وَالذَّارِيَاتِ ذَرْوًا(1)  Савганд ба бодҳое, ки хок пароканда мекунанд, | 
فَالْحَامِلَاتِ وِقْرًا(2)  савганд, ба абрҳои гаронбор, | 
فَالْجَارِيَاتِ يُسْرًا(3)  савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ равонанд | 
فَالْمُقَسِّمَاتِ أَمْرًا(4)  ва савганд ба фариштагоне, ки тақсимкунандаи корҳоянд, | 
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٌ(5)  ки он чӣ шуморо ваъда медиҳанд, рост аст | 
وَإِنَّ الدِّينَ لَوَاقِعٌ(6)  ва рӯзи ҷазо омаданист. | 
وَالسَّمَاءِ ذَاتِ الْحُبُكِ(7)  Ва савганд ба осмон, ки ба ситорагон ороста аст, | 
إِنَّكُمْ لَفِي قَوْلٍ مُّخْتَلِفٍ(8)  ки шумо (дар хусуси пайғамбар) сухани гуногун мегӯед! | 
يُؤْفَكُ عَنْهُ مَنْ أُفِكَ(9)  Аз ҳақ бозгардонида шавад, он ки бозгардониданашро хостаанд. | 
قُتِلَ الْخَرَّاصُونَ(10)  Марг бод бар он дурӯғгӯён, | 
الَّذِينَ هُمْ فِي غَمْرَةٍ سَاهُونَ(11)  онон ки ба ғафлат дар ҷаҳл фурӯ рафтаанд. | 
يَسْأَلُونَ أَيَّانَ يَوْمُ الدِّينِ(12)  Мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?» | 
يَوْمَ هُمْ عَلَى النَّارِ يُفْتَنُونَ(13)  Рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд. | 
ذُوقُوا فِتْنَتَكُمْ هَٰذَا الَّذِي كُنتُم بِهِ تَسْتَعْجِلُونَ(14)  «Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки ба шитоб металабидед!» | 
إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ(15)  Парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд, | 
آخِذِينَ مَا آتَاهُمْ رَبُّهُمْ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَٰلِكَ مُحْسِنِينَ(16)  Он чиро Худо ба онҳо додааст, гирифтаанд. Зеро пеш аз он некӯкор буданд, | 
كَانُوا قَلِيلًا مِّنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ(17)  андаке аз шабро мехобиданд | 
وَبِالْأَسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ(18)  ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекарданд | 
وَفِي أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ لِّلسَّائِلِ وَالْمَحْرُومِ(19)  ва дар молҳояшон барои пурсандаву маҳрум хаққе буд. | 
وَفِي الْأَرْضِ آيَاتٌ لِّلْمُوقِنِينَ(20)  Ва дар замин барои ахли яқин ибратҳоест | 
وَفِي أَنفُسِكُمْ ۚ أَفَلَا تُبْصِرُونَ(21)  ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед? | 
وَفِي السَّمَاءِ رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ(22)  Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда шуда, дар осмон аст. | 
فَوَرَبِّ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ إِنَّهُ لَحَقٌّ مِّثْلَ مَا أَنَّكُمْ تَنطِقُونَ(23)  Пас савганд ба Парвардигори осмонаҳову замин, ки ин сухан ончунон ки сухан мегӯянд, ҳақ ва рост аст. | 
هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ ضَيْفِ إِبْرَاهِيمَ الْمُكْرَمِينَ(24)  Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст? | 
إِذْ دَخَلُوا عَلَيْهِ فَقَالُوا سَلَامًا ۖ قَالَ سَلَامٌ قَوْمٌ مُّنكَرُونَ(25)  Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношинохтаед!» | 
فَرَاغَ إِلَىٰ أَهْلِهِ فَجَاءَ بِعِجْلٍ سَمِينٍ(26)  Дар ниҳон ва шитобон назди касони худ рафт ва гӯсолаи фарбеҳе овард. | 
فَقَرَّبَهُ إِلَيْهِمْ قَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ(27)  Таъомро ба наздашон гузошту гуфт: «Чаро намехӯред?» | 
فَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً ۖ قَالُوا لَا تَخَفْ ۖ وَبَشَّرُوهُ بِغُلَامٍ عَلِيمٍ(28)  Ва аз онҳо бимнок шуд. Гуфтанд: «Матарс!» Ва ӯро ба фарзанде доно хушхабар доданд. | 
فَأَقْبَلَتِ امْرَأَتُهُ فِي صَرَّةٍ فَصَكَّتْ وَجْهَهَا وَقَالَتْ عَجُوزٌ عَقِيمٌ(29)  Ва занаш фарёдзанон омад ва бар рӯй заду гуфт: Ман пиразане нозоям». | 
قَالُوا كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ ۖ إِنَّهُ هُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ(30)  Гуфтанд: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст. Ва ӯ ҳакиму доност!» | 
۞ قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا الْمُرْسَلُونَ(31)  Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?» | 
قَالُوا إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَىٰ قَوْمٍ مُّجْرِمِينَ(32)  Гуфтанд: «Моро бар мардуме табаҳкор фиристодаанд, | 
لِنُرْسِلَ عَلَيْهِمْ حِجَارَةً مِّن طِينٍ(33)  то тиккаҳои сангҳои гили бар сарашон биборем, | 
مُّسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَ لِلْمُسْرِفِينَ(34)  ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад, гузаштаҳо нишон гузоштаанд». | 
فَأَخْرَجْنَا مَن كَانَ فِيهَا مِنَ الْمُؤْمِنِينَ(35)  Пас ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем. | 
فَمَا وَجَدْنَا فِيهَا غَيْرَ بَيْتٍ مِّنَ الْمُسْلِمِينَ(36)  Ва дар он шаҳр ғайри як хона ва фармонбардорон наёфтем. | 
وَتَرَكْنَا فِيهَا آيَةً لِّلَّذِينَ يَخَافُونَ الْعَذَابَ الْأَلِيمَ(37)  Ва дар он сарзамин барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне боқӣ гузоштем. | 
وَفِي مُوسَىٰ إِذْ أَرْسَلْنَاهُ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ بِسُلْطَانٍ مُّبِينٍ(38)  Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо ҳуҷҷате ошкор назди Фиръавн фиристодем. | 
فَتَوَلَّىٰ بِرُكْنِهِ وَقَالَ سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ(39)  Ва Ӯ бо ҳамаи қуввааш рӯй гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!» | 
فَأَخَذْنَاهُ وَجُنُودَهُ فَنَبَذْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ وَهُوَ مُلِيمٌ(40)  Ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Ва ӯ муставҷиби (сазовори) маломат буд. | 
وَفِي عَادٍ إِذْ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمُ الرِّيحَ الْعَقِيمَ(41)  Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ, ки боди ақимро бар онҳо фиристодем. | 
مَا تَذَرُ مِن شَيْءٍ أَتَتْ عَلَيْهِ إِلَّا جَعَلَتْهُ كَالرَّمِيمِ(42)  Бар ҳар чизе вазид, фақат устухоне пӯсидааш бар ҷой гузошт. | 
وَفِي ثَمُودَ إِذْ قِيلَ لَهُمْ تَمَتَّعُوا حَتَّىٰ حِينٍ(43)  Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «То замоне чанд бархурдор шавед». | 
فَعَتَوْا عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ وَهُمْ يَنظُرُونَ(44)  Онон аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди тунде фурӯ гирифташон. | 
فَمَا اسْتَطَاعُوا مِن قِيَامٍ وَمَا كَانُوا مُنتَصِرِينَ(45)  Истодан натавонистанд ва тавони интиқом надоштанд. | 
وَقَوْمَ نُوحٍ مِّن قَبْلُ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ(46)  Ва аз пеш қавми Нӯҳро ҳалок кардем, ки қавме нофармон буданд. | 
وَالسَّمَاءَ بَنَيْنَاهَا بِأَيْدٍ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ(47)  Ва осмонро ба қувват барафроштем ва ҳаққо, ки Мо тавоноем. | 
وَالْأَرْضَ فَرَشْنَاهَا فَنِعْمَ الْمَاهِدُونَ(48)  Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густарандагонем! | 
وَمِن كُلِّ شَيْءٍ خَلَقْنَا زَوْجَيْنِ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ(49)  Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, шояд, ки ибрат гиред. | 
فَفِرُّوا إِلَى اللَّهِ ۖ إِنِّي لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌ مُّبِينٌ(50)  Пас ба сӯи Худованд бигрезед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам. | 
وَلَا تَجْعَلُوا مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ ۖ إِنِّي لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌ مُّبِينٌ(51)  Ва бо Худои якто худои дигароро мапарастед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам. | 
كَذَٰلِكَ مَا أَتَى الَّذِينَ مِن قَبْلِهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا قَالُوا سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ(52)  Ҳамчунин бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, ҳар паёмбаре, ки фиристода шуд, гуфтанд: «Ҷодугарест ё девонаест!» | 
أَتَوَاصَوْا بِهِ ۚ بَلْ هُمْ قَوْمٌ طَاغُونَ(53)  Оё ба ин кор якдигарро васият карда буданд? На, худ мардуме тоғӣ (саркаш) буданд. | 
فَتَوَلَّ عَنْهُمْ فَمَا أَنتَ بِمَلُومٍ(54)  Пас аз онҳо рӯйгардон шав. Кас туро маломат нахоҳад кард. | 
وَذَكِّرْ فَإِنَّ الذِّكْرَىٰ تَنفَعُ الْمُؤْمِنِينَ(55)  Андарз (панд) бидеҳ, ки андарз мӯъминонро манфиат дорад. | 
وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ(56)  Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худ офаридаам. | 
مَا أُرِيدُ مِنْهُم مِّن رِّزْقٍ وَمَا أُرِيدُ أَن يُطْعِمُونِ(57)  Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (хӯронанд). | 
إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ(58)  Худост рӯзидиҳанда. Ва Ӯст соҳиби қуввате сахт устувор! | 
فَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا ذَنُوبًا مِّثْلَ ذَنُوبِ أَصْحَابِهِمْ فَلَا يَسْتَعْجِلُونِ(59)  Ин ситамкоронро аз азоб баҳраест монанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас ба шитоб чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд! | 
فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ كَفَرُوا مِن يَوْمِهِمُ الَّذِي يُوعَدُونَ(60)  Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд! |