Summa antum haaa`ulaaa`i taqtuloona anfusakum wa tukhrijoona fareeqam minkum min diyaarihim tazaaharoona `alaihim bil ismi wal`udwaani wa iny yaatookum usaaraa tufaadoohum wahuwa muharramun `alaikum ikhraajuhum; afatu` mi-noona biba`dil Kitaabi wa takfuroona biba`d; famaa jazaaa`u mai yaf`alu zaalika minkum illaa khizyun fil hayaatid-dunyaa wa yawmal qiyaamati yuraddoona ilaaa ashaddil `azaab; wa mal laahu bighaafilin `ammaa ta`maloon
📖 Тарҷума (Ба Тоҷикӣ)
📖 Ба Тоҷикӣ
Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед? Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарзе шиканҷа мешавад ва ба Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
🌐 Additional reference in Русский
🌐 Русский
И вслед за этим вы же сами Друг друга стали убивать, Других же изгонять из собственных жилищ, Враждой и притеснением потворствуя друг другу. И если же они как пленные к вам возвращались, За них давали выкуп вы, Хотя нельзя вам было изгонять их (по Завету). Ужель вы верите в одни слова сей Книги И отвергаете другие? Но как воздастся тем из вас, Которые так (скверно) поступают? Их ждет бесчестие в ближайшей жизни, А в День Воскресения (на Суд) - жестокая расплата, - Ведь в небрежении Аллах не остается К поступкам вашим и делам.
«تَظَاهَرُونَ»: якдигарро ёрӣ медиҳед ва дастгирӣ мекунед.
«أُسَارَىٰ»: ҷамъи «асир», яъне асирон.
«تُفَادُوهُمْ»: фидя медиҳед, то онҳоро аз асирӣ озод кунед.
«خِزْيٌ»: расвоӣ, хорӣ ва зиллат.
Тафсири оят:
Худованд ба банӣ Исроил хитоб мекунад, ки шумо пас аз паймон бастани худ бо Худо, боз ҳам ба кори зишт даст мезанед: баъзе аз шумо баъзеи дигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз диёрашон берун мекунед ва дар ин кор бар зидди онҳо бо гуноҳ ва зулм бо душманон ҳамкорӣ менамоед. Аммо агар ҳамон касоне, ки шумо берун кардаед, дар дасти душманон асир шаванд, шумо барои озодии онҳо фидя медиҳед, ҳол он ки берун кардани онҳо аз диёрашон бар шумо ҳаром буд. Оё шумо ба баъзе аҳкоми китоби Худо имон меоред ва ба баъзеи дигар кофир мешавед? Пас ҷазои касе аз шумо, ки чунин корро мекунад, ҷуз расвоӣ ва хорӣ дар ҳаёти дунё нест ва рӯзи қиёмат ба сахттарин азоб гардонда мешаванд. Ва Худо аз он чи шумо мекунед, ғофил нест.
Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед? Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарзе шиканҷа мешавад ва ба Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
Ва он ҳангомро, ки бо шумо паймон ниҳодем, ки хуни ҳам нарезед ва якдигарро аз хонумон овора масозед ва шумо ба паймон гардан ниҳодед ва худ бар он гувоҳ ҳастед.
Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед? Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарзе шиканҷа мешавад ва ба Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
Ба таҳқиқ Мӯсоро китоб додем ва аз паи ӯ паёмбарон фиристодем. Ва ба Исо бинни Марям далелҳои равшан иноят кардем ва ӯро бо рӯҳулқудс қувват додем. Ва ҳар гоҳ паёмбаре омад ва чизҳое овард, ки писанди нафси шумо набуд, саркашӣ кардед ва гурӯҳеро дурӯғгӯ хондед ва гурӯҳеро куштед.
SurahQuran.com was founded as a humble effort to serve the Noble Book and the pure Sunnah, to invite people to Allah, and to make the religious sciences accessible according to the methodology of the Quran and Sunnah. We praise and thank Allah for His grace, and we ask Him to accept our work and make it sincere for His noble Face.