وَالنَّازِعَاتِ غَرْقًا(1) Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд |
وَالنَّاشِطَاتِ نَشْطًا(2) ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд |
وَالسَّابِحَاتِ سَبْحًا(3) ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд |
فَالسَّابِقَاتِ سَبْقًا(4) ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои мӯъминон) |
فَالْمُدَبِّرَاتِ أَمْرًا(5) ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд, |
يَوْمَ تَرْجُفُ الرَّاجِفَةُ(6) ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад |
تَتْبَعُهَا الرَّادِفَةُ(7) ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, |
قُلُوبٌ يَوْمَئِذٍ وَاجِفَةٌ(8) дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд |
أَبْصَارُهَا خَاشِعَةٌ(9) ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён! |
يَقُولُونَ أَإِنَّا لَمَرْدُودُونَ فِي الْحَافِرَةِ(10) Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем, |
أَإِذَا كُنَّا عِظَامًا نَّخِرَةً(11) он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?» |
قَالُوا تِلْكَ إِذًا كَرَّةٌ خَاسِرَةٌ(12) Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар! |
فَإِنَّمَا هِيَ زَجْرَةٌ وَاحِدَةٌ(13) Фақат ин аст, ки танҳо як бонг бармеояд. |
فَإِذَا هُم بِالسَّاهِرَةِ(14) ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт. |
هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ مُوسَىٰ(15) Оё достони Мӯсо ба ту расидааст? |
إِذْ نَادَاهُ رَبُّهُ بِالْوَادِ الْمُقَدَّسِ طُوًى(16) Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод: |
اذْهَبْ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَىٰ(17) «Ба сӯи Фиръавн бирав, ки аз ҳад гузаштааст. |
فَقُلْ هَل لَّكَ إِلَىٰ أَن تَزَكَّىٰ(18) Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ, |
وَأَهْدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخْشَىٰ(19) ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Ӯ)?» |
فَأَرَاهُ الْآيَةَ الْكُبْرَىٰ(20) Пас он ояти бузургро ба ӯ нишон дод. |
فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ(21) Ва ӯ дурӯғ бароварду нофармонӣ кард. |
ثُمَّ أَدْبَرَ يَسْعَىٰ(22) Сипас пушт гардонду мешитофт. |
فَحَشَرَ فَنَادَىٰ(23) Пас ҳамаро ҷамъ кард ва нидо дод. |
فَقَالَ أَنَا رَبُّكُمُ الْأَعْلَىٰ(24) ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам!» |
فَأَخَذَهُ اللَّهُ نَكَالَ الْآخِرَةِ وَالْأُولَىٰ(25) Худояш ба аозби охирату дунё гирифтор кард. |
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبْرَةً لِّمَن يَخْشَىٰ(26) Дар ин ибратест барои, касе, ки метарсад! |
أَأَنتُمْ أَشَدُّ خَلْقًا أَمِ السَّمَاءُ ۚ بَنَاهَا(27) Оё шумо ба офариниш сахттаред, ё ин осмоне, ки Ӯ бино кардааст? |
رَفَعَ سَمْكَهَا فَسَوَّاهَا(28) Сақфашро барафрошт ва дуруст кард, |
وَأَغْطَشَ لَيْلَهَا وَأَخْرَجَ ضُحَاهَا(29) шабашро торик кард ва рӯшноияшро ошкор сохт |
وَالْأَرْضَ بَعْدَ ذَٰلِكَ دَحَاهَا(30) ва пас аз он заминро бигустурд (паҳн кард) |
أَخْرَجَ مِنْهَا مَاءَهَا وَمَرْعَاهَا(31) ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард |
وَالْجِبَالَ أَرْسَاهَا(32) ва кӯҳҳоро устувор гардонид |
مَتَاعًا لَّكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ(33) барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон. |
فَإِذَا جَاءَتِ الطَّامَّةُ الْكُبْرَىٰ(34) Чун он ҳодисаи бузург даррасад, |
يَوْمَ يَتَذَكَّرُ الْإِنسَانُ مَا سَعَىٰ(35) рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро ба ёд оварад |
وَبُرِّزَتِ الْجَحِيمُ لِمَن يَرَىٰ(36) ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад нишон диҳанд, |
فَأَمَّا مَن طَغَىٰ(37) Пас ҳар кй аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён) |
وَآثَرَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا(38) ва зиндагии инҷаҳонро ихтиёр карда бошад, |
فَإِنَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمَأْوَىٰ(39) ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст. |
وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ وَنَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوَىٰ(40) Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта бошад, |
فَإِنَّ الْجَنَّةَ هِيَ الْمَأْوَىٰ(41) биҳишт ҷойгоҳи ӯст. |
يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا(42) Туро аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад. |
فِيمَ أَنتَ مِن ذِكْرَاهَا(43) Аз ёд кардани (илми) он туро чӣ кор аст? |
إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَاهَا(44) Интиҳои илми он назди Парвардигори туст. |
إِنَّمَا أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخْشَاهَا(45) Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ. |
كَأَنَّهُمْ يَوْمَ يَرَوْنَهَا لَمْ يَلْبَثُوا إِلَّا عَشِيَّةً أَوْ ضُحَاهَا(46) Чун онро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд. |