PDF —
50 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аль-Мурсалят pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аль-Мурсалят pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Мурсалят Тарҷума. Сураи Аль-Мурсалят (Meccan) 50 Оят.

← Аль-ИнсанСураи Аль-Мурсалят Ан-Наба →


50 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﮑﮒﮓ
77:1 Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
ﮔﮕﮖ
77:2 ва савганд ба бодҳои сахти вазанда
ﮗﮘﮙ
77:3 ва савганд ба бодҳои бороновар
ﮚﮛﮜ
77:4 ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд
ﮝﮞﮟ
77:5 ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд,
ﮠﮡﮢﮣ
77:6 дафъ кардани узрро ё бим карданро,
ﮤﮥﮦﮧ
77:7 ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!
ﮨﮩﮪﮫ
77:8 Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд
ﮬﮭﮮﮯ
77:9 ва он гоҳ ки осмон бишикофад,
ﮰﮱﯓﯔ
77:10 ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд
ﯕﯖﯗﯘ
77:11 ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад.
ﯙﯚﯛﯜ
77:12 Барои чӣ рӯзе муъайян шавад?
ﯝﯞﯟ
77:13 Барои рӯзи фасл.
ﯠﯡﯢﯣﯤﯥ
77:14 Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист?
ﯦﯧﯨﯩ
77:15 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)!
ﯪﯫﯬﯭ
77:16 Оё аввалиёнро ҳалок накардаем
ﯮﯯﯰﯱ
77:17 ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем?
ﯲﯳﯴﯵ
77:18 Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем.
ﯶﯷﯸﯹ
77:19 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
77:20 Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем?
ﭗﭘﭙﭚﭛ
77:21 Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем,
ﭜﭝﭞﭟ
77:22 то замоне муъайян?
ﭠﭡﭢﭣ
77:23 Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем!
ﭤﭥﭦﭧ
77:24 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
ﭨﭩﭪﭫﭬ
77:25 Оё заминро ҷойгоҳе насохтем
ﭭﭮﭯ
77:26 барои зиндагону мурдагон?
ﭰﭱﭲﭳﭴﭵﭶﭷ
77:27 Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем.
ﭸﭹﭺﭻ
77:28 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
ﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂ
77:29 Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед.
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉ
77:30 Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед,
ﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐ
77:31 ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад,
ﮑﮒﮓﮔﮕ
77:32 Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим,
ﮖﮗﮘﮙ
77:33 гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд.
ﮚﮛﮜﮝ
77:34 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
ﮞﮟﮠﮡﮢ
77:35 Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд.
ﮣﮤﮥﮦﮧ
77:36 Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд.
ﮨﮩﮪﮫ
77:37 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
ﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓ
77:38 Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем.
ﯔﯕﯖﯗﯘﯙ
77:39 Пас агар ҳилае доред, ба кор баред.
ﯚﯛﯜﯝ
77:40 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
ﯞﯟﯠﯡﯢﯣ
77:41 Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд,
ﯤﯥﯦﯧ
77:42 бо ҳар мевае, ки орзу кунанд,
ﯨﯩﯪﯫﯬﯭﯮ
77:43 Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод,
ﯯﯰﯱﯲﯳ
77:44 Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем!
ﯴﯵﯶﯷ
77:45 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
ﯸﯹﯺﯻﯼﯽ
77:46 Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед,
ﯾﯿﰀﰁ
77:47 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
ﰂﰃﰄﰅﰆﰇﰈ
77:48 Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд).
ﰉﰊﰋﰌ
77:49 Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
ﰍﰎﰏﰐﰑ
77:50 Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд?

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers