Аль-Анам · 12/165
Тарҷума Транслитератсия — Сураи Аль-Анам
قُل لِّمَن مَّا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ قُل لِّلَّهِ ۚ كَتَبَ عَلَىٰ نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ ۚ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ لَا رَيْبَ فِيهِ ۚ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنفُسَهُمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ ۝١٢
Qul limam maa fis samaawaati wal ardi qul lillaah; kataba `alaa nafsihir rahmah; la yajma `annakum ilaa Yawmil Qiyaamati laa raiba feeh; allazeena khasirooo anfusahum fahum laa yu`minoon
📖 Ба Тоҷикӣ
Бигӯ: «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Худост! Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шубҳае нест, гирд меоварад. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд, имон намеоваранд.

M Mishary Rashid Alafasy ✓
M Mahmoud Khalil Al-Husary ✓
A Abdurrahman As-Sudais ✓
M Mohamed Siddiq Al-Minshawi ✓
A Abdul Basit Abdul Samad ✓
A Ali Al-Hudhaify ✓
A Ahmed ibn Ali al-Ajamy ✓
A Abu Bakr Ash-Shaatree ✓
M Muhammad Ayyoub ✓
A Abdullah Basfar ✓
A Abdullah Al-Juhani ✓
M Maher Al Muaiqly ✓
0:00
0:00
📜

Тарҷума — Tafsir

  1. Маънои калимаҳои муҳим:
  • خَسِرُوا أَنفُسَهُمْ: худи худро зиёнкор карданд, яъне сабаби ҳалокати хеш гардиданд.
  • لَا رَيْبَ فِيهِ: ҳеҷ шакке дар он нест.
  • كَتَبَ عَلَىٰ نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ: Худованд бар Зоти Худ раҳматро воҷиб гардонид, яъне бо бандагонаш меҳрубон аст ва ба азоб шитоб намекунад.
  1. Тафсири оят:

Эй Паёмбар, ба ин мушрикон бигӯ: «Подшоҳӣ ва моликияти осмонҳо, замин ва ҳар он чӣ дар онҳост, аз они кист?» Худаш ҷавоб диҳед: «Аз они Худост». Онҳо низ инро медонанд ва эътироф мекунанд, пас бояд танҳо Ӯро ибодат кунанд. Худованд бар Зоти Худ раҳматро воҷиб кардааст ва ба бандагонаш дар азоб шитоб намекунад, то шояд тавба кунанд ва ба роҳи рост баргарданд. Ӯ ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ шакке дар вуқуи он нест, ҷамъ хоҳад кард, то ҳисобу ҷазо диҳад. Касоне ки бо куфру ширк худи худро зиёнкор карданд ва сабаби ҳалокати хеш гардиданд, онҳо имон намеоваранд ва худро аз ин зиён наҷот намедиҳанд.

  1. Фоидаҳои ин оят:
  • Худованд Молики ҳамаи осмонҳо ва замин аст, пас танҳо Ӯ сазовори ибодат аст.
  • Раҳмати Худованд бар ғазаби Ӯ пешӣ дорад ва Ӯ ба бандагонаш меҳрубон аст, ба азоб шитоб намекунад ва барои тавба фурсат медиҳад.
  • Рӯзи қиёмат ҳатман хоҳад омад ва ҳеҷ шакке дар он нест; ин боиси он мегардад, ки инсон барои он рӯз омодагӣ бинад.
  • Куфр ва ширк сабаби зиёни бузург ва ҳалокати ҷовидонӣ мешавад, пас бояд аз он дурӣ ҷуст.
  • Имон овардан ба Худо ва рӯзи қиёмат воситаи наҷот аз зиён ва бахтмандии абадӣ аст.


📜 Оят 10-14 — Сураи Аль-Анам

10وَلَقَدِ اسْتُهْزِئَ بِرُسُلٍ مِّن قَبْلِكَ فَحَاقَ بِالَّذِينَ سَخِرُوا مِنْهُم مَّا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ
Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, масхара мекарданд. Пас масхаракунандагонро азобе, ки барои масхара карданашон буд, фурӯ шрифт.
11قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ ثُمَّ انظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُكَذِّبِينَ
Бигӯ: «Дар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст».
12قُل لِّمَن مَّا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ قُل لِّلَّهِ ۚ كَتَبَ عَلَىٰ نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ ۚ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ لَا رَيْبَ فِيهِ ۚ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنفُسَهُمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Бигӯ: «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Худост! Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шубҳае нест, гирд меоварад. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд, имон намеоваранд.
13۞ وَلَهُ مَا سَكَنَ فِي اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
Аз они Ӯст ҳар чӣ дар шабу рӯз ҷой дорад ва Ӯст шунавову доно!»
14قُلْ أَغَيْرَ اللَّهِ أَتَّخِذُ وَلِيًّا فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَهُوَ يُطْعِمُ وَلَا يُطْعَمُ ۗ قُلْ إِنِّي أُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ أَوَّلَ مَنْ أَسْلَمَ ۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُشْرِكِينَ
Бигӯ; «Оё дигаре ғайри Худо ба дӯстӣ гирам, ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронад ва ба таъом мӯтоҷ нест?» Бигӯ; Албатта ман фармон шудаам, ки нахустин касе бошам, ки таслими амри Худо шуда бошад. Пас аз мушрикон мабош!»
Аль-АнамФеҳристи Қуръон
165Оят
MeccanRevelation
12Оят

Тарҷума — Аль-Анам 12

Сураи Аль-Анам Оят 12 - Хондан, Гӯш кун, Тарҷума, Тоҷикӣ : Бигӯ: «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?»…

Сураи Оят 12/165 — Сураи Аль-Анам الأنعام (Meccan). Хондан Гӯш кун Тарҷума (Тоҷикӣ). Гӯш кун: Сураи Аль-Анам Гӯш кун, Сураи Аль-Анам Тарҷума, Сураи Аль-Анам mp3, Сураи Аль-Анам pdf. Оят 10–14. Ба Тоҷикӣ: Русский.





Қуръони Карим


Wednesday, September 30, 2026

Don't forget us in your sincere prayers