Сураи Аль-Аляк pdf — Боргирӣ (Тоҷикӣ)
Сураи Аль-Аляк pdf Тоҷикӣ — Боргирӣ Сураи Аль-Аляк Тарҷума. Сураи Аль-Аляк (Meccan) 19 Оят.
Related
- Сураи Аль-Аляк ТарҷумаТоҷикӣ
- Сураи Аль-Аляк mp3Гӯш кун
- Quran Index Тоҷикӣ114
More Сураи PDF
Сураи Аль-Аляк

ﮕﮖﮗﮘﮙﮚ
96:1
Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид,
ﮛﮜﮝﮞﮟ
96:2
одамиро аз лахтаи хуне биёфарид.
ﮠﮡﮢﮣ
96:3
Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.
ﮤﮥﮦﮧ
96:4
Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод,
ﮨﮩﮪﮫﮬﮭ
96:5
ба одами он чиро, ки намедонист, биёмухт.
ﮮﮯﮰﮱﯓ
96:6
Ҳаққо, ки одами аз ҳад мегузарад,
ﯔﯕﯖﯗ
96:7
ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.
ﯘﯙﯚﯛﯜ
96:8
Албатта бозгашт ба сӯи Парвардигори туст.
ﯝﯞﯟﯠ
96:9
Оё дидӣ он касро, ки, манъ мекунад,
ﯡﯢﯣﯤ
96:10
бандаеро, ки намоз мехонад?
ﯥﯦﯧﯨﯩﯪ
96:11
Канӣ бигӯ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад?
ﯫﯬﯭﯮ
96:12
Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад?
ﭑﭒﭓﭔﭕ
96:13
Канӣ бигӯ, агар дурӯғ барорад ва рӯйгардон шавад?
ﭖﭗﭘﭙﭚﭛ
96:14
Оё надонистааст, ки Худо мебинад?
ﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢ
96:15
Ҳаққо, ки агар бознаистад, аз мӯи пеши сараш мегирему мекашем,
ﭣﭤﭥﭦ
96:16
мӯи пеши сари дурӯғгӯи хатокорро.
ﭧﭨﭩ
96:17
Пас ҳамдамони худро даъват кунад.
ﭪﭫﭬ
96:18
Мо низ коргузоронидӯзахро даъват мекунем!
ﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳ
96:19
На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав! (Саҷда).
Қуръони Карим
Wednesday, September 9, 2026
Don't forget us in your sincere prayers







