Сураи Аль-Инфитар ба арабӣ ва тоҷикӣ

Сураи Аль-Инфитарро бо тарҷумаи пурраи тоҷикӣ ва тиловати садо хонед. Тарҷума оят ба оят. (19 Оят — مكية). Аль-Инфитар Гӯш кун, Аль-Инфитар Тарҷума, Аль-Инфитар mp3, Аль-Инфитар pdf.

Сураи Аль-Инфитарро хон ва гӯш кун

🎧 Оят
M Mishary Rashid Alafasy
M Mahmoud Khalil Al-Husary
A Abdurrahman As-Sudais
M Mohamed Siddiq Al-Minshawi
A Abdul Basit Abdul Samad
A Ali Al-Hudhaify
A Ahmed ibn Ali al-Ajamy
A Abu Bakr Ash-Shaatree
M Muhammad Ayyoub
A Abdullah Basfar
A Abdullah Al-Juhani
M Maher Al Muaiqly
x1
إِذَا السَّمَاءُ انفَطَرَتْ ۝١
📖 Тарҷума Оят 1
Он гоҳ, ки осмон бишикофад
وَإِذَا الْكَوَاكِبُ انتَثَرَتْ ۝٢
📖 Тарҷума Оят 2
ва он гоҳ ки ситоратон пароканда шаванд
وَإِذَا الْبِحَارُ فُجِّرَتْ ۝٣
📖 Тарҷума Оят 3
ва он гоҳ, ки дарёҳо ба ҳам бипайванданд
وَإِذَا الْقُبُورُ بُعْثِرَتْ ۝٤
📖 Тарҷума Оят 4
ва он гоҳ, ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гардаид,
عَلِمَتْ نَفْسٌ مَّا قَدَّمَتْ وَأَخَّرَتْ ۝٥
📖 Тарҷума Оят 5
ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст.
يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ الْكَرِيمِ ۝٦
📖 Тарҷума Оят 6
Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст).
الَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّاكَ فَعَدَلَكَ ۝٧
📖 Тарҷума Оят 7
Он кӣ туро биёфарид, ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадил қомат кард.
فِي أَيِّ صُورَةٍ مَّا شَاءَ رَكَّبَكَ ۝٨
📖 Тарҷума Оят 8
Ва ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод).
كَلَّا بَلْ تُكَذِّبُونَ بِالدِّينِ ۝٩
📖 Тарҷума Оят 9
Не, не шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед.
وَإِنَّ عَلَيْكُمْ لَحَافِظِينَ ۝١٠
📖 Тарҷума Оят 10
Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
كِرَامًا كَاتِبِينَ ۝١١
📖 Тарҷума Оят 11
котибоне бузургвор
يَعْلَمُونَ مَا تَفْعَلُونَ ۝١٢
📖 Тарҷума Оят 12
медонанд, ки шумо чӣ мекунед.
إِنَّ الْأَبْرَارَ لَفِي نَعِيمٍ ۝١٣
📖 Тарҷума Оят 13
Албатта некӯкорон дар неъматанд
وَإِنَّ الْفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٍ ۝١٤
📖 Тарҷума Оят 14
ва гуноҳкорон дар ҷаҳаннам!
يَصْلَوْنَهَا يَوْمَ الدِّينِ ۝١٥
📖 Тарҷума Оят 15
Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
وَمَا هُمْ عَنْهَا بِغَائِبِينَ ۝١٦
📖 Тарҷума Оят 16
ва аз он ғоиб нашаванд
وَمَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الدِّينِ ۝١٧
📖 Тарҷума Оят 17
Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?
ثُمَّ مَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الدِّينِ ۝١٨
📖 Тарҷума Оят 18
Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?
يَوْمَ لَا تَمْلِكُ نَفْسٌ لِّنَفْسٍ شَيْئًا ۖ وَالْأَمْرُ يَوْمَئِذٍ لِّلَّهِ ۝١٩
📖 Тарҷума Оят 19
Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натаванад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад.
← 81 Аль-Инфитар (82/114) 83 →
Хондан Сураи Аль-Инфитар бо Тоҷикӣ – Тарҷума ва Садо

82الإنفطار Al-Infitar 📚 19 Оят مكية

Оят ба оят – Сураи Аль-Инфитар — 19 Оят




Қуръони Карим


Tuesday, August 18, 2026

Don't forget us in your sincere prayers