La sourate Abasa en Tadjik
عَبَسَ وَتَوَلَّىٰ(1) Рӯйро турш кард ва сар баргардонид, |
أَن جَاءَهُ الْأَعْمَىٰ(2) чун он нобино ба наздаш омад, |
وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّهُ يَزَّكَّىٰ(3) Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад, |
أَوْ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ الذِّكْرَىٰ(4) ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад. |
أَمَّا مَنِ اسْتَغْنَىٰ(5) Аммо он ки ӯ тавонгар аст, |
فَأَنتَ لَهُ تَصَدَّىٰ(6) ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ |
وَمَا عَلَيْكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ(7) ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест. |
وَأَمَّا مَن جَاءَكَ يَسْعَىٰ(8) Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд |
وَهُوَ يَخْشَىٰ(9) ва метарсад, (аз худо). |
فَأَنتَ عَنْهُ تَلَهَّىٰ(10) ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ. |
كَلَّا إِنَّهَا تَذْكِرَةٌ(11) Оре, ин Қуръон пандест, |
فَمَن شَاءَ ذَكَرَهُ(12) пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад. |
فِي صُحُفٍ مُّكَرَّمَةٍ(13) Дар саҳифаҳое гиромӣ. |
مَّرْفُوعَةٍ مُّطَهَّرَةٍ(14) баландқадру покиза, |
بِأَيْدِي سَفَرَةٍ(15) ба дасти котибоне, |
كِرَامٍ بَرَرَةٍ(16) бузургвору некӯкор. |
قُتِلَ الْإِنسَانُ مَا أَكْفَرَهُ(17) Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст! |
مِنْ أَيِّ شَيْءٍ خَلَقَهُ(18) Ӯро аз чӣ офаридааст? |
مِن نُّطْفَةٍ خَلَقَهُ فَقَدَّرَهُ(19) Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард, |
ثُمَّ السَّبِيلَ يَسَّرَهُ(20) сипас роҳашро осон сохт. |
ثُمَّ أَمَاتَهُ فَأَقْبَرَهُ(21) Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард. |
ثُمَّ إِذَا شَاءَ أَنشَرَهُ(22) Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад. |
كَلَّا لَمَّا يَقْضِ مَا أَمَرَهُ(23) На ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст. |
فَلْيَنظُرِ الْإِنسَانُ إِلَىٰ طَعَامِهِ(24) Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад |
أَنَّا صَبَبْنَا الْمَاءَ صَبًّا(25) Мо боронро фурӯ боридем, бориданӣ |
ثُمَّ شَقَقْنَا الْأَرْضَ شَقًّا(26) ва заминро шикофтем, шикофтанӣ |
فَأَنبَتْنَا فِيهَا حَبًّا(27) ва дар он донаҳо рӯёнидем |
وَعِنَبًا وَقَضْبًا(28) ва току сабзавот |
وَزَيْتُونًا وَنَخْلًا(29) ва зайтуну нахл (дарахти хурмо) |
وَحَدَائِقَ غُلْبًا(30) ва боғҳои пурдарахт |
وَفَاكِهَةً وَأَبًّا(31) ва меваву алаф, |
مَّتَاعًا لَّكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ(32) то шумову чорпоёнатон баҳра баред, |
فَإِذَا جَاءَتِ الصَّاخَّةُ(33) Чун бонги қиёмат барояд, |
يَوْمَ يَفِرُّ الْمَرْءُ مِنْ أَخِيهِ(34) рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад |
وَأُمِّهِ وَأَبِيهِ(35) ва аз модарашу падараш |
وَصَاحِبَتِهِ وَبَنِيهِ(36) ва аз занашу фарзандонаш. |
لِكُلِّ امْرِئٍ مِّنْهُمْ يَوْمَئِذٍ شَأْنٌ يُغْنِيهِ(37) Ҳар касро дар рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад. |
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ مُّسْفِرَةٌ(38) Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд, |
ضَاحِكَةٌ مُّسْتَبْشِرَةٌ(39) хандонанду шодонанд. |
وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ عَلَيْهَا غَبَرَةٌ(40) Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд, |
تَرْهَقُهَا قَتَرَةٌ(41) дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд. |
أُولَٰئِكَ هُمُ الْكَفَرَةُ الْفَجَرَةُ(42) Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон). |
Plus de sourates en Tadjik :
Téléchargez la sourate avec la voix des récitants du Coran les plus célèbres :
Téléchargez le fichier mp3 de la sourate Abasa : choisissez le récitateur pour écouter et télécharger la sourate Abasa complète en haute qualité.















Donnez-nous une invitation valide