PDF —
21 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аль-Лейль pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аль-Лейль pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Лейль Тарҷума. Сураи Аль-Лейль (Meccan) 21 Оят.

← Аш-ШамсСураи Аль-Лейль Ад-Духа →


21 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﮡﮢﮣﮤ
92:1 Савганд ба шаб, он гоҳ ки чаҳонро бо торикиаш бипӯшад
ﮥﮦﮧﮨ
92:2 ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад
ﮩﮪﮫﮬﮭ
92:3 ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид,
ﮮﮯﮰﮱ
92:4 ки ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст.
ﯓﯔﯕﯖﯗ
92:5 Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард
ﯘﯙﯚ
92:6 ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро),
ﯛﯜﯝ
92:7 пас барои биҳишт омодааш мекунем.
ﯞﯟﯠﯡﯢ
92:8 Аммо он кас кӣ бахиливу беэҳтиёҷӣ кард.
ﯣﯤﯥ
92:9 ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ баровард),
ﭑﭒﭓ
92:10 ӯро барои дӯзах омода месозем.
ﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚ
92:11 Ва чун ҳалокаш даррасад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад.
ﭛﭜﭝﭞ
92:12 Ва он чӣ бар Мост, роҳнамоист.
ﭟﭠﭡﭢﭣ
92:13 Ва аз они Мост он ҷаҳону ин чаҳон.
ﭤﭥﭦﭧ
92:14 Пас шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам,
ﭨﭩﭪﭫﭬ
92:15 ҷуз аҳли бадбахтӣ ба он дарнаяфтад,
ﭭﭮﭯﭰ
92:16 он ки дурӯғ баровард ва рӯйгардон шуд.
ﭱﭲﭳ
92:17 Ва парҳезгортарин мардумро аз он дур доранд,
ﭴﭵﭶﭷﭸ
92:18 он кӣ моли худ мебахшояд ва покӣ меҷӯяд.
ﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿ
92:19 Ва ҳеҷ касро бар (гардани) ӯ ҳаққе набошад, ки акнун мукофот хоҳад,
ﮀﮁﮂﮃﮄﮅ
92:20 Ғайри ҷустани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ.
ﮆﮇﮈ
92:21 Ва ба зудӣ хушнуд шавад.

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers