Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар арш пардохт. Шабро дар рӯз мепушонад ва рӯз шитобон онро металабад. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони Ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!
🌐 Additional reference in Русский
🌐 Русский
Господь ваш, истинно, Аллах, Кто небеса и землю сотворил за шесть (небесных) дней И после утвердил Себя на Троне (Вседержавья). Он день окутывает ночью И вновь стремительно сменяет ее днем. Он солнце сотворил, луну и землю И под Свою управу их поставил. И не Его ли (Слово) все творит и правит?! Благословен Аллах, Господь миров!
تَبَارَكَ: бузург ва муборак аст, хайру баракаташ бисёр аст.
Тафсири оят:
Эй мардум, ба ростӣ Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, пеш аз он ки мисоле дошта бошанд. Он гоҳ бар Арш боло рафт ва қарор гирифт, ба гунае ки сазовори бузургии Ӯст ва мо кайфияти онро дарк намекунем. Ӯ шаби торикро бо рӯшноии рӯз мепӯшонад ва рӯзро бо торикии шаб мепӯшонад; ҳар яке аз онҳо дигареро тез ва бе таъхир пайгирӣ мекунад, чунон ки ҳамеша дар пайи ҳам меоянд. Ҳамчунин Ӯ офтоб, моҳ ва ситорагонро офарид, ки ҳама ромшуда ва итоаткунандаи фармони Ӯ ҳастанд ва ба амри Ӯ идора мешаванд. Огоҳ бошед, ки офариниш танҳо аз они Ӯст ва фармонравой низ танҳо аз они Ӯст. Бузург ва муборак аст Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён.
SurahQuran.com was founded as a humble effort to serve the Noble Book and the pure Sunnah, to invite people to Allah, and to make the religious sciences accessible according to the methodology of the Quran and Sunnah. We praise and thank Allah for His grace, and we ask Him to accept our work and make it sincere for His noble Face.