Innad deena `indal laahil Islaam; wa makhtalafal lazeena ootul Kitaaba illaa mim ba`di maa jaaa`ahumul `ilmu baghyam bainahum; wa mai yakfur bi Aayaatil laahi fa innal laaha saree`ul hisaab
📖 Тарҷума (Ба Тоҷикӣ)
📖 Ба Тоҷикӣ
Албатта дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли китоб муқобили он рафтанд, аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ, шуданд ва низ аз рӯи ҳасад. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки Ӯ ба зудӣ ба ҳисобҳо хоҳад расид!
🌐 Additional reference in Русский
🌐 Русский
И, истинно, ислам - религия Аллаха, И не делились меж собою те, Кто следовал Писанию Святому, А несогласье родилось, Когда пришло познание и зависть. Тех, кто не верует в знамения Аллаха, - Так ведь Аллах, поистине, в (Своих) расчетах скор!
Ҳамоно дини дуруст ва писандида дар назди Аллоҳ танҳо ислом аст. Ислом он аст, ки инсон ба Аллоҳи ягона таслим шавад, танҳо Ӯро бандагӣ кунад ва ба ҳамаи паёмбарон, ки охиринашон Муҳаммад (с) аст, имон оварад. Баъд аз фиристодани Паёмбари Хотим (с) Аллоҳ аз касе дини дигареро намепазирад.
Яҳудиён ва насрониён дар дини худ ихтилоф накарданд ва ба гурӯҳҳо тақсим нашуданд, магар баъд аз он ки илм ва ҳуҷҷат ба онҳо расид. Ин ихтилофи онҳо аз рӯи ҳасад, зулм ва хоҳиши манфиати дунёвӣ буд, на аз рӯи ҷаҳл ва надонистан. Онҳо ҳақро донистанд, вале аз рӯи кибру ҳасад онро инкор карданд.
Ҳар касе ба оятҳои Аллоҳ кофир шавад ва онҳоро дурӯғ баровард, бидонад, ки Аллоҳ зуд ҳисоб мекунад ва ҷазои аъмоли ӯро ба зудӣ медиҳад. Рӯзи қиёмат ҳатман меояд ва ҳеҷ чиз аз ҳисоби Аллоҳ пинҳон намемонад.
Фоидаҳои ин оят:
Ислом дини ягонаи писандидаи Аллоҳ аст ва барои расидан ба наҷот бояд ин динро қабул кард.
Ислом маънои таслим шудан ба Аллоҳ ва итоат кардан ба паёмбарон аст, на танҳо номгузорӣ.
Ихтилоф ва тафриқа дар дин аксар вақт аз ҳасад ва манфиатҳои шахсӣ сарчашма мегирад, на аз камбуди илм.
Албатта дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли китоб муқобили он рафтанд, аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ, шуданд ва низ аз рӯи ҳасад. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки Ӯ ба зудӣ ба ҳисобҳо хоҳад расид!
Албатта дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли китоб муқобили он рафтанд, аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ, шуданд ва низ аз рӯи ҳасад. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки Ӯ ба зудӣ ба ҳисобҳо хоҳад расид!
Агар бо ту ба доварӣ бархезанд, бигӯй: «Ману пайравонам дар дини хеш ба Худо ихлос намудем». Ба аҳли китоб ва мушрикон бигӯ: «Оё шумо ҳам ба Худо ихлос намудед?» Агар ихлос варзидаанд, пас ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шудаанд, бар ту таблиғ асту бас ва Худо бандагонро мебинад.
SurahQuran.com was founded as a humble effort to serve the Noble Book and the pure Sunnah, to invite people to Allah, and to make the religious sciences accessible according to the methodology of the Quran and Sunnah. We praise and thank Allah for His grace, and we ask Him to accept our work and make it sincere for His noble Face.