Ан-Ниса · 45/176
Тарҷума Транслитератсия — Сураи Ан-Ниса
وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِأَعْدَائِكُمْ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَلِيًّا وَكَفَىٰ بِاللَّهِ نَصِيرًا ۝٤٥
Wallaahu a`lamu bi a`daaa`i-kum; wa kafaa billaahi waliyyanw wa kafaa billaahi naseera
📖 Ба Тоҷикӣ
Худо душманони шуморо беҳтар мешиносад ва дӯстии Ӯ шуморо кифоят хоҳад кард ва ёрии Ӯ шуморо басанда аст.

M Mishary Rashid Alafasy ✓
M Mahmoud Khalil Al-Husary ✓
A Abdurrahman As-Sudais ✓
M Mohamed Siddiq Al-Minshawi ✓
A Abdul Basit Abdul Samad ✓
A Ali Al-Hudhaify ✓
A Ahmed ibn Ali al-Ajamy ✓
A Abu Bakr Ash-Shaatree ✓
M Muhammad Ayyoub ✓
A Abdullah Basfar ✓
A Abdullah Al-Juhani ✓
M Maher Al Muaiqly ✓
0:00
0:00
📜

Тарҷума — Tafsir

  1. Маънои калимаҳои муҳим:
  • أَعْلَمُ: донотар, огоҳтар.
  • وَلِيًّا: дӯст, сарпараст, корсоз.
  • نَصِيرًا: ёрӣкунанда, мададгор.
  1. Тафсири оят:

Аллоҳи таъоло аз шумо — эй мӯъминон — ба душманони шумо беҳтар огоҳ аст. Ӯ аз ниятҳои пинҳонӣ ва душмании онҳо нисбат ба шумо огоҳтар аст ва шуморо аз он огаҳ сохт, то ки эҳтиёткор бошед. Пас, ба Аллоҳ таваккал кунед ва Ӯ барои шумо кофӣ аст, ки сарпарасту дӯсти шумо бошад ва корҳои шуморо ислоҳ кунад. Ҳамчунин Аллоҳ барои шумо кофӣ аст, ки ёрӣкунанда бошад ва шуморо бар душманонатон пирӯз гардонад ва аз макру фитнаи онҳо ҳифз кунад.

  1. Фоидаҳои оят:
  • Ин оят ба мӯъминон тасаллӣ медиҳад, ки Аллоҳ аз душманон огоҳтар аст ва онҳоро танҳо намегузорад.
  • Аллоҳ ба сифати Валӣ (сарпараст) ва Насир (ёрӣкунанда) барои бандагони худ кофӣ аст, бинобар ин мӯъмин бояд танҳо ба Ӯ таваккал кунад.
  • Ин оят моро тарғиб мекунад, ки ба ҷои тарс аз душманон ба Аллоҳ паноҳ барем ва ба қудрати Ӯ бовар дошта бошем.
  • Донистани он ки Аллоҳ ҳомию ёрӣкунандаи мӯъминон аст, дар дилҳо оромиш ва умед ба вуҷуд меорад ва имони инсонро қавӣ мегардонад.


📜 Оят 43-47 — Сураи Ан-Ниса

43يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقْرَبُوا الصَّلَاةَ وَأَنتُمْ سُكَارَىٰ حَتَّىٰ تَعْلَمُوا مَا تَقُولُونَ وَلَا جُنُبًا إِلَّا عَابِرِي سَبِيلٍ حَتَّىٰ تَغْتَسِلُوا ۚ وَإِن كُنتُم مَّرْضَىٰ أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِّنكُم مِّنَ الْغَائِطِ أَوْ لَامَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُوا بِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَفُوًّا غَفُورًا
Эй касоне, ки имон овардаед, он гоҳ, ки маст ҳастед, гирди намоз магардед, то бидонед, ки чӣ мегӯед. Ва низ дар ҳоли ҷанобат, то ғусл кунед, магар он ки роҳгузар бошед. Ва агар бемор ё дар сафар будед, ё аз макони қазои ҳочат бозгаштаед, ё бо занон ҷимоъ кардаед ва об наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед ва рую дастҳоятонро бо он хок масҳ кунед. Албатта Худо авфкунанда ва омурзанда аст!
44أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ أُوتُوا نَصِيبًا مِّنَ الْكِتَابِ يَشْتَرُونَ الضَّلَالَةَ وَيُرِيدُونَ أَن تَضِلُّوا السَّبِيلَ
Оё он касонеро, ки аз китоб баҳрае дода шудаанд, надидаӣ, ки гумроҳӣ мехаранд ва мехоҳанд, ки шумо низ гумроҳ шавед?
45وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِأَعْدَائِكُمْ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَلِيًّا وَكَفَىٰ بِاللَّهِ نَصِيرًا
Худо душманони шуморо беҳтар мешиносад ва дӯстии Ӯ шуморо кифоят хоҳад кард ва ёрии Ӯ шуморо басанда аст.
46مِّنَ الَّذِينَ هَادُوا يُحَرِّفُونَ الْكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِ وَيَقُولُونَ سَمِعْنَا وَعَصَيْنَا وَاسْمَعْ غَيْرَ مُسْمَعٍ وَرَاعِنَا لَيًّا بِأَلْسِنَتِهِمْ وَطَعْنًا فِي الدِّينِ ۚ وَلَوْ أَنَّهُمْ قَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا وَاسْمَعْ وَانظُرْنَا لَكَانَ خَيْرًا لَّهُمْ وَأَقْوَمَ وَلَٰكِن لَّعَنَهُمُ اللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَلَا يُؤْمِنُونَ إِلَّا قَلِيلًا
Баъзе аз ҷуҳудон калимоти Худоро ба маънӣ дигаргун мекунанд ва мегӯянд: «Шунидем ва нофармонӣ мекунем ва бишнав ва кош ношунаво гардӣ ва «роъино». Ба луғати хеш забон мегардонанд ва ба дини ислом таъна мезананд. Агар мегуфтанд, ки шунидем ва итоъат кардем ва «Унзурно»", барояшон беҳтару басавобтар буд. Худо ононро ба сабаби куфрашон лаънат карда ва ҷуз андаке имон наёваранд.
47يَا أَيُّهَا الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ آمِنُوا بِمَا نَزَّلْنَا مُصَدِّقًا لِّمَا مَعَكُم مِّن قَبْلِ أَن نَّطْمِسَ وُجُوهًا فَنَرُدَّهَا عَلَىٰ أَدْبَارِهَا أَوْ نَلْعَنَهُمْ كَمَا لَعَنَّا أَصْحَابَ السَّبْتِ ۚ وَكَانَ أَمْرُ اللَّهِ مَفْعُولًا
Эй касоне, ки шуморо китоб дода шуда, ба китобе, ки нозил кардаем ва китоби шуморо низ тасдиқ мекунад, имон биёваред; пеш аз он ки нақши чеҳраҳоеро нест кунем ва рӯйҳоро ба қафо баргардонем. Ё ҳамчунон, ки асҳоби сабтро лаънат кардем, шуморо ҳам лаънат кунем. Ва фармони Худо шуданист!
Ан-НисаФеҳристи Қуръон
176Оят
MedinanRevelation
45Оят

Тарҷума — Ан-Ниса 45

Сураи Ан-Ниса Оят 45 - Хондан, Гӯш кун, Тарҷума, Тоҷикӣ : Худо душманони шуморо беҳтар мешиносад ва дӯстии Ӯ шуморо кифоят…

Сураи Оят 45/176 — Сураи Ан-Ниса النساء (Medinan). Хондан Гӯш кун Тарҷума (Тоҷикӣ). Гӯш кун: Сураи Ан-Ниса Гӯш кун, Сураи Ан-Ниса Тарҷума, Сураи Ан-Ниса mp3, Сураи Ан-Ниса pdf. Оят 43–47. Ба Тоҷикӣ: Русский.





Қуръони Карим


Monday, September 28, 2026

Don't forget us in your sincere prayers