PDF —
227 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аш-Шуара pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аш-Шуара pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аш-Шуара Тарҷума. Сураи Аш-Шуара (Meccan) 227 Оят.

← Аль-ФурканСураи Аш-Шуара Ан-Намль →


227 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﭑﭒ
26:1 То, син, мим.
ﭓﭔﭕﭖﭗ
26:2 Инҳост оёти ин китоби равшан(-у фаҳмо)
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞ
26:3 Шояд аз ин, ки имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ.
ﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥﭦﭧﭨﭩﭪ
26:4 Агар бихоҳем, аз осмон барояшон мӯъҷизае нозил мекунем, ки дар баробари он ба фармонбарӣ сар фуруд оваранд.
ﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴﭵﭶ
26:5 Барояшон ҳар сухани тозае аз Худои раҳмон нозил шавад, албатта аз он рӯгардонӣ мекунанд.
ﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿ
26:6 Пас дурӯғ бароварданд. Ба зуди хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо бирасад.
ﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋ
26:7 Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ дар он рӯёнидаем.
ﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕ
26:8 Дар ин ибратест, вале бештарашон мӯъмин набудаанд.
ﮖﮗﮘﮙﮚﮛ
26:9 Ба ростӣ Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!
ﮜﮝﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤ
26:10 Ва Парвардигорат Мӯсоро нидо до, д, ки: эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамгор бирав:
ﮥﮦﮧﮨﮩﮪ
26:11 қавми Фиръавн. Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд?
ﮫﮬﮭﮮﮯﮰﮱ
26:12 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд.
ﯓﯔﯕﯖﯗﯘﯙﯚﯛ
26:13 Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад. Ҳорунро пайғамбарӣ деҳ!
ﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢ
26:14 Ва бар ман ба гуноҳе даъвое доранд, метарсам, ки маро бикушанд».
ﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪﯫﯬ
26:15 Гуфт: «Ҳаргиз, оёти Маро ҳар ду назди онҳо бибаред, Мо низ бо шумо ҳастем ва гӯшкунандаем.
ﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳﯴ
26:16 Пас назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули Парвардигори ҷаҳониён ҳастем,
ﯵﯶﯷﯸﯹﯺ
26:17 ки банӣ-Исроилро бо мо бифиристӣ».
ﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁﰂﰃﰄﰅ
26:18 Гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ?
ﰆﰇﰈﰉﰊﰋﰌﰍ
26:19 Ва он корро, ки аз ту оар зад, накардаӣ? Пас ту кофири неъматӣ».
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗ
26:20 Гуфт: «Он вақт, ки чунон кардам, аз хатокорон будам.
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢﭣ
26:21 Ва чун аз шумо тарсидам, гурехтам. Вале Парвардигори мам ба ман паёмбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард.
ﭤﭥﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬ
26:22 Ва миннати ин неъматро бар ман мекунӣ, ки банӣ-Исроилро ғулом сохтаӣ?»
ﭭﭮﭯﭰﭱﭲ
26:23 Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён чист?»
ﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽ
26:24 Гуфт: «Агар ба яқин мепазиред, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост»,
ﭾﭿﮀﮁﮂﮃ
26:25 Ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё нашунидед?»
ﮄﮅﮆﮇﮈﮉ
26:26 Гуфт; «Парвардпгори шумо ва Парвардигори падарони аввалини шумо».
ﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑ
26:27 Фиръазн гуфт: «Ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст».
ﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜ
26:28 Гуфт: «Ӯст Парвардигори машрику мағриб ва ҳар чӣ миёни он дӯст, агар ақл кунед».
ﮝﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥ
26:29 Фиръавн гуфт: «Агар ба ҷои ман каси дигареро ба худои гири, ба зиндонат меафканам».
ﮦﮧﮨﮩﮪﮫ
26:30 Гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизае равшан барои ту оварда бошам?»
ﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔ
26:31 Гуфт; Агар рост мегӯӣ, онро биёвар».
ﯕﯖﯗﯘﯙﯚﯛ
26:32 Асояшро партофт. Ба ошкоро аждаҳое шуд.
ﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢ
26:33 Ва дасташро берун овард. Дар назари бинандагон сафед менамуд.
ﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪ
26:34 Ба бузургони қавмаш, ки канораш буданд, гуфт: «Ин мард ҷодугаре доност.
ﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳ
26:35 Мехоҳад ба ҷодуи. худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Чӣ раъй медиҳед?»
ﯴﯵﯶﯷﯸﯹﯺﯻ
26:36 Гуфтанд: «Аз ӯ ва ба бародараш мӯҳлат бихоҳ ва касон ба шаҳрҳо бифирист,
ﯼﯽﯾﯿﰀ
26:37 то ҳар ҷодугари доноеро, ки ҳаёт, назди ту биёранд».
ﰁﰂﰃﰄﰅﰆ
26:38 Ҷодугаронро дар рӯзе муъайян ба ваъдагоҳ оварданд.
ﰇﰈﰉﰊﰋﰌ
26:39 Ва мардумро гуфтанд: «Оё шумо низ ҷамъ меоед?
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘ
26:40 То агар ҷодугарон пирӯз омаданд, ҳама ба онҳо пайравӣ кунем!»
ﭙﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥ
26:41 Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо пирӯз шавем, моро музде хоҳад буд?»
ﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬ
26:42 Гуфт: «Оре, ҳама аз наздиконам хоҳед буд».
ﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴ
26:43 Мӯсо ба онҳо гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳед, партофтан, бипартоед!»
ﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾ
26:44 Онон ресмонҳову чубҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, ки мо пирӯз шудем!»
ﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇ
26:45 Ва Мӯсо асояшро партофт. Ногоҳ ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд.
ﮈﮉﮊﮋ
26:46 Ҷодугарон ба саҷда афтоданд.
ﮌﮍﮎﮏﮐ
26:47 Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем,
ﮑﮒﮓﮔ
26:48 Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!»
ﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧﮨﮩﮪﮫﮬ
26:49 Гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, имон овардед? Албатта он мард бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Хоҳед дид. Акнун дастҳову поҳоятонро аз чапу рост хоҳам бурид ва ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!»
ﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖ
26:50 Гуфтанд: «Боке нест, мо назди Парвардигорамон бозмегардем.
ﯗﯘﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢ
26:51 Мо умед медорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем».
ﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪﯫﯬ
26:52 Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки шабҳангом бандагони Маро берун бибар, ки аз паи шумо биёянд.
ﯭﯮﯯﯰﯱﯲ
26:53 Ва Фиръавн ҷамъоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод.
ﯳﯴﯵﯶﯷ
26:54 ки инҳо гурӯҳе андаканд
ﯸﯹﯺﯻ
26:55 ва моро ба хашм овардаанд
ﯼﯽﯾﯿ
26:56 ва мо ҳамагӣ омодаи ҷангем.
ﰀﰁﰂﰃﰄ
26:57 Пас онҳоро аз борҳову чашмасорҳо берун кардем
ﰅﰆﰇﰈ
26:58 ва аз ганҷҳову хонаҳои некӯ,
ﰉﰊﰋﰌﰍﰎ
26:59 ба ин тарз ҳамаро ба банӣ-Исроил вогузоштем
ﰏﰐﰑ
26:60 Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙ
26:61 Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Гирифтор омадем!»
ﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠﭡ
26:62 Гуфт: «Ҳаргиз, Парвардигори ман бо ман аст ва маро роҳ хоҳад нишон дод».
ﭢﭣﭤﭥﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰ
26:63 Пас ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба дарё бизан. Дарё бишикофт ва ҳар пора чун кӯҳе азим гашт.
ﭱﭲﭳﭴ
26:64 Ва он гурӯҳи дигарро низ ба дарё расонидем.
ﭵﭶﭷﭸﭹﭺ
26:65 Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро наҷот додем.
ﭻﭼﭽﭾ
26:66 Ва он дигаронро ғарк сохтем.
ﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈ
26:67 Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наоварданд!
ﮉﮊﮋﮌﮍﮎ
26:68 Албатта Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст!
ﮏﮐﮑﮒﮓ
26:69 Ва достони Иброҳимро барояшон тиловат кун!
ﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚ
26:70 Он гоҳ ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ мепарастед?»
ﮛﮜﮝﮞﮟﮠﮡ
26:71 Гуфтачкд: «Бутонеро мепарастем ва муқими остонашон ҳастем».
ﮢﮣﮤﮥﮦﮧ
26:72 Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, садоятонро мешунаванд?
ﮨﮩﮪﮫﮬ
26:73 Ё барои шумо фоидаву зиёне доранд?»
ﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔ
26:74 Гуфтанд: «На, падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд».
ﯕﯖﯗﯘﯙﯚ
26:75 Гуфт: Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед
ﯛﯜﯝﯞ
26:76 шумо ва падаронатон?
ﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥ
26:77 Онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст.
ﯦﯧﯨﯩﯪ
26:78 Он, ки маро биёфарида, сипас роҳнамоиям мекунад
ﯫﯬﯭﯮﯯ
26:79 ва он, ки ба ман таъом медиҳад ва маро об медиҳад.
ﯰﯱﯲﯳﯴ
26:80 ва чун бемор шавам, шифоям мебахшад
ﯵﯶﯷﯸﯹ
26:81 ва он, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад
ﯺﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁﰂ
26:82 ва он, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд.
ﰃﰄﰅﰆﰇﰈﰉ
26:83 Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба шоистагон бипайванд.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗ
26:84 Ва зикри неки маро дар даҳони ояндагон андоз
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝ
26:85 ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ
ﭞﭟﭠﭡﭢﭣﭤ
26:86 ва падарамро биёмурз, ки аз гумроҳон аст
ﭥﭦﭧﭨﭩ
26:87 ва дар рӯзи қиёмат маро расво масоз,
ﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰ
26:88 рӯзе, ки на мол нафъ медиҳад ва на фарзандон,
ﭱﭲﭳﭴﭵﭶﭷ
26:89 ғайри он кас, ки бо қалбе покиза аз ширк ба назди Худо биёяд!»
ﭸﭹﭺﭻ
26:90 Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик оранд.
ﭼﭽﭾﭿ
26:91 Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд.
ﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆ
26:92 Ба онҳо гӯянд: Чизҳое, ки ба ҷои Худои якто мепарастидед, куҷоянд?
ﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎ
26:93 Оё ёриатон мекунанд, ё худ ёрӣ меҷӯянд?»
ﮏﮐﮑﮒﮓ
26:94 Онҳо ва кофиронро сармагун дар ҷаҳаннам андозанд
ﮔﮕﮖﮗ
26:95 ва ҳамаи лашкари Иблисро.
ﮘﮙﮚﮛﮜ
26:96 Ва дар ҳоле, ки дар ҷаҳаннам бо якдигар ҳусумат мекунанду, мегӯянд:
ﮝﮞﮟﮠﮡﮢﮣ
26:97 «Ба Худо савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем,
ﮤﮥﮦﮧﮨ
26:98 он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем.
ﮩﮪﮫﮬﮭ
26:99 Ва моро бадкорон гумроҳ сохтанд
ﮮﮯﮰﮱﯓ
26:100 ва акнун моро шафеъоне (халоскунандаҳое) нест
ﯔﯕﯖﯗ
26:101 ва моро дӯсти меҳрубоне нест.
ﯘﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟ
26:102 Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем».
ﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩ
26:103 Дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯ
26:104 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст!
ﯰﯱﯲﯳﯴ
26:105 Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғ барозарданд.
ﯵﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼ
26:106 Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Оё наметарсед?
ﯽﯾﯿﰀﰁ
26:107 Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам.
ﰂﰃﰄﰅ
26:108 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.
ﰆﰇﰈﰉﰊﰋﰌﰍﰎﰏﰐﰑﰒ
26:109 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.
ﰓﰔﰕﰖ
26:110 Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!»
ﰗﰘﰙﰚﰛﰜﰝ
26:111 Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки камбағалон пайрави ту ҳастанд?»
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗ
26:112 Гуфт: «Дониши ман ба корҳое, ки мекунанд, намерасад.
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠ
26:113 Агар мефаҳмед, ҳисобаш танҳо бо Парвардигори ман аст.
ﭡﭢﭣﭤﭥ
26:114 Ва ман мӯъминонро дур намекунам.
ﭦﭧﭨﭩﭪﭫ
26:115 Бимдиҳандае ошкор ҳастам».
ﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴ
26:116 Гуфтанд: «Эй Нӯҳ агар бас накунӣ, сангсор мешавӣ».
ﭵﭶﭷﭸﭹﭺ
26:117 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғ мебароранд.
ﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄ
26:118 Миёни ману онҳо роҳе баркушой ва марову мӯъминони ҳамроҳи маро наҷот бидеҳ».
ﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋ
26:119 Ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пур наҷот додем.
ﮌﮍﮎﮏﮐ
26:120 Ва боқиро ғарк, кардем.
ﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚ
26:121 Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.
ﮛﮜﮝﮞﮟﮠ
26:122 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст!
ﮡﮢﮣﮤ
26:123 Қавми Од паёмбаронро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд).
ﮥﮦﮧﮨﮩﮪﮫﮬ
26:124 Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё наметарсед?
ﮭﮮﮯﮰﮱ
26:125 Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам.
ﯓﯔﯕﯖ
26:126 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.
ﯗﯘﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣ
26:127 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.
ﯤﯥﯦﯧﯨﯩ
26:128 Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ биное баланд месозед?
ﯪﯫﯬﯭﯮ
26:129 Ва бад-ин пиндор, ки ҳамеша зиндаед, қасрхое бино мекунед?
ﯯﯰﯱﯲﯳ
26:130 Ва ҳар гоҳ интиқом гиред, чун бераҳмон интиқом мегиред?
ﯴﯵﯶﯷ
26:131 Пас аз Худо битарсед ва аз ман итоъат кунед.
ﯸﯹﯺﯻﯼﯽ
26:132 Ва битарсед аз он Худое, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст.
ﯾﯿﰀﰁ
26:133 Ва ба шумо чорпоёну фарзандон ато кардааст.
ﰂﰃﰄ
26:134 ва боғҳову чашмасорон.
ﰅﰆﰇﰈﰉﰊﰋ
26:135 Ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо бимнокам».
ﰌﰍﰎﰏﰐﰑﰒﰓﰔﰕ
26:136 Гуфтанд: «Барюй мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
26:137 Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён нест.
ﭗﭘﭙﭚ
26:138 Ва мо азоб нахоҳем шуд».
ﭛﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥﭦﭧ
26:139 Пас дурӯғаш бароварданд ва Мо ононро ҳалок кардем. Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд!
ﭨﭩﭪﭫﭬﭭ
26:140 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст!
ﭮﭯﭰﭱ
26:141 Қавми Самуд паёмбаронро дурӯғ бароварданд,
ﭲﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹ
26:142 Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед?
ﭺﭻﭼﭽﭾ
26:143 Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам.
ﭿﮀﮁﮂ
26:144 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎﮏ
26:145 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!
ﮐﮑﮒﮓﮔﮕ
26:146 Оё пиндоред, ки шуморо дар ин неъматҳо эмин раҳо мекунанд?
ﮖﮗﮘﮙ
26:147 Дар боғҳову чашмасорҳо?
ﮚﮛﮜﮝﮞ
26:148 Ва киштзорҳову наҳлҳо (хурмозорҳо) бо он шукуфаҳои нарму латиф?
ﮟﮠﮡﮢﮣﮤ
26:149 Ва шодмон дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед?
ﮥﮦﮧﮨ
26:150 Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!
ﮩﮪﮫﮬﮭ
26:151 Ва фармони ин исрофкоронро қабул накунед.
ﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕ
26:152 Инҳо, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд».
ﯖﯗﯘﯙﯚﯛ
26:153 Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.
ﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧ
26:154 Ту низ башаре монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар».
ﯨﯩﯪﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱ
26:155 Гуфт: «Ин модашутури ман аст. Як рӯз об хӯрдан ҳаққи ӯ бошад ва як рӯз ҳаққи шумо.
ﯲﯳﯴﯵﯶﯷﯸﯹ
26:156 Ба он осебе нарасонед, ки азоби рӯзе бузург шуморо фурӯ мегирад».
ﯺﯻﯼﯽ
26:157 Онро куштанд ва пушаймон шуданд.
ﯾﯿﰀﰁﰂﰃﰄﰅﰆﰇﰈﰉﰊ
26:158 Пас азоб онҳоро фурӯ гирифт., Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.
ﰋﰌﰍﰎﰏﰐ
26:159 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст!
ﭑﭒﭓﭔﭕ
26:160 Қавми Лут паёмбаронро дурӯғ бароварданд.
ﭖﭗﭘﭙﭚﭛﭜﭝ
26:161 Он гоҳ, ки бародарашон Лут гуфт: «Оё наметарсед?
ﭞﭟﭠﭡﭢ
26:162 Мам барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам.
ﭣﭤﭥﭦ
26:163 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!
ﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳ
26:164 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯхдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!
ﭴﭵﭶﭷﭸ
26:165 Чаро аз миёни мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед?
ﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅ
26:166 Ва ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон бароятон офаридааст, тарк мегӯед? На, шумо мардуме таҷовузкор ҳастед!»
ﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎ
26:167 Гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, аз шаҳр берунат мекунем».
ﮏﮐﮑﮒﮓﮔ
26:168 Гуфт: «Ман бо кори шумо душманам.
ﮕﮖﮗﮘﮙﮚ
26:169 Эй Парвардигори ман, маро ва касонамро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бахш!»
ﮛﮜﮝﮞ
26:170 Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем,
ﮟﮠﮡﮢﮣ
26:171 ғайри пиразане, ки хост бимонад.
ﮤﮥﮦﮧ
26:172 Сипас дигаронро ҳалок кардем,
ﮨﮩﮪﮫﮬﮭﮮﮯ
26:173 бар онҳо бороне боронидем ва чӣ бад буд борони таҳдидшудагон!
ﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗﯘﯙﯚ
26:174 Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.
ﯛﯜﯝﯞﯟﯠ
26:175 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст!
ﯡﯢﯣﯤﯥ
26:176 Мардуми Айка паёмбаронро дурӯғ бароварданд.
ﯦﯧﯨﯩﯪﯫﯬ
26:177 Он гоҳ ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё аз Худо наметарсед?
ﯭﯮﯯﯰﯱ
26:178 Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам.
ﯲﯳﯴﯵ
26:179 Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!
ﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁﰂ
26:180 Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.
ﰃﰄﰅﰆﰇﰈﰉﰊ
26:181 Паймонаро (зарфи ченкуниро) тамом бипардозед ва камфурӯшӣ макунед.
ﰋﰌﰍﰎ
26:182 Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед.
ﰏﰐﰑﰒﰓﰔﰕﰖﰗﰘ
26:183 Ба мардум кам мадиҳед ва бебокона дар замин фасод макунед.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
26:184 Аз он кас, ки шумо ва офаридагони пеш аз шуморо офаридааст, битарсед».
ﭗﭘﭙﭚﭛﭜ
26:185 Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.
ﭝﭞﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥﭦ
26:186 Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки дурӯғ мегӯӣ.
ﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰ
26:187 Агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар сари мо андоз».
ﭱﭲﭳﭴﭵﭶ
26:188 Гуфт: «Парвардигори ман ба коро, ки мекунед, донотар аст».
ﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂ
26:189 Пас дурӯғаш бароварданд ва дар он рӯзи абрӣ азоб ононро фурӯ гирифг. Ва он азоби рӯзе бузург буд!
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌ
26:190 Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд.
ﮍﮎﮏﮐﮑﮒ
26:191 Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст.
ﮓﮔﮕﮖﮗ
26:192 Ва ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
ﮘﮙﮚﮛﮜ
26:193 Онро рӯҳуламин нозил кардааст
ﮝﮞﮟﮠﮡﮢ
26:194 бар дили ту, то аз бимдиҳандагон бошӣ,
ﮣﮤﮥﮦ
26:195 ба забони арабии равшан.
ﮧﮨﮩﮪﮫ
26:196 Ва он дар навиштаҳои пешиниён низ ҳаст.
ﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖ
26:197 Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки уламои банӣ-Исроил аз он огоҳанд?
ﯗﯘﯙﯚﯛﯜ
26:198 Агар онро бар яке аз аҷамон (ғайри арабҳо) нозил карда будем
ﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣ
26:199 ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд,
ﯤﯥﯦﯧﯨﯩ
26:200 Ба ин тарз Қуръонро дар дилҳои гунаҳкорон роҳ додем.
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱ
26:201 Ба он имон намеоваранд то азоби дардоварро бубинанд.
ﯲﯳﯴﯵﯶﯷ
26:202 Ва он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фурӯд меояд.
ﯸﯹﯺﯻﯼ
26:203 Мегӯянд: «Оё моро мӯҳлате хоҳанд дод?»
ﯽﯾﯿ
26:204 Оё ба азоби мо мешитобанд?
ﰀﰁﰂﰃﰄ
26:205 Дидӣ, ки ҳарчанд солҳо баҳрамандашон сохтем,
ﰅﰆﰇﰈﰉﰊ
26:206 боз ҳам азобе, ки ба онҳо ваъда шуда буд, бар сарашон омад.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗ
26:207 Он баҳрамандиҳо ба ҳолашон нафъ накард?
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞﭟ
26:208 Мо ҳеҷ деҳаеро ҳалок накардем, ҷуз он, ки барояшон бимдиҳандагоне буданд,
ﭠﭡﭢﭣﭤ
26:209 то пандашон диҳанд. Зеро мо ситамкор нестем.
ﭥﭦﭧﭨﭩ
26:210 Ва ин Қуръонро шайтонҳо нозил накардаанд.
ﭪﭫﭬﭭﭮﭯ
26:211 Онон на лоиқи ин коранд ва на тавони он доранд.
ﭰﭱﭲﭳﭴ
26:212 Шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд.
ﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾ
26:213 Пас бо Худои якто худои дигареро махон, то мабод дар шумори азобшавандагон дароӣ.
ﭿﮀﮁﮂ
26:214 Хешовандони наздикатро битарсон.
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉ
26:215 Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки ба ту пайравӣ мекунад, хоксору нарм бош!
ﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑ
26:216 Ва агар бар ту нофармони карданд, бигӯ: «Ман аз корҳои шумо безорам!»
ﮒﮓﮔﮕﮖ
26:217 Ва бар Худои пирӯзманду меҳрубон таваккал кун.
ﮗﮘﮙﮚﮛ
26:218 Он, ки туро мебинад, он гоҳ, ки бармехезӣ
ﮜﮝﮞﮟ
26:219 ва намоз хонданатро бо дигар намозгузорон мебинад.
ﮠﮡﮢﮣﮤ
26:220 Албатта Ӯст шунавои доно!
ﮥﮦﮧﮨﮩﮪﮫ
26:221 Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд?
ﮬﮭﮮﮯﮰﮱ
26:222 Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд.
ﯓﯔﯕﯖﯗ
26:223 Гӯш медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд.
ﯘﯙﯚﯛ
26:224 Ва гумроҳон аз паи шоирон мераванд.
ﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣ
26:225 Оё надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие саргаштаанд?
ﯤﯥﯦﯧﯨﯩ
26:226 Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд?
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳﯴﯵﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼﯽﯾ
26:227 Ғайри онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зуди хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд.

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers