӣ ва тоҷикӣ

Сураи Аль-Гашияро бо тарҷумаи пурраи тоҷикӣ ва тиловати садо хонед. Тарҷума оят ба оят. (26 Оят — مكية). Аль-Гашия Гӯш кун, Аль-Гашия Тарҷума, Аль-Гашия mp3, Аль-Гашия pdf.

Сураи Аль-Гашияро хон ва гӯш кун

🎧 Оят
M Mishary Rashid Alafasy
M Mahmoud Khalil Al-Husary
A Abdurrahman As-Sudais
M Mohamed Siddiq Al-Minshawi
A Abdul Basit Abdul Samad
A Ali Al-Hudhaify
A Ahmed ibn Ali al-Ajamy
A Abu Bakr Ash-Shaatree
M Muhammad Ayyoub
A Abdullah Basfar
A Abdullah Al-Juhani
M Maher Al Muaiqly
x1
هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ الْغَاشِيَةِ ۝١
📖 Тарҷума Оят 1
Оё достони ғошия ба ту расидааст?
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ خَاشِعَةٌ ۝٢
📖 Тарҷума Оят 2
Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст,
عَامِلَةٌ نَّاصِبَةٌ ۝٣
📖 Тарҷума Оят 3
талошкардаву ранҷдида
تَصْلَىٰ نَارًا حَامِيَةً ۝٤
📖 Тарҷума Оят 4
дар оташи сӯзон дарафтанд,
تُسْقَىٰ مِنْ عَيْنٍ آنِيَةٍ ۝٥
📖 Тарҷума Оят 5
аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд,
لَّيْسَ لَهُمْ طَعَامٌ إِلَّا مِن ضَرِيعٍ ۝٦
📖 Тарҷума Оят 6
таъоме ғайри хор надоранд,
لَّا يُسْمِنُ وَلَا يُغْنِي مِن جُوعٍ ۝٧
📖 Тарҷума Оят 7
ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ.
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاعِمَةٌ ۝٨
📖 Тарҷума Оят 8
Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд,
لِّسَعْيِهَا رَاضِيَةٌ ۝٩
📖 Тарҷума Оят 9
аз кори худ хушнуд,
فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ ۝١٠
📖 Тарҷума Оят 10
дар биҳиште олимақом,
لَّا تَسْمَعُ فِيهَا لَاغِيَةً ۝١١
📖 Тарҷума Оят 11
ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ
فِيهَا عَيْنٌ جَارِيَةٌ ۝١٢
📖 Тарҷума Оят 12
ва дар он чашмасорҳо равон бошад
فِيهَا سُرُرٌ مَّرْفُوعَةٌ ۝١٣
📖 Тарҷума Оят 13
ва тахтҳое баланд зада
وَأَكْوَابٌ مَّوْضُوعَةٌ ۝١٤
📖 Тарҷума Оят 14
ва кӯзаҳое ниҳода
وَنَمَارِقُ مَصْفُوفَةٌ ۝١٥
📖 Тарҷума Оят 15
ва болишҳое дар канори ҳам чида
وَزَرَابِيُّ مَبْثُوثَةٌ ۝١٦
📖 Тарҷума Оят 16
ва фаршҳое паҳн карда.
أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ ۝١٧
📖 Тарҷума Оят 17
Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шуда?
وَإِلَى السَّمَاءِ كَيْفَ رُفِعَتْ ۝١٨
📖 Тарҷума Оят 18
Ва ба осмон, ки чӣ гуна бардошташуда?
وَإِلَى الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ ۝١٩
📖 Тарҷума Оят 19
Ва ба кӯҳҳо, ки чӣ гуна баланд кашидашуда?
وَإِلَى الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ ۝٢٠
📖 Тарҷума Оят 20
Ва ба замин, ки чӣ сон густурда шуда?
فَذَكِّرْ إِنَّمَا أَنتَ مُذَكِّرٌ ۝٢١
📖 Тарҷума Оят 21
Пас панд деҳ ки ту панддиҳандае ҳастӣ.
لَّسْتَ عَلَيْهِم بِمُصَيْطِرٍ ۝٢٢
📖 Тарҷума Оят 22
Ту бар онон фармонраво нестӣ.
إِلَّا مَن تَوَلَّىٰ وَكَفَرَ ۝٢٣
📖 Тарҷума Оят 23
Магар он кас кӣ рӯйгардон шуд ва кофир шуд.
فَيُعَذِّبُهُ اللَّهُ الْعَذَابَ الْأَكْبَرَ ۝٢٤
📖 Тарҷума Оят 24
Пас Худояш ба азоби бузургтар азоб мекунад.
إِنَّ إِلَيْنَا إِيَابَهُمْ ۝٢٥
📖 Тарҷума Оят 25
Албатта бозгашташон ба сӯи Мост.
ثُمَّ إِنَّ عَلَيْنَا حِسَابَهُم ۝٢٦
📖 Тарҷума Оят 26
Сипас ҳисобашон бо Мост.
← 87 Аль-Гашия (88/114) 89 →
Хондан Сураи Аль-Гашия бо Тоҷикӣ – Тарҷума ва Садо

88الغاشية Al-Ghashiyah 📚 26 Оят مكية

Оят ба оят – Сураи Аль-Гашия — 26 Оят




Қуръони Карим


Tuesday, August 18, 2026

Don't forget us in your sincere prayers