Сураи Аль-Иншикак ба арабӣ ва тоҷикӣ

Сураи Аль-Иншикакро бо тарҷумаи пурраи тоҷикӣ ва тиловати садо хонед. Тарҷума оят ба оят. (25 Оят — مكية). Аль-Иншикак Гӯш кун, Аль-Иншикак Тарҷума, Аль-Иншикак mp3, Аль-Иншикак pdf.

Сураи Аль-Иншикакро хон ва гӯш кун

🎧 Оят
M Mishary Rashid Alafasy
M Mahmoud Khalil Al-Husary
A Abdurrahman As-Sudais
M Mohamed Siddiq Al-Minshawi
A Abdul Basit Abdul Samad
A Ali Al-Hudhaify
A Ahmed ibn Ali al-Ajamy
A Abu Bakr Ash-Shaatree
M Muhammad Ayyoub
A Abdullah Basfar
A Abdullah Al-Juhani
M Maher Al Muaiqly
x1
إِذَا السَّمَاءُ انشَقَّتْ ۝١
📖 Тарҷума Оят 1
Чун осмон шикофта шавад
وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ ۝٢
📖 Тарҷума Оят 2
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
وَإِذَا الْأَرْضُ مُدَّتْ ۝٣
📖 Тарҷума Оят 3
ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад
وَأَلْقَتْ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتْ ۝٤
📖 Тарҷума Оят 4
ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад
وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ ۝٥
📖 Тарҷума Оят 5
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.
يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَاقِيهِ ۝٦
📖 Тарҷума Оят 6
Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид.
فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ ۝٧
📖 Тарҷума Оят 7
Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд,
فَسَوْفَ يُحَاسَبُ حِسَابًا يَسِيرًا ۝٨
📖 Тарҷума Оят 8
ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд
وَيَنقَلِبُ إِلَىٰ أَهْلِهِ مَسْرُورًا ۝٩
📖 Тарҷума Оят 9
ва шодмон назди касонаш бозгардад.
وَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ وَرَاءَ ظَهْرِهِ ۝١٠
📖 Тарҷума Оят 10
Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад,
فَسَوْفَ يَدْعُو ثُبُورًا ۝١١
📖 Тарҷума Оят 11
ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».
وَيَصْلَىٰ سَعِيرًا ۝١٢
📖 Тарҷума Оят 12
Ва ба оташи афрӯхта дарояд.
إِنَّهُ كَانَ فِي أَهْلِهِ مَسْرُورًا ۝١٣
📖 Тарҷума Оят 13
Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд.
إِنَّهُ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ ۝١٤
📖 Тарҷума Оят 14
Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт.
بَلَىٰ إِنَّ رَبَّهُ كَانَ بِهِ بَصِيرًا ۝١٥
📖 Тарҷума Оят 15
Оре, Парвардигораш ӯро медидааст.
فَلَا أُقْسِمُ بِالشَّفَقِ ۝١٦
📖 Тарҷума Оят 16
Пас ба шафақ савганд мехӯрам
وَاللَّيْلِ وَمَا وَسَقَ ۝١٧
📖 Тарҷума Оят 17
ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад
وَالْقَمَرِ إِذَا اتَّسَقَ ۝١٨
📖 Тарҷума Оят 18
ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад,
لَتَرْكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٍ ۝١٩
📖 Тарҷума Оят 19
ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.
فَمَا لَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ ۝٢٠
📖 Тарҷума Оят 20
Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд?
وَإِذَا قُرِئَ عَلَيْهِمُ الْقُرْآنُ لَا يَسْجُدُونَ ۩ ۝٢١
📖 Тарҷума Оят 21
Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда).
بَلِ الَّذِينَ كَفَرُوا يُكَذِّبُونَ ۝٢٢
📖 Тарҷума Оят 22
Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд).
وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُوعُونَ ۝٢٣
📖 Тарҷума Оят 23
Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст.
فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ۝٢٤
📖 Тарҷума Оят 24
Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ
إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ أَجْرٌ غَيْرُ مَمْنُونٍ ۝٢٥
📖 Тарҷума Оят 25
ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест.
← 83 Аль-Иншикак (84/114) 85 →
Хондан Сураи Аль-Иншикак бо Тоҷикӣ – Тарҷума ва Садо

84الإنشقاق Al-Inshiqaq 📚 25 Оят مكية

Оят ба оят – Сураи Аль-Иншикак — 25 Оят




Қуръони Карим


Tuesday, August 18, 2026

Don't forget us in your sincere prayers