هَلْ يَنظُرُونَ إِلَّا تَأْوِيلَهُ ۚ يَوْمَ يَأْتِي تَأْوِيلُهُ يَقُولُ الَّذِينَ نَسُوهُ مِن قَبْلُ قَدْ جَاءَتْ رُسُلُ رَبِّنَا بِالْحَقِّ فَهَل لَّنَا مِن شُفَعَاءَ فَيَشْفَعُوا لَنَا أَوْ نُرَدُّ فَنَعْمَلَ غَيْرَ الَّذِي كُنَّا نَعْمَلُ ۚ قَدْ خَسِرُوا أَنفُسَهُمْ وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُوا يَفْتَرُونَ ٥٣
🔤 Transliteration
hal yanzuroona illaa taa weelah; yawma yaatee taaweeluhoo yaqoolul lazeena nasoohu min qablu qad jaaa`at Rusulu Rabbinaa bilhaqq; fahal lanaa min shufa`aaa`a fa yashfa`oo lanaaa aw nuraddu fana`mala ghairal lazee kunnaa na`mal; qad khasirooo anfusahum wa dalla `anhum maa kaanoo yaftaroon
📖 Тарҷума (Ба Тоҷикӣ)
📖 Ба Тоҷикӣ
Оё ғайри натиҷаи амалҳоро интизоранд? Рӯзе, ки натиҷаи аъмол падидор шавад, касоне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: «Паёмбарони Парвардигори мо ба хақ омаданд. Оё шафеъоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё он ки касе ҳаст, ки моро бозгардовад то корҳои дигаре ҷуз он корҳо, ки мекардем, анҷом диҳем?» Ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд.
🌐 Additional reference in Русский
Маънои калимаҳои муҳим: «تَأْوِيلَهُ»: оқибат ва натиҷаи он чизе, ки дар Қуръон аз ваъда ва таҳдид хабар дода шудааст. «نَسُوهُ»: онро фаромӯш карданд, яъне Қуръонро тарк карданд ва ба он амал накарданд. «شُفَعَاءَ»: миёнгарон, касоне ки барои дигарон шафоат мекунанд. «ضَلَّ»: гум шуд, нест шуд, ботил гардид. Тафсири оят: Оё кофирон танҳо интизори он чизе ҳастанд, ки дар Қуръон аз азоб ва ҷазо ба онҳо хабар дода шудааст? Рӯзе ки он ваъдаи Худо ба амал меояд ва ҳисобу китоб, савоб ва азоб рӯй медиҳад, кофироне ки Қуръонро дар дунё тарк карда буданд ва ба он амал накарданд, мегӯянд: «Ҳақиқатан паёмбарони Парвардигори мо ҳақро оварда буданд ва мо имрӯз онро бо чашми худ дидем. Оё барои мо миёнгароне ҳаст, ки барои мо шафоат кунанд ва моро аз азоб раҳо созанд? Ё ба дунё баргардонида шавем, то амали некеро анҷом диҳем, ки пештар ба ҷой наоварда будем ва аз гуноҳон даст кашем?» Онҳо худиро зиёнкор карданд ва ба ҳалокат расонданд, зеро бо куфру инкори худ ба оташи дӯзах дохил мешаванд ва абадӣ дар он мемонанд. Ҳамчунин он чиро, ки дар дунё ба ҷойи Худо парастиш мекарданд ва аз ҷониби шайтон ба онҳо ваъда дода мешуд, аз онҳо гум шуд ва ҳеҷ суде набахшид.
Фоидаҳои оят: Ин оят моро огоҳ мекунад, ки Қуръонро набояд фаромӯш кунем ва бояд ба он амал намоем, зеро рӯзе ҳақиқати он ошкор мешавад. Рӯзи қиёмат рӯзи пушаймонии кофирон аст, аммо пушаймонӣ дигар суд надорад. Шафоат танҳо бо иҷозати Худо ва барои аҳли имон судбахш аст, на барои кофирон. Ин оят ба мо мефаҳмонад, ки дунё майдони амал аст ва имрӯз бояд амали солеҳ анҷом диҳем, то фардо пушаймон нашавем. Худо ба мо имконият додааст, ки тавассути паёмбарон ҳақро бишносем ва ба он амал кунем; ин неъмати бузург аст ва бояд қадри онро донем. Ин оят дилҳоро ба ислом ва Қуръон мекашад, зеро нишон медиҳад, ки роҳи наҷот танҳо дар пайравии Қуръон ва суннати паёмбар (с) аст.
هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا تَأۡوِيلَهُۥۚ يَوۡمَ يَأۡتِي تَأۡوِيلُهُۥ يَقُولُ ٱلَّذِينَ نَسُوهُ مِن قَبۡلُ قَدۡ جَآءَتۡ رُسُلُ رَبِّنَا بِٱلۡحَقِّ فَهَل لَّنَا مِن شُفَعَآءَ فَيَشۡفَعُواْ لَنَآ أَوۡ نُرَدُّ فَنَعۡمَلَ غَيۡرَ ٱلَّذِي كُنَّا نَعۡمَلُۚ قَدۡ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ ٥٣
Оё ғайри натиҷаи амалҳоро интизоранд? Рӯзе, ки натиҷаи аъмол падидор шавад, касоне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: «Паёмбарони Парвардигори мо ба хақ омаданд. Оё шафеъоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё он ки касе ҳаст, ки моро бозгардовад то корҳои дигаре ҷуз он корҳо, ки мекардем, анҷом диҳем?» Ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд.
🖼️ Save Image
🎬 Save Video
📜 Оят 51-55 — Сураи Аль-Араф
51 الَّذِينَ اتَّخَذُوا دِينَهُمْ لَهْوًا وَلَعِبًا وَغَرَّتْهُمُ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا ۚ فَالْيَوْمَ نَنسَاهُمْ كَمَا نَسُوا لِقَاءَ يَوْمِهِمْ هَٰذَا وَمَا كَانُوا بِآيَاتِنَا يَجْحَدُونَ
Имрӯз онҳоро, ки дини хеш лаҳву бозича пиндоштанд ва зиндагии дунё фиребашон дода буд, фаромӯш мекунем, ҳамчунон, ки онҳо низ расидан ба мн рӯзро аз ёд бурда буданд ва оёти Моро дурӯғ мебароварданд.
52 وَلَقَدْ جِئْنَاهُم بِكِتَابٍ فَصَّلْنَاهُ عَلَىٰ عِلْمٍ هُدًى وَرَحْمَةً لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Барои ҳидояти мӯъминон ва бахшоиш ба онҳо китобе овардем, ки дар он ҳар чизро аз рӯи дониш батафсил баён кардаем.
53 هَلْ يَنظُرُونَ إِلَّا تَأْوِيلَهُ ۚ يَوْمَ يَأْتِي تَأْوِيلُهُ يَقُولُ الَّذِينَ نَسُوهُ مِن قَبْلُ قَدْ جَاءَتْ رُسُلُ رَبِّنَا بِالْحَقِّ فَهَل لَّنَا مِن شُفَعَاءَ فَيَشْفَعُوا لَنَا أَوْ نُرَدُّ فَنَعْمَلَ غَيْرَ الَّذِي كُنَّا نَعْمَلُ ۚ قَدْ خَسِرُوا أَنفُسَهُمْ وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُوا يَفْتَرُونَ
Оё ғайри натиҷаи амалҳоро интизоранд? Рӯзе, ки натиҷаи аъмол падидор шавад, касоне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: «Паёмбарони Парвардигори мо ба хақ омаданд. Оё шафеъоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё он ки касе ҳаст, ки моро бозгардовад то корҳои дигаре ҷуз он корҳо, ки мекардем, анҷом диҳем?» Ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд.
54 إِنَّ رَبَّكُمُ اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَىٰ عَلَى الْعَرْشِ يُغْشِي اللَّيْلَ النَّهَارَ يَطْلُبُهُ حَثِيثًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ وَالنُّجُومَ مُسَخَّرَاتٍ بِأَمْرِهِ ۗ أَلَا لَهُ الْخَلْقُ وَالْأَمْرُ ۗ تَبَارَكَ اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ
Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар арш пардохт. Шабро дар рӯз мепушонад ва рӯз шитобон онро металабад. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони Ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!
55 ادْعُوا رَبَّكُمْ تَضَرُّعًا وَخُفْيَةً ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ
Парвардигоратонрр бо тазаррӯъ (зорӣ) ва дар ниҳон бихонед, зеро Ӯ аз ҳадгузарандагони саркашро дӯст надорад!
Тарҷума — Аль-Араф 53 Сураи Аль-Араф Оят 53 - Хондан, Гӯш кун, Тарҷума, Тоҷикӣ : Оё ғайри натиҷаи амалҳоро интизоранд? Рӯзе, ки натиҷаи аъмол падидор…
Сураи Оят 53/206 — Сураи Аль-Араф الأعراف (Meccan). Хондан Гӯш кун Тарҷума (Тоҷикӣ). Гӯш кун: Сураи Аль-Араф Гӯш кун, Сураи Аль-Араф Тарҷума, Сураи Аль-Араф mp3, Сураи Аль-Араф pdf. Оят 51–55. Ба Тоҷикӣ: Русский.