ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَن يَأْتُوا بِالشَّهَادَةِ عَلَىٰ وَجْهِهَا أَوْ يَخَافُوا أَن تُرَدَّ أَيْمَانٌ بَعْدَ أَيْمَانِهِمْ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاسْمَعُوا ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ ١٠٨
🔤 Transliteration
Zaalika adnaaa ai yaatoo bishshahaadati `alaa wajhihaaa aw yakhaafooo an turadda aimaanum ba`da aimaanihim; wattaqul laaha wasma`oo; wallaahu laa yahdil qawmal faasiqeen
📖 Тарҷума (Ба Тоҷикӣ)
📖 Ба Тоҷикӣ
Ин ҳукм наздиктар ба он аст, ки ҳам шоҳидиро бар ваҷҳи худ адо кунанд ё пас аз савганд хӯрдан аз радди савгандҳояшон битарсанд. Аз Худо битарсед. Ва гӯш доред. Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!
🌐 Additional reference in Русский
- Маънои калимаҳои мушкили оят:
- «أَدْنَىٰ»: наздиктар, қаринтар.
- «عَلَىٰ وَجْهِهَا»: ба таври дуруст ва бе таҳрифу хиёнат, яъне он тавре ки шоҳидӣ бардоштаанд, бигӯянд.
- «تُرَدَّ أَيْمَانٌ بَعْدَ أَيْمَانِهِمْ»: ки савгандҳои ворисони даъвогар пас аз савгандҳои онҳо рад карда шаванд.
- «فَاسِقِينَ»: берун шудагони аз тоъати Худо, гунаҳкорони саркаш.
- Тафсири оят:
Ин ҳукме, ки гуфта шуд — яъне савганд додани ду шоҳид пас аз намоз ҳангоми шубҳа дар шоҳидии онҳо ва рад кардани шоҳидии онҳо — ба он наздиктар аст, ки онҳо шоҳидиро ба таври дуруст ва бе таҳрифу тағйир ва хиёнат адо кунанд. Ҳамчунин ба он наздиктар аст, ки битарсанд аз он ки савгандҳои ворисони даъвогар пас аз савгандҳои онҳо рад карда шаванд ва онҳо бар хилофи он чи шоҳидӣ додаанд, савганд ёд кунанд ва дар натиҷа расво шаванд.
Пас, эй мардум, аз Худо битарсед ва аз савганди дурӯғ ва ғасби моли ҳаром бо савганди худ парҳез кунед, ва он чи ба он амр шудаед, бо қабул гӯш кунед. Ва Худо қавми фосиқонро — яъне онҳоеро, ки аз тоъати Ӯ берун шудаанд — ба роҳи ҳақ ва ҷаннат ҳидоят намекунад.
- Фоидаҳои ин оят:
- Ин оят нишон медиҳад, ки шариати исломӣ роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адолатро дар ҷомеа муқаррар кардааст, то касе ҷуръат накунад шоҳидии дурӯғ диҳад ё бо савганди худ моли касеро ба ноҳақ бигирад.
- Худотарсӣ ва парҳезгорӣ сабаби ростқавлӣ дар шоҳидӣ ва амонатдорӣ дар савганд аст; ҳар ки аз Худо битарсад, забон ва дасташ аз хиёнату дурӯғӣ пок мемонад.
- Гӯш кардани амрҳои Худо бо қабул ва итоат, нишонаи имон ва сабаби ҳидоят аст; ва ҳар ки аз тоъати Худо рӯй гардонад, аз ҳидояти Ӯ маҳрум мемонад.
- Ин оят ба мо меомӯзад, ки адолат ва ростӣ дар муомилот боиси обрӯи нек ва эътимоди байни мардум мегардад, ва ин ҳама аз неъматҳои бузурги дини ислом аст, ки моро ба сӯи некӣ ва покӣ роҳнамоӣ мекунад.
📜 Оят 106-110 — Сураи Аль-Маида
106يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا شَهَادَةُ بَيْنِكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ حِينَ الْوَصِيَّةِ اثْنَانِ ذَوَا عَدْلٍ مِّنكُمْ أَوْ آخَرَانِ مِنْ غَيْرِكُمْ إِنْ أَنتُمْ ضَرَبْتُمْ فِي الْأَرْضِ فَأَصَابَتْكُم مُّصِيبَةُ الْمَوْتِ ۚ تَحْبِسُونَهُمَا مِن بَعْدِ الصَّلَاةِ فَيُقْسِمَانِ بِاللَّهِ إِنِ ارْتَبْتُمْ لَا نَشْتَرِي بِهِ ثَمَنًا وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَىٰ ۙ وَلَا نَكْتُمُ شَهَادَةَ اللَّهِ إِنَّا إِذًا لَّمِنَ الْآثِمِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, чун маргатон фаро расад, ба ҳангоми васият ду одилро аз миёни худатон ба шоҳидӣ гиред ё аз ғайри худатон, ҳар гоҳ, ки дар сафар будед ва маргатон фаро расид. Агар аз он ду дар шак будед, нигоҳашон доред то баъд аз намоз, он гоҳ ба Худо савганд хӯранд, ки ин шаҳодатро ба ҳеҷ қимате дигаргун накунем, ҳарчанд ба нафъи хешовандамон бошад ва онро рӯпуш накунем, агар ҷуз ин бошад, аз гунаҳгоронем.
107فَإِنْ عُثِرَ عَلَىٰ أَنَّهُمَا اسْتَحَقَّا إِثْمًا فَآخَرَانِ يَقُومَانِ مَقَامَهُمَا مِنَ الَّذِينَ اسْتَحَقَّ عَلَيْهِمُ الْأَوْلَيَانِ فَيُقْسِمَانِ بِاللَّهِ لَشَهَادَتُنَا أَحَقُّ مِن شَهَادَتِهِمَا وَمَا اعْتَدَيْنَا إِنَّا إِذًا لَّمِنَ الظَّالِمِينَ
Ва ҳар гоҳ маълум шавад, ки он ду шоҳид муртакиби гуноҳи хиёнат шудаанд, ду шоҳидӣ дигар, ки авлотар аз он ду бошанд, ҷои онҳоро бигиранд. Он ду ба Худо қасам хӯранд, ки шоҳидии мо аз шоҳидии он ду дурусттар аст ва мо аз ҳақ таҷовуз накунем, ҳар гоҳ чунин кунем, аз ситамкорон бошем.
108ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَن يَأْتُوا بِالشَّهَادَةِ عَلَىٰ وَجْهِهَا أَوْ يَخَافُوا أَن تُرَدَّ أَيْمَانٌ بَعْدَ أَيْمَانِهِمْ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاسْمَعُوا ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ
Ин ҳукм наздиктар ба он аст, ки ҳам шоҳидиро бар ваҷҳи худ адо кунанд ё пас аз савганд хӯрдан аз радди савгандҳояшон битарсанд. Аз Худо битарсед. Ва гӯш доред. Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!
109۞ يَوْمَ يَجْمَعُ اللَّهُ الرُّسُلَ فَيَقُولُ مَاذَا أُجِبْتُمْ ۖ قَالُوا لَا عِلْمَ لَنَا ۖ إِنَّكَ أَنتَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ
Рӯзе, ки Худо паёмбаронро гирд орад ва бипурсад, ки даъвати шуморо чӣ гуна посӯх доданд? Гӯянд: «Моро ҳеҷ донише нест, ки доно ба ғайб Ту ҳастӣ».
110إِذْ قَالَ اللَّهُ يَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ اذْكُرْ نِعْمَتِي عَلَيْكَ وَعَلَىٰ وَالِدَتِكَ إِذْ أَيَّدتُّكَ بِرُوحِ الْقُدُسِ تُكَلِّمُ النَّاسَ فِي الْمَهْدِ وَكَهْلًا ۖ وَإِذْ عَلَّمْتُكَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَالتَّوْرَاةَ وَالْإِنجِيلَ ۖ وَإِذْ تَخْلُقُ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ بِإِذْنِي فَتَنفُخُ فِيهَا فَتَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِي ۖ وَتُبْرِئُ الْأَكْمَهَ وَالْأَبْرَصَ بِإِذْنِي ۖ وَإِذْ تُخْرِجُ الْمَوْتَىٰ بِإِذْنِي ۖ وَإِذْ كَفَفْتُ بَنِي إِسْرَائِيلَ عَنكَ إِذْ جِئْتَهُم بِالْبَيِّنَاتِ فَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ إِنْ هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ مُّبِينٌ
Худо ба Исо бинни Марям гуфт: «Неъматеро, ки ба ту ва модарат ато намудаам, ёд кун. Он замон, ки ба рӯҳулқудус ёриат кардам, то ту чӣ дар гаҳвора ва чӣ дар бузургсолӣ сухан гӯӣ ва ба ту китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омӯхтам. Ва он гоҳ ки ба амри Ман аз гил чизе чун парранда сохтӣ ва дар он дамидӣ ва ба амри Ман паррандае шуд ва кӯри модарзоду песӣ гирифтаро ба фармони Ман шифо додӣ ва мурдагонро ба фармони Ман зинда берун овардӣ ва чун бо ин далоили равшан назди банӣ-Исроил омадӣ, Ман ононро аз осеб расондан ба ту боздоштам ва аз миёнашон касоне, ки кофир буданд, гуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкор нест!»
Тарҷума — Аль-Маида 108
Сураи Аль-Маида Оят 108 - Хондан, Гӯш кун, Тарҷума, Тоҷикӣ : Ин ҳукм наздиктар ба он аст, ки ҳам шоҳидиро бар…
Сураи Оят 108/120 — Сураи Аль-Маида المائدة (Medinan). Хондан Гӯш кун Тарҷума (Тоҷикӣ). Гӯш кун: Сураи Аль-Маида Гӯш кун, Сураи Аль-Маида Тарҷума, Сураи Аль-Маида mp3, Сураи Аль-Маида pdf. Оят 106–110. Ба Тоҷикӣ: Русский.