لَا أُقْسِمُ بِيَوْمِ الْقِيَامَةِ(1) Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат |
وَلَا أُقْسِمُ بِالنَّفْسِ اللَّوَّامَةِ(2) ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар! |
أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَلَّن نَّجْمَعَ عِظَامَهُ(3) Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард? |
بَلَىٰ قَادِرِينَ عَلَىٰ أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُ(4) Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем. |
بَلْ يُرِيدُ الْإِنسَانُ لِيَفْجُرَ أَمَامَهُ(5) Балки одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад. |
يَسْأَلُ أَيَّانَ يَوْمُ الْقِيَامَةِ(6) Мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?» |
فَإِذَا بَرِقَ الْبَصَرُ(7) Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад |
وَخَسَفَ الْقَمَرُ(8) ва моҳ тира шавад |
وَجُمِعَ الشَّمْسُ وَالْقَمَرُ(9) ва офтобу моҳ дар як ҷой ҷамъ оянд. |
يَقُولُ الْإِنسَانُ يَوْمَئِذٍ أَيْنَ الْمَفَرُّ(10) Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?» |
كَلَّا لَا وَزَرَ(11) Ҳаргиз паноҳгоҳе нест! |
إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ الْمُسْتَقَرُّ(12) Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст! |
يُنَبَّأُ الْإِنسَانُ يَوْمَئِذٍ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ(13) Дар ин рӯз одамиро аз ҳар чӣ пешопеш фиристода ва баъд аз худ гузоштааст, хабар медиҳанд. |
بَلِ الْإِنسَانُ عَلَىٰ نَفْسِهِ بَصِيرَةٌ(14) Балки одамӣ худро нек мешиносад, |
وَلَوْ أَلْقَىٰ مَعَاذِيرَهُ(15) ҳарчанд ба забон узрҳо оварад. |
لَا تُحَرِّكْ بِهِ لِسَانَكَ لِتَعْجَلَ بِهِ(16) Ба шитоб забон ба хондани Қуръон наҷунбон, |
إِنَّ عَلَيْنَا جَمْعَهُ وَقُرْآنَهُ(17) ки ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, |
فَإِذَا قَرَأْنَاهُ فَاتَّبِعْ قُرْآنَهُ(18) Чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун, |
ثُمَّ إِنَّ عَلَيْنَا بَيَانَهُ(19) Сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост. |
كَلَّا بَلْ تُحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ(20) Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред |
وَتَذَرُونَ الْآخِرَةَ(21) ва охиратро тарк мекунед. |
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ(22) Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон, |
إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٌ(23) ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд |
وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ بَاسِرَةٌ(24) ва рӯйҳое ҳаст гирифтаву турш, |
تَظُنُّ أَن يُفْعَلَ بِهَا فَاقِرَةٌ(25) ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд. |
كَلَّا إِذَا بَلَغَتِ التَّرَاقِيَ(26) Оре, чун ҷон ба гулӯ расад |
وَقِيلَ مَنْ ۜ رَاقٍ(27) ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад? |
وَظَنَّ أَنَّهُ الْفِرَاقُ(28) Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида |
وَالْتَفَّتِ السَّاقُ بِالسَّاقِ(29) ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд, |
إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ الْمَسَاقُ(30) он рӯз рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст. |
فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ(31) На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст. |
وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ(32) Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардондааст. |
ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰ أَهْلِهِ يَتَمَطَّىٰ(33) Он гоҳ хиромон назди касонаш рафтааст. |
أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰ(34) Вой бар ту, пас вой бар ту! |
ثُمَّ أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰ(35) Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту! |
أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَن يُتْرَكَ سُدًى(36) Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ, вогузоштаанд? |
أَلَمْ يَكُ نُطْفَةً مِّن مَّنِيٍّ يُمْنَىٰ(37) Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме рехта шуда, набудааст? |
ثُمَّ كَانَ عَلَقَةً فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ(38) Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид. |
فَجَعَلَ مِنْهُ الزَّوْجَيْنِ الذَّكَرَ وَالْأُنثَىٰ(39) Ва онҳоро ду синф кард: нару мода. |
أَلَيْسَ ذَٰلِكَ بِقَادِرٍ عَلَىٰ أَن يُحْيِيَ الْمَوْتَىٰ(40) Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад? |