La sourate Al-Maarij en Tadjik
سَأَلَ سَائِلٌ بِعَذَابٍ وَاقِعٍ(1) Пурсандае аз азобе пурсид, ки |
لِّلْكَافِرِينَ لَيْسَ لَهُ دَافِعٌ(2) бар кофирон фуруд хоҳад омад ва кас онро дафъ натавонад кард |
مِّنَ اللَّهِ ذِي الْمَعَارِجِ(3) аз ҷониби Худо, ки соҳиби осмонҳост. |
تَعْرُجُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ إِلَيْهِ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ خَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ(4) Дар рӯзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст, фариштагон ва рӯҳ ба он ҷо боло раванд. |
فَاصْبِرْ صَبْرًا جَمِيلًا(5) Пас сабр кун, сабре некӯ. |
إِنَّهُمْ يَرَوْنَهُ بَعِيدًا(6) Онҳо он рӯзро дур мебинанд |
وَنَرَاهُ قَرِيبًا(7) ва мо наздикаш мебинем |
يَوْمَ تَكُونُ السَّمَاءُ كَالْمُهْلِ(8) рӯзе, ки осмон чун филиз гудохта гардад |
وَتَكُونُ الْجِبَالُ كَالْعِهْنِ(9) ва кӯҳҳо чун пашм (дар сабукӣ) |
وَلَا يَسْأَلُ حَمِيمٌ حَمِيمًا(10) ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад, |
يُبَصَّرُونَهُمْ ۚ يَوَدُّ الْمُجْرِمُ لَوْ يَفْتَدِي مِنْ عَذَابِ يَوْمِئِذٍ بِبَنِيهِ(11) якдигарро баробари чашмашон оранд. Гуноҳкор дӯст дорад, ки худашро бозхарад ба фарзандонаш |
وَصَاحِبَتِهِ وَأَخِيهِ(12) ва занаш ва бародараш |
وَفَصِيلَتِهِ الَّتِي تُؤْوِيهِ(13) ва аширааш (хешонаш), ки ӯро макон додааст |
وَمَن فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ يُنجِيهِ(14) ва ҳамаи онҳо, ки дар рӯи заминанд ва наҷот ёбад. |
كَلَّا ۖ إِنَّهَا لَظَىٰ(15) Ҳаргиз на, ки он шӯълаи оташ аст, |
نَزَّاعَةً لِّلشَّوَىٰ(16) пӯсти сарро меканад, |
تَدْعُو مَنْ أَدْبَرَ وَتَوَلَّىٰ(17) ҳар киро, ки ба ҳақ пушт кард ва аз фармон сар печид, ба тарафи худ мехонад |
وَجَمَعَ فَأَوْعَىٰ(18) ва онро, ки ҷамъ меоварду ҷой мекард. |
۞ إِنَّ الْإِنسَانَ خُلِقَ هَلُوعًا(19) Албатта одамиро ҳарису бесабр офаридаанд. |
إِذَا مَسَّهُ الشَّرُّ جَزُوعًا(20) Чун бадие ба ӯ расад, беқарорӣ кунад. |
وَإِذَا مَسَّهُ الْخَيْرُ مَنُوعًا(21) Ва чун моле ба дасташ афтад бахилӣ мекунад, |
إِلَّا الْمُصَلِّينَ(22) магар намозгузорандагон: |
الَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ دَائِمُونَ(23) онон, ки ба намоз мудовамат (давом) мекунанд |
وَالَّذِينَ فِي أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ مَّعْلُومٌ(24) ва онон, ки дар молҳояшон ҳаққест муъайян |
لِّلسَّائِلِ وَالْمَحْرُومِ(25) барои гадову маҳрум |
وَالَّذِينَ يُصَدِّقُونَ بِيَوْمِ الدِّينِ(26) ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд |
وَالَّذِينَ هُم مِّنْ عَذَابِ رَبِّهِم مُّشْفِقُونَ(27) ва касоне, ки аз азбоби Парвардигорашон тарсонанд, |
إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمْ غَيْرُ مَأْمُونٍ(28) ки аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд |
وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ(29) ва касоне, ки шармгоҳи худ нигаҳ медоранд, |
إِلَّا عَلَىٰ أَزْوَاجِهِمْ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ(30) магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, маломате бар онҳо нест. |
فَمَنِ ابْتَغَىٰ وَرَاءَ ذَٰلِكَ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْعَادُونَ(31) Ва онон, ки ғайри инро биталабанд, аз ҳад гузаштагон ҳастанд. |
وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ(32) Ва касоне, ки амонатҳову аҳдхои худро риъоят мекунанд |
وَالَّذِينَ هُم بِشَهَادَاتِهِمْ قَائِمُونَ(33) ва касоне, ки шоҳидии худ ба ҳақ адо мекунанд |
وَالَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ يُحَافِظُونَ(34) ва касоне, ки бар намозҳошон мувозибат (давом) доранд, |
أُولَٰئِكَ فِي جَنَّاتٍ مُّكْرَمُونَ(35) инҳо дар биҳишт гиромн ҳастанд. |
فَمَالِ الَّذِينَ كَفَرُوا قِبَلَكَ مُهْطِعِينَ(36) Пас чист, ки кофирон ба сӯи ту мешитобанд? |
عَنِ الْيَمِينِ وَعَنِ الشِّمَالِ عِزِينَ(37) Даста-даста аз ҷониби чапу, аз ҷониби рост. |
أَيَطْمَعُ كُلُّ امْرِئٍ مِّنْهُمْ أَن يُدْخَلَ جَنَّةَ نَعِيمٍ(38) Оё ҳар як аз онҳо тамаъ мекунад, ки ба биҳишти пурнеъмат дохил шавад? |
كَلَّا ۖ إِنَّا خَلَقْنَاهُم مِّمَّا يَعْلَمُونَ(39) Ҳаргиз на, онҳо худ медонанд,, ки аз чӣ чиз онҳоро офаридаем. |
فَلَا أُقْسِمُ بِرَبِّ الْمَشَارِقِ وَالْمَغَارِبِ إِنَّا لَقَادِرُونَ(40) Пас савганд ба Парвардигори машриқҳову мағрибҳо, ки Мо тавоноем, |
عَلَىٰ أَن نُّبَدِّلَ خَيْرًا مِّنْهُمْ وَمَا نَحْنُ بِمَسْبُوقِينَ(41) ки ба ҷои онҳо мардуме беҳтар биёварем ва дар ин кор нотавон нестем. |
فَذَرْهُمْ يَخُوضُوا وَيَلْعَبُوا حَتَّىٰ يُلَاقُوا يَوْمَهُمُ الَّذِي يُوعَدُونَ(42) Пас бигузорашон то ба беҳудагӣ машғул шаванду ба бозича, то ба он рӯзе, ки ваъдаашон додаем, бирасанд, |
يَوْمَ يَخْرُجُونَ مِنَ الْأَجْدَاثِ سِرَاعًا كَأَنَّهُمْ إِلَىٰ نُصُبٍ يُوفِضُونَ(43) рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бадар оянд, чунон ки гӯӣ назди бутон мешитобанд |
خَاشِعَةً أَبْصَارُهُمْ تَرْهَقُهُمْ ذِلَّةٌ ۚ ذَٰلِكَ الْيَوْمُ الَّذِي كَانُوا يُوعَدُونَ(44) ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда ва ба хори афтодаанд: ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода буданд! |
Plus de sourates en Tadjik :
Téléchargez la sourate avec la voix des récitants du Coran les plus célèbres :
Téléchargez le fichier mp3 de la sourate Al-Maarij : choisissez le récitateur pour écouter et télécharger la sourate Al-Maarij complète en haute qualité.















Donnez-nous une invitation valide