اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَانشَقَّ الْقَمَرُ(1)   Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора гардид. | 
وَإِن يَرَوْا آيَةً يُعْرِضُوا وَيَقُولُوا سِحْرٌ مُّسْتَمِرٌّ(2)   Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардоданд ва гӯянд: «"Ҷодуе бузург аст!» | 
وَكَذَّبُوا وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءَهُمْ ۚ وَكُلُّ أَمْرٍ مُّسْتَقِرٌّ(3)   Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд. Ва ҳар коре дар вақти худ қарор гирифтааст. | 
وَلَقَدْ جَاءَهُم مِّنَ الْأَنبَاءِ مَا فِيهِ مُزْدَجَرٌ(4)   Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки дар онҳо пандаст. | 
حِكْمَةٌ بَالِغَةٌ ۖ فَمَا تُغْنِ النُّذُرُ(5)   Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд. | 
فَتَوَلَّ عَنْهُمْ ۘ يَوْمَ يَدْعُ الدَّاعِ إِلَىٰ شَيْءٍ نُّكُرٍ(6)   Пас дар он рӯз, ки оя даъваткунандга ононро ба чизе нохуш даъват кунад, аз онҳо рӯйгардон шав. | 
خُشَّعًا أَبْصَارُهُمْ يَخْرُجُونَ مِنَ الْأَجْدَاثِ كَأَنَّهُمْ جَرَادٌ مُّنتَشِرٌ(7)   Нишони зиллат (хори) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд. | 
مُّهْطِعِينَ إِلَى الدَّاعِ ۖ يَقُولُ الْكَافِرُونَ هَٰذَا يَوْمٌ عَسِرٌ(8)   Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда мешитобад. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи душворест!» | 
۞ كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ فَكَذَّبُوا عَبْدَنَا وَقَالُوا مَجْنُونٌ وَازْدُجِرَ(9)   Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд. Бандаи Моро такзиб карданду гуфтанд: «Девона аст! «Ва ба дашномаш ронданд. | 
فَدَعَا رَبَّهُ أَنِّي مَغْلُوبٌ فَانتَصِرْ(10)   Ва Парвардигорашро дуъо кард: «Ман мағлуб шудаам, интиқом бигир!» | 
فَفَتَحْنَا أَبْوَابَ السَّمَاءِ بِمَاءٍ مُّنْهَمِرٍ(11)   Ва мо низ дарҳои осмонро ба рӯи обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем. | 
وَفَجَّرْنَا الْأَرْضَ عُيُونًا فَالْتَقَى الْمَاءُ عَلَىٰ أَمْرٍ قَدْ قُدِرَ(12)   Ва аз замин чашмаҳо шикофтем то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад. | 
وَحَمَلْنَاهُ عَلَىٰ ذَاتِ أَلْوَاحٍ وَدُسُرٍ(13)   Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем. | 
تَجْرِي بِأَعْيُنِنَا جَزَاءً لِّمَن كَانَ كُفِرَ(14)   Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки бовар надошт. | 
وَلَقَد تَّرَكْنَاهَا آيَةً فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ(15)   Ва албатта он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст? | 
فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ(16)   Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд? | 
وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ(17)   Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст? | 
كَذَّبَتْ عَادٌ فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ(18)   Қавми Од такзиб карданд. Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд? | 
إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا صَرْصَرًا فِي يَوْمِ نَحْسٍ مُّسْتَمِرٍّ(19)   Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем, | 
تَنزِعُ النَّاسَ كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ مُّنقَعِرٍ(20)   ки мардумонро аз замин ҳамонанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл бармеканд. | 
فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ(21)   Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд? | 
وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ(22)   Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст? | 
كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِالنُّذُرِ(23)   Қавми Самуд бимдиҳандагонро такзиб карданд. | 
فَقَالُوا أَبَشَرًا مِّنَّا وَاحِدًا نَّتَّبِعُهُ إِنَّا إِذًا لَّفِي ضَلَالٍ وَسُعُرٍ(24)   Гуфтанд: «агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, гумроҳу девона бошем! | 
أَأُلْقِيَ الذِّكْرُ عَلَيْهِ مِن بَيْنِنَا بَلْ هُوَ كَذَّابٌ أَشِرٌ(25)   Оё аз миёни ҳамаи, мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? На, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст». | 
سَيَعْلَمُونَ غَدًا مَّنِ الْكَذَّابُ الْأَشِرُ(26)   Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худхоҳ кист! | 
إِنَّا مُرْسِلُو النَّاقَةِ فِتْنَةً لَّهُمْ فَارْتَقِبْهُمْ وَاصْطَبِرْ(27)   Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас мунтазирашон бош ва сабр кун! | 
وَنَبِّئْهُمْ أَنَّ الْمَاءَ قِسْمَةٌ بَيْنَهُمْ ۖ كُلُّ شِرْبٍ مُّحْتَضَرٌ(28)   Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об меравад. | 
فَنَادَوْا صَاحِبَهُمْ فَتَعَاطَىٰ فَعَقَرَ(29)   Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт. | 
فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ(30)   Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд? | 
إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ صَيْحَةً وَاحِدَةً فَكَانُوا كَهَشِيمِ الْمُحْتَظِرِ(31)   Мо бар онҳо як овози даҳшатнок фиристодем. Пас ҳамонанди он алафҳои хушки огили гӯсфанд шуданд. | 
وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ(32)   Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст? | 
كَذَّبَتْ قَوْمُ لُوطٍ بِالنُّذُرِ(33)   Қавми Лут бимдиҳандагонро такзиб карданд. | 
إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ حَاصِبًا إِلَّا آلَ لُوطٍ ۖ نَّجَّيْنَاهُم بِسَحَرٍ(34)   Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем. | 
نِّعْمَةً مِّنْ عِندِنَا ۚ كَذَٰلِكَ نَجْزِي مَن شَكَرَ(35)   Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин музд диҳем. | 
وَلَقَدْ أَنذَرَهُم بَطْشَتَنَا فَتَمَارَوْا بِالنُّذُرِ(36)   Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон, вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол (хусумат) бархостанд. | 
وَلَقَدْ رَاوَدُوهُ عَن ضَيْفِهِ فَطَمَسْنَا أَعْيُنَهُمْ فَذُوقُوا عَذَابِي وَنُذُرِ(37)   Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кур гардонидем. Пас бичашед азобу бим доданҳои Маро! | 
وَلَقَدْ صَبَّحَهُم بُكْرَةً عَذَابٌ مُّسْتَقِرٌّ(38)   Албатта бомдодон азобе пойдор ба сарвақташон омад. | 
فَذُوقُوا عَذَابِي وَنُذُرِ(39)   Пас азоби Ман ва бим доданҳои Маро бичашед! | 
وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ(40)   Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст? | 
وَلَقَدْ جَاءَ آلَ فِرْعَوْنَ النُّذُرُ(41)   Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд. | 
كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا كُلِّهَا فَأَخَذْنَاهُمْ أَخْذَ عَزِيزٍ مُّقْتَدِرٍ(42)   Ҳамаи оёти Моро такзиб карданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани ғолибе пурқудрат. | 
أَكُفَّارُكُمْ خَيْرٌ مِّنْ أُولَٰئِكُمْ أَمْ لَكُم بَرَاءَةٌ فِي الزُّبُرِ(43)   Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед? | 
أَمْ يَقُولُونَ نَحْنُ جَمِيعٌ مُّنتَصِرٌ(44)   Ё мегӯянд, ки мо ҳамаги ба интиқом бармехезем? | 
سَيُهْزَمُ الْجَمْعُ وَيُوَلُّونَ الدُّبُرَ(45)   Ба зудӣ он ҷамъ мунҳазим шавад (шикаст хӯрад) ва пушт карда бозгарданд. | 
بَلِ السَّاعَةُ مَوْعِدُهُمْ وَالسَّاعَةُ أَدْهَىٰ وَأَمَرُّ(46)   Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва қиёмат сахттару талхтар аст. | 
إِنَّ الْمُجْرِمِينَ فِي ضَلَالٍ وَسُعُرٍ(47)   Гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷаҳолатанд. | 
يَوْمَ يُسْحَبُونَ فِي النَّارِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمْ ذُوقُوا مَسَّ سَقَرَ(48)   Рӯзе, ки онҳоро ба рӯяшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)! | 
إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ(49)   Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем! | 
وَمَا أَمْرُنَا إِلَّا وَاحِدَةٌ كَلَمْحٍ بِالْبَصَرِ(50)   Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест. | 
وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا أَشْيَاعَكُمْ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ(51)   Касонеро, ки монанди шумо буданд, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст? | 
وَكُلُّ شَيْءٍ فَعَلُوهُ فِي الزُّبُرِ(52)   Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост. | 
وَكُلُّ صَغِيرٍ وَكَبِيرٍ مُّسْتَطَرٌ(53)   Ҳар кори бузургу хурде навишта шудааст. | 
إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَنَهَرٍ(54)   Парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборонанд, | 
فِي مَقْعَدِ صِدْقٍ عِندَ مَلِيكٍ مُّقْتَدِرٍ(55)   дар ҷойгоҳе писандида назди фармонравои тавоно! |