PDF —
60 Оят Meccan PDF
Built right in your browser — download starts automatically

Сураи Аз-Зарият pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)

Сураи Аз-Зарият pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аз-Зарият Тарҷума. Сураи Аз-Зарият (Meccan) 60 Оят.

← КафСураи Аз-Зарият Ат-Тур →


60 Оят · Meccan · Тоҷикӣ
bismillah
ﯤﯥﯦ
51:1 Савганд ба бодҳое, ки хок пароканда мекунанд,
ﯧﯨﯩ
51:2 савганд, ба абрҳои гаронбор,
ﯪﯫﯬ
51:3 савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ равонанд
ﯭﯮﯯ
51:4 ва савганд ба фариштагоне, ки тақсимкунандаи корҳоянд,
ﯰﯱﯲﯳ
51:5 ки он чӣ шуморо ваъда медиҳанд, рост аст
ﯴﯵﯶﯷ
51:6 ва рӯзи ҷазо омаданист.
ﭑﭒﭓﭔ
51:7 Ва савганд ба осмон, ки ба ситорагон ороста аст,
ﭕﭖﭗﭘﭙ
51:8 ки шумо (дар хусуси пайғамбар) сухани гуногун мегӯед!
ﭚﭛﭜﭝﭞ
51:9 Аз ҳақ бозгардонида шавад, он ки бозгардониданашро хостаанд.
ﭟﭠﭡ
51:10 Марг бод бар он дурӯғгӯён,
ﭢﭣﭤﭥﭦﭧ
51:11 онон ки ба ғафлат дар ҷаҳл фурӯ рафтаанд.
ﭨﭩﭪﭫﭬ
51:12 Мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»
ﭭﭮﭯﭰﭱﭲ
51:13 Рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд.
ﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺ
51:14 «Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки ба шитоб металабидед!»
ﭻﭼﭽﭾﭿﮀ
51:15 Парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд,
ﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋ
51:16 Он чиро Худо ба онҳо додааст, гирифтаанд. Зеро пеш аз он некӯкор буданд,
ﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒ
51:17 андаке аз шабро мехобиданд
ﮓﮔﮕﮖ
51:18 ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекарданд
ﮗﮘﮙﮚﮛﮜ
51:19 ва дар молҳояшон барои пурсандаву маҳрум хаққе буд.
ﮝﮞﮟﮠﮡ
51:20 Ва дар замин барои ахли яқин ибратҳоест
ﮢﮣﮤﮥﮦﮧ
51:21 ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед?
ﮨﮩﮪﮫﮬﮭ
51:22 Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда шуда, дар осмон аст.
ﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗﯘ
51:23 Пас савганд ба Парвардигори осмонаҳову замин, ки ин сухан ончунон ки сухан мегӯянд, ҳақ ва рост аст.
ﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟ
51:24 Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?
ﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪ
51:25 Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношинохтаед!»
ﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱ
51:26 Дар ниҳон ва шитобон назди касони худ рафт ва гӯсолаи фарбеҳе овард.
ﯲﯳﯴﯵﯶﯷ
51:27 Таъомро ба наздашон гузошту гуфт: «Чаро намехӯред?»
ﯸﯹﯺﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁﰂﰃ
51:28 Ва аз онҳо бимнок шуд. Гуфтанд: «Матарс!» Ва ӯро ба фарзанде доно хушхабар доданд.
ﰄﰅﰆﰇﰈﰉﰊﰋﰌﰍ
51:29 Ва занаш фарёдзанон омад ва бар рӯй заду гуфт: Ман пиразане нозоям».
ﰎﰏﰐﰑﰒﰓﰔﰕﰖﰗ
51:30 Гуфтанд: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст. Ва ӯ ҳакиму доност!»
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗ
51:31 Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞ
51:32 Гуфтанд: «Моро бар мардуме табаҳкор фиристодаанд,
ﭟﭠﭡﭢﭣﭤ
51:33 то тиккаҳои сангҳои гили бар сарашон биборем,
ﭥﭦﭧﭨﭩ
51:34 ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад, гузаштаҳо нишон гузоштаанд».
ﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰ
51:35 Пас ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем.
ﭱﭲﭳﭴﭵﭶﭷﭸ
51:36 Ва дар он шаҳр ғайри як хона ва фармонбардорон наёфтем.
ﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀ
51:37 Ва дар он сарзамин барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне боқӣ гузоштем.
ﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉ
51:38 Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо ҳуҷҷате ошкор назди Фиръавн фиристодем.
ﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐ
51:39 Ва Ӯ бо ҳамаи қуввааш рӯй гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!»
ﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘ
51:40 Ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Ва ӯ муставҷиби (сазовори) маломат буд.
ﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠ
51:41 Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ, ки боди ақимро бар онҳо фиристодем.
ﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧﮨﮩﮪ
51:42 Бар ҳар чизе вазид, фақат устухоне пӯсидааш бар ҷой гузошт.
ﮫﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔ
51:43 Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «То замоне чанд бархурдор шавед».
ﯕﯖﯗﯘﯙﯚﯛﯜﯝ
51:44 Онон аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди тунде фурӯ гирифташон.
ﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥ
51:45 Истодан натавонистанд ва тавони интиқом надоштанд.
ﯦﯧﯨﯩﯪﯫﯬﯭﯮﯯ
51:46 Ва аз пеш қавми Нӯҳро ҳалок кардем, ки қавме нофармон буданд.
ﯰﯱﯲﯳﯴﯵ
51:47 Ва осмонро ба қувват барафроштем ва ҳаққо, ки Мо тавоноем.
ﯶﯷﯸﯹﯺ
51:48 Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густарандагонем!
ﯻﯼﯽﯾﯿﰀﰁﰂ
51:49 Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, шояд, ки ибрат гиред.
ﰃﰄﰅﰆﰇﰈﰉﰊﰋﰌ
51:50 Пас ба сӯи Худованд бигрезед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам.
ﰍﰎﰏﰐﰑﰒﰓﰔﰕﰖﰗﰘﰙ
51:51 Ва бо Худои якто худои дигароро мапарастед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам.
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞ
51:52 Ҳамчунин бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, ҳар паёмбаре, ки фиристода шуд, гуфтанд: «Ҷодугарест ё девонаест!»
ﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥﭦ
51:53 Оё ба ин кор якдигарро васият карда буданд? На, худ мардуме тоғӣ (саркаш) буданд.
ﭧﭨﭩﭪﭫﭬ
51:54 Пас аз онҳо рӯйгардон шав. Кас туро маломат нахоҳад кард.
ﭭﭮﭯﭰﭱﭲ
51:55 Андарз (панд) бидеҳ, ки андарз мӯъминонро манфиат дорад.
ﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹ
51:56 Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худ офаридаам.
ﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃ
51:57 Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (хӯронанд).
ﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋ
51:58 Худост рӯзидиҳанда. Ва Ӯст соҳиби қуввате сахт устувор!
ﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕ
51:59 Ин ситамкоронро аз азоб баҳраест монанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас ба шитоб чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд!
ﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝ
51:60 Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд!

Қуръони Карим


Wednesday, September 9, 2026

Don't forget us in your sincere prayers