الرَّحْمَٰنُ(1) Худои раҳмон |
عَلَّمَ الْقُرْآنَ(2) Қуръонро таълим дод, |
خَلَقَ الْإِنسَانَ(3) инсонро биёфарид, |
عَلَّمَهُ الْبَيَانَ(4) ба ӯ гуфтан омӯхт. |
الشَّمْسُ وَالْقَمَرُ بِحُسْبَانٍ(5) Офтобу моҳ ба ҳисобе муқаррар дар ҳаракатанд. |
وَالنَّجْمُ وَالشَّجَرُ يَسْجُدَانِ(6) Ва гиёҳу дарахт саҷдааш мекунанд. |
وَالسَّمَاءَ رَفَعَهَا وَوَضَعَ الْمِيزَانَ(7) Осмонро барафрохт ва тарозуро барниҳод, |
أَلَّا تَطْغَوْا فِي الْمِيزَانِ(8) то дар тарозу таҷовуз накунед. |
وَأَقِيمُوا الْوَزْنَ بِالْقِسْطِ وَلَا تُخْسِرُوا الْمِيزَانَ(9) Вазн карданро ба адолат риъоят кунед ва камфурӯшӣ макунед! |
وَالْأَرْضَ وَضَعَهَا لِلْأَنَامِ(10) Заминро барои мардум қарор дод. |
فِيهَا فَاكِهَةٌ وَالنَّخْلُ ذَاتُ الْأَكْمَامِ(11) Дар он меваҳост ва дарахтони хурмо бо хӯшаҳое, ки дар ғилофанд. |
وَالْحَبُّ ذُو الْعَصْفِ وَالرَّيْحَانُ(12) Ва донаҳое, ки ҳамроҳ бо команд ва низ гиёҳони хушбӯ. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(13) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
خَلَقَ الْإِنسَانَ مِن صَلْصَالٍ كَالْفَخَّارِ(14) Одамиро аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид, |
وَخَلَقَ الْجَانَّ مِن مَّارِجٍ مِّن نَّارٍ(15) Ва ҷинро аз шӯълае бедуд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(16) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
رَبُّ الْمَشْرِقَيْنِ وَرَبُّ الْمَغْرِبَيْنِ(17) Парвардигори ду машриқ ва Парвардигори ду мағриб. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(18) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ يَلْتَقِيَانِ(19) Ду дарёро пеш ронд, то ба ҳам расиданд, |
بَيْنَهُمَا بَرْزَخٌ لَّا يَبْغِيَانِ(20) миёнашон пардаест то ба ҳам омехта нашаванд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(21) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигорагонро дурӯғ мешуморед? |
يَخْرُجُ مِنْهُمَا اللُّؤْلُؤُ وَالْمَرْجَانُ(22) Аз он ду марвориду марҷон берун меояд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(23) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
وَلَهُ الْجَوَارِ الْمُنشَآتُ فِي الْبَحْرِ كَالْأَعْلَامِ(24) Ва Ӯрост киштиҳое монанди кӯҳ, ки дар дарё мераванд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(25) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
كُلُّ مَنْ عَلَيْهَا فَانٍ(26) Ҳар чӣ бар рӯи замин аст, фонӣ (тамом) шуданист. |
وَيَبْقَىٰ وَجْهُ رَبِّكَ ذُو الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ(27) Ва зоти Парвардигори соҳиби бузургӣ ва икроми туст, ки боқӣ мемонад. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(28) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
يَسْأَلُهُ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ كُلَّ يَوْمٍ هُوَ فِي شَأْنٍ(29) Ҳар кас, ки дар осмонҳову замин аст, пурсандаи даргоҳи Ӯст ва Ӯ ҳар рӯз дар корест. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(30) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
سَنَفْرُغُ لَكُمْ أَيُّهَ الثَّقَلَانِ(31) Эй ҷинниёну одамиён, ба ҳисоби шумо хоҳем расид! |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(32) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
يَا مَعْشَرَ الْجِنِّ وَالْإِنسِ إِنِ اسْتَطَعْتُمْ أَن تَنفُذُوا مِنْ أَقْطَارِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ فَانفُذُوا ۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلْطَانٍ(33) Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канораҳои осмонҳову замин берун равед, берун равед! Вале берун натавонед рафт, магар бо доштани қудрате. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(34) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
يُرْسَلُ عَلَيْكُمَا شُوَاظٌ مِّن نَّارٍ وَنُحَاسٌ فَلَا تَنتَصِرَانِ(35) Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ё дуде низ пас бо ӯ муқобала натавонед кард. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(36) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
فَإِذَا انشَقَّتِ السَّمَاءُ فَكَانَتْ وَرْدَةً كَالدِّهَانِ(37) Он гоҳ, ки осмон шикофта шавад, ранге сурх чун ранги чарм хоҳад дошт. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(38) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
فَيَوْمَئِذٍ لَّا يُسْأَلُ عَن ذَنبِهِ إِنسٌ وَلَا جَانٌّ(39) Пас дар он рӯз аз гуноҳи ҳеҷ ҷинневу одамие напурсанд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(40) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
يُعْرَفُ الْمُجْرِمُونَ بِسِيمَاهُمْ فَيُؤْخَذُ بِالنَّوَاصِي وَالْأَقْدَامِ(41) Кофиронро ба нишони қиёфаашон мешиносанд ва аз мӯи ҷилави сар ва пойҳояшон мегиранд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(42) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
هَٰذِهِ جَهَنَّمُ الَّتِي يُكَذِّبُ بِهَا الْمُجْرِمُونَ(43) Ин ҳамон ҷаҳаннамест, ки гунаҳкорон дурӯғаш мепиндоштанд. |
يَطُوفُونَ بَيْنَهَا وَبَيْنَ حَمِيمٍ آنٍ(44) Ва акнун дар миёни он ва оби ҷӯшон, мегарданд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(45) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
وَلِمَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ جَنَّتَانِ(46) Ҳ, ар касро, ки аз истодан ба пешгоҳи Парвардигораш тарсида бошад, ду биҳишт аст. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(47) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
ذَوَاتَا أَفْنَانٍ(48) Он ду пур аз дарахтонанд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(49) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
فِيهِمَا عَيْنَانِ تَجْرِيَانِ(50) Дар он ду, ду чашма ҷорист. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(51) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
فِيهِمَا مِن كُلِّ فَاكِهَةٍ زَوْجَانِ(52) Дар он ҷо аз ҳар гуна мевае ду қисм аст. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(53) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
مُتَّكِئِينَ عَلَىٰ فُرُشٍ بَطَائِنُهَا مِنْ إِسْتَبْرَقٍ ۚ وَجَنَى الْجَنَّتَيْنِ دَانٍ(54) Бар бистарҳое, ки астарашон аз истабрақ аст, такя задаанд ва меваҳои он ду биҳишт дар наздикашон бошад. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(55) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
فِيهِنَّ قَاصِرَاتُ الطَّرْفِ لَمْ يَطْمِثْهُنَّ إِنسٌ قَبْلَهُمْ وَلَا جَانٌّ(56) Дар он ҷост заноне, ки ҷуз ба шавҳари худ нанигаранд ва пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамиву ҷинне ба ояҳо даст назадааст. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(57) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
كَأَنَّهُنَّ الْيَاقُوتُ وَالْمَرْجَانُ(58) Гӯй, ки он ҳурон монанди ёқуту марҷонанд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(59) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморад? |
هَلْ جَزَاءُ الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ(60) Мукофоти некӣ некисту бас. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(61) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
وَمِن دُونِهِمَا جَنَّتَانِ(62) Ва ғайри онҳо ду биҳишти дигар аст. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(63) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
مُدْهَامَّتَانِ(64) Аз шиддати сабзӣ моил ба сиёҳианд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(65) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед,? |
فِيهِمَا عَيْنَانِ نَضَّاخَتَانِ(66) Дар он ду, ду чашмаи ҷӯшанда ҳаст. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(67) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
فِيهِمَا فَاكِهَةٌ وَنَخْلٌ وَرُمَّانٌ(68) Дар он ду мева ҳаст ва дарахти хурмо ҳасту анор ҳаст. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(69) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
فِيهِنَّ خَيْرَاتٌ حِسَانٌ(70) Дар он ҷо занонест нексирату зеборӯй. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(71) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигаратонро дурӯғ мешуморед? |
حُورٌ مَّقْصُورَاتٌ فِي الْخِيَامِ(72) Ҳуроне нигаҳдошташуда дар хаймаҳо. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(73) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
لَمْ يَطْمِثْهُنَّ إِنسٌ قَبْلَهُمْ وَلَا جَانٌّ(74) Пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамеву ҷинне ба онҳо даст назадааст. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(75) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
مُتَّكِئِينَ عَلَىٰ رَفْرَفٍ خُضْرٍ وَعَبْقَرِيٍّ حِسَانٍ(76) Бар болишҳои сабзу фаршҳои, некӯ такя мезананд. |
فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ(77) Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? |
تَبَارَكَ اسْمُ رَبِّكَ ذِي الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ(78) Бузург аст номи Парвардигори ту — он соҳиби бузургиву икром! |