ن ۚ وَالْقَلَمِ وَمَا يَسْطُرُونَ(1) Нун, савганд ба қалам ва он чӣ менависанд, |
مَا أَنتَ بِنِعْمَةِ رَبِّكَ بِمَجْنُونٍ(2) ки ту ба фазли Парвардигорат девона нестӣ |
وَإِنَّ لَكَ لَأَجْرًا غَيْرَ مَمْنُونٍ(3) ва турост мукофоте бепоён |
وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٍ(4) ва турост хулқе азим. |
فَسَتُبْصِرُ وَيُبْصِرُونَ(5) Ба зудӣ ту бубинӣ ва онҳо низ бубинанд, |
بِأَييِّكُمُ الْمَفْتُونُ(6) ки девонагӣ дар кадом як аз шумост. |
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ(7) Албатта Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе аз тариқи Ӯ гумроҳ гашта, ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст. |
فَلَا تُطِعِ الْمُكَذِّبِينَ(8) Пас ба такзибкунандагон (дурӯғ шуморандагон) итоъат макун. |
وَدُّوا لَوْ تُدْهِنُ فَيُدْهِنُونَ(9) Дӯст доранд, ки нармӣ кунӣ, то нармӣ кунанд,. |
وَلَا تُطِعْ كُلَّ حَلَّافٍ مَّهِينٍ(10) Ба ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр: савганд мехӯрад пайравӣ макун: |
هَمَّازٍ مَّشَّاءٍ بِنَمِيمٍ(11) айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад, |
مَّنَّاعٍ لِّلْخَيْرِ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ(12) боздоранда аз хайр, аз ҳад гузаранда, гуноҳкор, |
عُتُلٍّ بَعْدَ ذَٰلِكَ زَنِيمٍ(13) дағалмарде, ношинохтанасаб, |
أَن كَانَ ذَا مَالٍ وَبَنِينَ(14) ба он ҷиҳат, ки соҳиби молу фарзанд аст. |
إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ(15) Чун оёти Мо бар ӯ хонда шавад, гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст». |
سَنَسِمُهُ عَلَى الْخُرْطُومِ(16) Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем. |
إِنَّا بَلَوْنَاهُمْ كَمَا بَلَوْنَا أَصْحَابَ الْجَنَّةِ إِذْ أَقْسَمُوا لَيَصْرِمُنَّهَا مُصْبِحِينَ(17) Мо онҳоро озмудем, чунон ки соҳибони он бустонҳоро озмудем. Он гоҳ., ки қасам хӯрданд, ки фардо бомдод меваҳоро хоҳанд чид. |
وَلَا يَسْتَثْنُونَ(18) Ва иншооллоҳ нагуфтанд. |
فَطَافَ عَلَيْهَا طَائِفٌ مِّن رَّبِّكَ وَهُمْ نَائِمُونَ(19) Пас шабҳангом, ки ба хоб буданд, офате аз осмон омад, |
فَأَصْبَحَتْ كَالصَّرِيمِ(20) ва бӯстонҳо сиёҳ шуд. |
فَتَنَادَوْا مُصْبِحِينَ(21) Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд: |
أَنِ اغْدُوا عَلَىٰ حَرْثِكُمْ إِن كُنتُمْ صَارِمِينَ(22) «Агар мехоҳед, мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!» |
فَانطَلَقُوا وَهُمْ يَتَخَافَتُونَ(23) Ба роҳ афтоданд ва оҳиста мегуфтанд; |
أَن لَّا يَدْخُلَنَّهَا الْيَوْمَ عَلَيْكُم مِّسْكِينٌ(24) ки имрӯз набояд бенавое ба бӯстони шумо дарояд. |
وَغَدَوْا عَلَىٰ حَرْدٍ قَادِرِينَ(25) Субҳгоҳон ба ин ният, ки метавонанд бенаворо манъ кунанд, берун шуданд. |
فَلَمَّا رَأَوْهَا قَالُوا إِنَّا لَضَالُّونَ(26) Чун бӯстонҳои худро диданд, гуфтанд: «Роҳро гум кардаем. |
بَلْ نَحْنُ مَحْرُومُونَ(27) На, мо аз ҳосил маҳрум шудаем». |
قَالَ أَوْسَطُهُمْ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ لَوْلَا تُسَبِّحُونَ(28) Некмардашон гуфт: «Шуморо нагуфгам, чаро Худоро тасбеҳ намегӯед?» |
قَالُوا سُبْحَانَ رَبِّنَا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ(29) Гуфтанд,: «Пок аст Парвардигори мо, мо ситамкор будем». |
فَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ يَتَلَاوَمُونَ(30) Пас забон ба маломати якдигар кушуданд. |
قَالُوا يَا وَيْلَنَا إِنَّا كُنَّا طَاغِينَ(31) Гуфтанд: «Вой бар мо, мо мардуме саркаш будаем, |
عَسَىٰ رَبُّنَا أَن يُبْدِلَنَا خَيْرًا مِّنْهَا إِنَّا إِلَىٰ رَبِّنَا رَاغِبُونَ(32) бошад, ки Парвардигори 'мо дар иваз чизе беҳтар аз он моро диҳад, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!» |
كَذَٰلِكَ الْعَذَابُ ۖ وَلَعَذَابُ الْآخِرَةِ أَكْبَرُ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ(33) Инчунин аст азоб! Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст! |
إِنَّ لِلْمُتَّقِينَ عِندَ رَبِّهِمْ جَنَّاتِ النَّعِيمِ(34) Барои парҳезгорон дар назди Парвардигорашон бӯстонҳоест пурнеъмат. |
أَفَنَجْعَلُ الْمُسْلِمِينَ كَالْمُجْرِمِينَ(35) Оё бо таслимшудагон чун ба гунаҳкорон рафтор мекунем? |
مَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ(36) Шуморо чӣ мешавад? Чӣ тавр доварӣ мекунед? |
أَمْ لَكُمْ كِتَابٌ فِيهِ تَدْرُسُونَ(37) Оё шуморо китобест, ки аз он мехонед? |
إِنَّ لَكُمْ فِيهِ لَمَا تَخَيَّرُونَ(38) Ва ҳар чӣ ихтиёр кунед, дар он ҳаст? |
أَمْ لَكُمْ أَيْمَانٌ عَلَيْنَا بَالِغَةٌ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ ۙ إِنَّ لَكُمْ لَمَا تَحْكُمُونَ(39) Ё бо Мо паймоне, ки то рӯзи қиёмат кашад, бастаед, ки ба ҳар чӣ ҳукм кунед, ҳаққи шумо бошад? |
سَلْهُمْ أَيُّهُم بِذَٰلِكَ زَعِيمٌ(40) Аз онҳо бипурс, кадом якашон зомини чунин паймонест? |
أَمْ لَهُمْ شُرَكَاءُ فَلْيَأْتُوا بِشُرَكَائِهِمْ إِن كَانُوا صَادِقِينَ(41) Ё онҳоро шариконест? Агар рост мегӯянд, шарикони худро биёваранд. |
يَوْمَ يُكْشَفُ عَن سَاقٍ وَيُدْعَوْنَ إِلَى السُّجُودِ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ(42) Рӯзе, ки он воқеъаи азим рӯй диҳад ва онҳоро ба саҷда даъваткунанд, вале натавонанд. |
خَاشِعَةً أَبْصَارُهُمْ تَرْهَقُهُمْ ذِلَّةٌ ۖ وَقَدْ كَانُوا يُدْعَوْنَ إِلَى السُّجُودِ وَهُمْ سَالِمُونَ(43) Ваҳшат дар чашмонашон пайдост, хори бар онҳо ғолиб шудааст, пеш аз ин низ онҳоро дар айни тандуруст ба саҷда даъват карда буданд. |
فَذَرْنِي وَمَن يُكَذِّبُ بِهَٰذَا الْحَدِيثِ ۖ سَنَسْتَدْرِجُهُم مِّنْ حَيْثُ لَا يَعْلَمُونَ(44) Пас Маро ба онҳо, ки ин суханро дурӯғ мебароранд вогузор, то андак-андак,: чунон ки дарнаёбанд, ба азоб гиремашон |
وَأُمْلِي لَهُمْ ۚ إِنَّ كَيْدِي مَتِينٌ(45) ва ба онҳо мӯҳлат диҳам. Албатта макри Ман макре устувор аст. |
أَمْ تَسْأَلُهُمْ أَجْرًا فَهُم مِّن مَّغْرَمٍ مُّثْقَلُونَ(46) Ё аз онон музде талабидаӣ ва акнун аз адои он дар ранҷанд? |
أَمْ عِندَهُمُ الْغَيْبُ فَهُمْ يَكْتُبُونَ(47) Ё илми ғайб медонанд ва онҳо, менависанд? |
فَاصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ وَلَا تَكُن كَصَاحِبِ الْحُوتِ إِذْ نَادَىٰ وَهُوَ مَكْظُومٌ(48) Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва чун соҳиби моҳӣ мабош, ки бо диле пурандӯҳ нидо дардод. |
لَّوْلَا أَن تَدَارَكَهُ نِعْمَةٌ مِّن رَّبِّهِ لَنُبِذَ بِالْعَرَاءِ وَهُوَ مَذْمُومٌ(49) Агар неъмати Парвардигораш набуд, дар айни бадҳолӣ ба саҳрое беобу гиёҳ меафтод. |
فَاجْتَبَاهُ رَبُّهُ فَجَعَلَهُ مِنَ الصَّالِحِينَ(50) Пас Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва дар зумраи солеҳонаш даровард. |
وَإِن يَكَادُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَيُزْلِقُونَكَ بِأَبْصَارِهِمْ لَمَّا سَمِعُوا الذِّكْرَ وَيَقُولُونَ إِنَّهُ لَمَجْنُونٌ(51) Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки туро, бо чашмони худ билағжонанд ва мегӯянд, ки ӯ девона аст |
وَمَا هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِّلْعَالَمِينَ(52) ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён фақат панде аст! |