حم(1) Ҳо, мим. |
وَالْكِتَابِ الْمُبِينِ(2) Савганд ба ин китоби равшангар! |
إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُّبَارَكَةٍ ۚ إِنَّا كُنَّا مُنذِرِينَ(3) Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем. Мо бимдиҳанда будаем. |
فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ(4) Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад, |
أَمْرًا مِّنْ عِندِنَا ۚ إِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ(5) фармоне аз ҷониби Мо. Ва фиристандаи он будаем. |
رَحْمَةً مِّن رَّبِّكَ ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ(6) Раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта Ӯст шунавову доно. |
رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا ۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ(7) Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни ин ду аст, агар шумо яқинкунандаед. |
لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحْيِي وَيُمِيتُ ۖ رَبُّكُمْ وَرَبُّ آبَائِكُمُ الْأَوَّلِينَ(8) Нест Худое ғайри Ӯ. Зннда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост. |
بَلْ هُمْ فِي شَكٍّ يَلْعَبُونَ(9) На, онҳо ҳамчунон ба шакки худ дилхушанд! |
فَارْتَقِبْ يَوْمَ تَأْتِي السَّمَاءُ بِدُخَانٍ مُّبِينٍ(10) Пас мунтазири рӯзе бош, ки осмон ба ошкоро дуд биёварад. |
يَغْشَى النَّاسَ ۖ هَٰذَا عَذَابٌ أَلِيمٌ(11) Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ гирад. Ва ин азобест дардовар. |
رَّبَّنَا اكْشِفْ عَنَّا الْعَذَابَ إِنَّا مُؤْمِنُونَ(12) «Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки мо имон овардаем». |
أَنَّىٰ لَهُمُ الذِّكْرَىٰ وَقَدْ جَاءَهُمْ رَسُولٌ مُّبِينٌ(13) Куҷо панд мегиранд? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуд, |
ثُمَّ تَوَلَّوْا عَنْهُ وَقَالُوا مُعَلَّمٌ مَّجْنُونٌ(14) аз ӯ рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: «Девонаест таълимёфта!» |
إِنَّا كَاشِفُو الْعَذَابِ قَلِيلًا ۚ إِنَّكُمْ عَائِدُونَ(15) Азобро андаке бармедорем ва шумо боз ба дини худ бозмегардед. |
يَوْمَ نَبْطِشُ الْبَطْشَةَ الْكُبْرَىٰ إِنَّا مُنتَقِمُونَ(16) Рӯзе онҳоро ба савлате (ҳамлае) сахт фурӯ гирем, ки Мо интиқомгирандаем! |
۞ وَلَقَدْ فَتَنَّا قَبْلَهُمْ قَوْمَ فِرْعَوْنَ وَجَاءَهُمْ رَسُولٌ كَرِيمٌ(17) Пеш аз онҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор наздашон омад, |
أَنْ أَدُّوا إِلَيَّ عِبَادَ اللَّهِ ۖ إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ(18) «ки бандагони Худоро ба ман таслим кунед, ки ман паёмбаре аминам. |
وَأَن لَّا تَعْلُوا عَلَى اللَّهِ ۖ إِنِّي آتِيكُم بِسُلْطَانٍ مُّبِينٍ(19) Ва низ бар Худо саркашӣ макунед, ки ман бо ҳуҷҷате равшан назди шумо омадаам. |
وَإِنِّي عُذْتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمْ أَن تَرْجُمُونِ(20) Ва агар бихоҳед бар ман санг бизанед, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам, |
وَإِن لَّمْ تُؤْمِنُوا لِي فَاعْتَزِلُونِ(21) ва агар ба ман имон намеоварад, аз ман канор гиред». |
فَدَعَا رَبَّهُ أَنَّ هَٰؤُلَاءِ قَوْمٌ مُّجْرِمُونَ(22) Пас Парвардигорашро дуо кард, ки инҳо мардуме муҷриманд (гунаҳгоранд). |
فَأَسْرِ بِعِبَادِي لَيْلًا إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ(23) Бандагони Маро шабҳангом равона кун, то аз паи шумо биёянд. |
وَاتْرُكِ الْبَحْرَ رَهْوًا ۖ إِنَّهُمْ جُندٌ مُّغْرَقُونَ(24) Дарёро ором пушти сар гузор, ки он лашкар ғарқшудагонанд. |
كَمْ تَرَكُوا مِن جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ(25) Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд |
وَزُرُوعٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ(26) ва киштзорҳову хонаҳои некӯ |
وَنَعْمَةٍ كَانُوا فِيهَا فَاكِهِينَ(27) ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд. |
كَذَٰلِكَ ۖ وَأَوْرَثْنَاهَا قَوْمًا آخَرِينَ(28) Ҳамчунин шуд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар мерос гузоштем. |
فَمَا بَكَتْ عَلَيْهِمُ السَّمَاءُ وَالْأَرْضُ وَمَا كَانُوا مُنظَرِينَ(29) На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд. |
وَلَقَدْ نَجَّيْنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ مِنَ الْعَذَابِ الْمُهِينِ(30) Ва мо банӣ-Исроилро аз он азоби хоркунанда халос кардем. |
مِن فِرْعَوْنَ ۚ إِنَّهُ كَانَ عَالِيًا مِّنَ الْمُسْرِفِينَ(31) аз азоби Фиръавни саркаши аз ҳад гузаранда |
وَلَقَدِ اخْتَرْنَاهُمْ عَلَىٰ عِلْمٍ عَلَى الْعَالَمِينَ(32) ва аз рӯи илм бар аҳли ҷаҳонашон баргузидем. |
وَآتَيْنَاهُم مِّنَ الْآيَاتِ مَا فِيهِ بَلَاءٌ مُّبِينٌ(33) Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд. |
إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَيَقُولُونَ(34) Албатта инҳо мегӯянд: |
إِنْ هِيَ إِلَّا مَوْتَتُنَا الْأُولَىٰ وَمَا نَحْنُ بِمُنشَرِينَ(35) «Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем. |
فَأْتُوا بِآبَائِنَا إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ(36) Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред». |
أَهُمْ خَيْرٌ أَمْ قَوْمُ تُبَّعٍ وَالَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ ۚ أَهْلَكْنَاهُمْ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ(37) Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок кардем, ки муҷримон (гунаҳгорон) буданд. |
وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا لَاعِبِينَ(38) Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем. |
مَا خَلَقْنَاهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ(39) Онҳоро ба ҳақ офаридаем, вале бештарин намедонанд. |
إِنَّ يَوْمَ الْفَصْلِ مِيقَاتُهُمْ أَجْمَعِينَ(40) Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ қиёмат аст. |
يَوْمَ لَا يُغْنِي مَوْلًى عَن مَّوْلًى شَيْئًا وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ(41) Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте аз дӯсти худ чизеро дафъ накунад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад, |
إِلَّا مَن رَّحِمَ اللَّهُ ۚ إِنَّهُ هُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ(42) ғайри касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, зеро Ӯст ғолибу меҳрубон. |
إِنَّ شَجَرَتَ الزَّقُّومِ(43) Ҳар оина (Албатта) дарахти зуккум |
طَعَامُ الْأَثِيمِ(44) таъоми гуноҳкорон аст. |
كَالْمُهْلِ يَغْلِي فِي الْبُطُونِ(45) Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷушад. |
كَغَلْيِ الْحَمِيمِ(46) Монанди ҷӯшидани оби ҷӯшон. |
خُذُوهُ فَاعْتِلُوهُ إِلَىٰ سَوَاءِ الْجَحِيمِ(47) Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед |
ثُمَّ صُبُّوا فَوْقَ رَأْسِهِ مِنْ عَذَابِ الْحَمِيمِ(48) ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад. |
ذُقْ إِنَّكَ أَنتَ الْعَزِيزُ الْكَرِيمُ(49) Бичаш, ки ту ғолибу бузуррворӣ! |
إِنَّ هَٰذَا مَا كُنتُم بِهِ تَمْتَرُونَ(50) Ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед. |
إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي مَقَامٍ أَمِينٍ(51) Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд, |
فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ(52) дар боғҳову чашмасорҳо |
يَلْبَسُونَ مِن سُندُسٍ وَإِسْتَبْرَقٍ مُّتَقَابِلِينَ(53) либосҳое аз сундусу истабрақ мепушанд ва рӯбарӯи ҳам мешинанд. |
كَذَٰلِكَ وَزَوَّجْنَاهُم بِحُورٍ عِينٍ(54) Ҳамчунин ҳурулъайнро (ҳурони фарохчашм) ба ҳамсарияшон дароварем. |
يَدْعُونَ فِيهَا بِكُلِّ فَاكِهَةٍ آمِنِينَ(55) Дар осоиштагӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд. |
لَا يَذُوقُونَ فِيهَا الْمَوْتَ إِلَّا الْمَوْتَةَ الْأُولَىٰ ۖ وَوَقَاهُمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ(56) Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги аввалин. Ва онҳоро Худо аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст. |
فَضْلًا مِّن رَّبِّكَ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ(57) Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест! |
فَإِنَّمَا يَسَّرْنَاهُ بِلِسَانِكَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ(58) Мо адои сухани худ бар забони ту осон кардем, бошад, ки панд гиранд! |
فَارْتَقِبْ إِنَّهُم مُّرْتَقِبُونَ(59) Ту мунтазир бош, ки онҳо низ мунтазиранд. |