لَا أُقْسِمُ بِيَوْمِ الْقِيَامَةِ(1)   Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат | 
وَلَا أُقْسِمُ بِالنَّفْسِ اللَّوَّامَةِ(2)   ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар! | 
أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَلَّن نَّجْمَعَ عِظَامَهُ(3)   Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард? | 
بَلَىٰ قَادِرِينَ عَلَىٰ أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُ(4)   Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем. | 
بَلْ يُرِيدُ الْإِنسَانُ لِيَفْجُرَ أَمَامَهُ(5)   Балки одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад. | 
يَسْأَلُ أَيَّانَ يَوْمُ الْقِيَامَةِ(6)   Мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?» | 
فَإِذَا بَرِقَ الْبَصَرُ(7)   Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад | 
وَخَسَفَ الْقَمَرُ(8)   ва моҳ тира шавад | 
وَجُمِعَ الشَّمْسُ وَالْقَمَرُ(9)   ва офтобу моҳ дар як ҷой ҷамъ оянд. | 
يَقُولُ الْإِنسَانُ يَوْمَئِذٍ أَيْنَ الْمَفَرُّ(10)   Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?» | 
كَلَّا لَا وَزَرَ(11)   Ҳаргиз паноҳгоҳе нест! | 
إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ الْمُسْتَقَرُّ(12)   Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст! | 
يُنَبَّأُ الْإِنسَانُ يَوْمَئِذٍ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ(13)   Дар ин рӯз одамиро аз ҳар чӣ пешопеш фиристода ва баъд аз худ гузоштааст, хабар медиҳанд. | 
بَلِ الْإِنسَانُ عَلَىٰ نَفْسِهِ بَصِيرَةٌ(14)   Балки одамӣ худро нек мешиносад, | 
وَلَوْ أَلْقَىٰ مَعَاذِيرَهُ(15)   ҳарчанд ба забон узрҳо оварад. | 
لَا تُحَرِّكْ بِهِ لِسَانَكَ لِتَعْجَلَ بِهِ(16)   Ба шитоб забон ба хондани Қуръон наҷунбон, | 
إِنَّ عَلَيْنَا جَمْعَهُ وَقُرْآنَهُ(17)   ки ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, | 
فَإِذَا قَرَأْنَاهُ فَاتَّبِعْ قُرْآنَهُ(18)   Чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун, | 
ثُمَّ إِنَّ عَلَيْنَا بَيَانَهُ(19)   Сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост. | 
كَلَّا بَلْ تُحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ(20)   Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред | 
وَتَذَرُونَ الْآخِرَةَ(21)   ва охиратро тарк мекунед. | 
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ(22)   Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон, | 
إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٌ(23)   ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд | 
وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ بَاسِرَةٌ(24)   ва рӯйҳое ҳаст гирифтаву турш, | 
تَظُنُّ أَن يُفْعَلَ بِهَا فَاقِرَةٌ(25)   ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд. | 
كَلَّا إِذَا بَلَغَتِ التَّرَاقِيَ(26)   Оре, чун ҷон ба гулӯ расад | 
وَقِيلَ مَنْ ۜ رَاقٍ(27)   ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад? | 
وَظَنَّ أَنَّهُ الْفِرَاقُ(28)   Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида | 
وَالْتَفَّتِ السَّاقُ بِالسَّاقِ(29)   ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд, | 
إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ الْمَسَاقُ(30)   он рӯз рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст. | 
فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ(31)   На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст. | 
وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ(32)   Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардондааст. | 
ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰ أَهْلِهِ يَتَمَطَّىٰ(33)   Он гоҳ хиромон назди касонаш рафтааст. | 
أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰ(34)   Вой бар ту, пас вой бар ту! | 
ثُمَّ أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰ(35)   Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту! | 
أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَن يُتْرَكَ سُدًى(36)   Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ, вогузоштаанд? | 
أَلَمْ يَكُ نُطْفَةً مِّن مَّنِيٍّ يُمْنَىٰ(37)   Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме рехта шуда, набудааст? | 
ثُمَّ كَانَ عَلَقَةً فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ(38)   Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид. | 
فَجَعَلَ مِنْهُ الزَّوْجَيْنِ الذَّكَرَ وَالْأُنثَىٰ(39)   Ва онҳоро ду синф кард: нару мода. | 
أَلَيْسَ ذَٰلِكَ بِقَادِرٍ عَلَىٰ أَن يُحْيِيَ الْمَوْتَىٰ(40)   Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад? |