La sourate Yusuf en Tadjik
الر ۚ تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْمُبِينِ(1) Алиф, лом, ро. Инҳост оёти китоби равшангар. |
إِنَّا أَنزَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَّعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ(2) Мо Қуръоне арабӣ нозилаш кардаем, бошад, ки шумо дарёбед! |
نَحْنُ نَقُصُّ عَلَيْكَ أَحْسَنَ الْقَصَصِ بِمَا أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ هَٰذَا الْقُرْآنَ وَإِن كُنتَ مِن قَبْلِهِ لَمِنَ الْغَافِلِينَ(3) Бо ин Қуръон, ки ба ту ваҳй кардаем, беҳтарин достонро бароят ҳикоят мекунем, ки ту аз ин пеш аз бехабарон будаӣ. |
إِذْ قَالَ يُوسُفُ لِأَبِيهِ يَا أَبَتِ إِنِّي رَأَيْتُ أَحَدَ عَشَرَ كَوْكَبًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ رَأَيْتُهُمْ لِي سَاجِدِينَ(4) Он гоҳ, ки Юсуф ба падари худ гуфт: «Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳ дидам, дидам, ки саҷдаам мекунанд». |
قَالَ يَا بُنَيَّ لَا تَقْصُصْ رُؤْيَاكَ عَلَىٰ إِخْوَتِكَ فَيَكِيدُوا لَكَ كَيْدًا ۖ إِنَّ الشَّيْطَانَ لِلْإِنسَانِ عَدُوٌّ مُّبِينٌ(5) Гуфт: «Эй писари хурдакам, хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки туро ҳилае меандешанд, Зеро шайтон одамиёнро душмане ошкор аст! |
وَكَذَٰلِكَ يَجْتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأْوِيلِ الْأَحَادِيثِ وَيُتِمُّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكَ وَعَلَىٰ آلِ يَعْقُوبَ كَمَا أَتَمَّهَا عَلَىٰ أَبَوَيْكَ مِن قَبْلُ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْحَاقَ ۚ إِنَّ رَبَّكَ عَلِيمٌ حَكِيمٌ(6) Ва инчунин Парвардигорат туро бармегузинад ва таъбири хоб меомӯзад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ комил карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам комил мекунад, ки Парвардигорат донову ҳаким аст!» |
۞ لَّقَدْ كَانَ فِي يُوسُفَ وَإِخْوَتِهِ آيَاتٌ لِّلسَّائِلِينَ(7) Дар достони Юсуф ва бародаронаш барои онон, ки аз он пурсидаанд, ибратҳост. |
إِذْ قَالُوا لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَىٰ أَبِينَا مِنَّا وَنَحْنُ عُصْبَةٌ إِنَّ أَبَانَا لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ(8) Он гоҳ, ки гуфтанд: «Юсуф ва бародараш назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он ки мо худ гурӯҳе нерӯмандем. Падарамон дар гумроҳии ошкорест». |
اقْتُلُوا يُوسُفَ أَوِ اطْرَحُوهُ أَرْضًا يَخْلُ لَكُمْ وَجْهُ أَبِيكُمْ وَتَكُونُوا مِن بَعْدِهِ قَوْمًا صَالِحِينَ(9) «Юсуфро бикушед ё дар сарзамине дигараш биандозед, то падар хоси шумо гардад ва аз он пас мардуме шоиста гардед». |
قَالَ قَائِلٌ مِّنْهُمْ لَا تَقْتُلُوا يُوسُفَ وَأَلْقُوهُ فِي غَيَابَتِ الْجُبِّ يَلْتَقِطْهُ بَعْضُ السَّيَّارَةِ إِن كُنتُمْ فَاعِلِينَ(10) Яке аз онҳо гуфт: «Агар мехоҳед коре кунед, Юсуфро накушед; дар қаъри торики чоҳаш бипартоед, то корвоне ӯро бигирад». |
قَالُوا يَا أَبَانَا مَا لَكَ لَا تَأْمَنَّا عَلَىٰ يُوسُفَ وَإِنَّا لَهُ لَنَاصِحُونَ(11) Гуфтанд: Эй падар, чӣ шуд, ки моро бар Юсуф боварӣ намекунӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳи ӯ ҳастем? |
أَرْسِلْهُ مَعَنَا غَدًا يَرْتَعْ وَيَلْعَبْ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ(12) Фардо ӯро бо мо бифирист, то бигардаду бози кунад ва мо нигаҳдораш ҳастем». |
قَالَ إِنِّي لَيَحْزُنُنِي أَن تَذْهَبُوا بِهِ وَأَخَافُ أَن يَأْكُلَهُ الذِّئْبُ وَأَنتُمْ عَنْهُ غَافِلُونَ(13) Гуфт: «Агар ӯро бибаред, ғамгин мешавам ва метарсам, ки аз ӯ ғофил шавед ва гург ӯро бихӯрад». |
قَالُوا لَئِنْ أَكَلَهُ الذِّئْبُ وَنَحْنُ عُصْبَةٌ إِنَّا إِذًا لَّخَاسِرُونَ(14) Гуфтанд: «Бо ин гурӯҳи нерӯманд, ки мо ҳастем, агар гург ӯро бихӯрад, аз зиёнкорон хоҳем буд». |
فَلَمَّا ذَهَبُوا بِهِ وَأَجْمَعُوا أَن يَجْعَلُوهُ فِي غَيَابَتِ الْجُبِّ ۚ وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِ لَتُنَبِّئَنَّهُم بِأَمْرِهِمْ هَٰذَا وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ(15) Чун ӯро бурданд ва қасд карданд, ки дар қаъри торики чоҳаш бияфкананд, ба ӯ ваҳй кардем, ки онҳоро аз ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт ва худ надонанд. |
وَجَاءُوا أَبَاهُمْ عِشَاءً يَبْكُونَ(16) Шабҳангом гирён назди падарашон боз омаданд. |
قَالُوا يَا أَبَانَا إِنَّا ذَهَبْنَا نَسْتَبِقُ وَتَرَكْنَا يُوسُفَ عِندَ مَتَاعِنَا فَأَكَلَهُ الذِّئْبُ ۖ وَمَا أَنتَ بِمُؤْمِنٍ لَّنَا وَلَوْ كُنَّا صَادِقِينَ(17) Гуфтанд: «Эй падар, мо ба асп тохтан рафта будем ва Юсуфро назди матоъи худ гузошта будем, гург ӯро хӯрд. Ва ҳарчанд ҳам, ки рост бигӯем, ту сухани моро бовар надорӣ». |
وَجَاءُوا عَلَىٰ قَمِيصِهِ بِدَمٍ كَذِبٍ ۚ قَالَ بَلْ سَوَّلَتْ لَكُمْ أَنفُسُكُمْ أَمْرًا ۖ فَصَبْرٌ جَمِيلٌ ۖ وَاللَّهُ الْمُسْتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ(18) Ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғушта буд, оварданд, гуфт: «Нафси шумо кореро дар назаратон биёроста аст. Акнун барои ман сабри ҷамил беҳтар аст ва Худост, ки дар ин бора аз ӯ ёрӣ бояд хост». |
وَجَاءَتْ سَيَّارَةٌ فَأَرْسَلُوا وَارِدَهُمْ فَأَدْلَىٰ دَلْوَهُ ۖ قَالَ يَا بُشْرَىٰ هَٰذَا غُلَامٌ ۚ وَأَسَرُّوهُ بِضَاعَةً ۚ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِمَا يَعْمَلُونَ(19) Корвоне омад. Обоварашонро фиристоданд. Сатил фурӯ кард. Гуфт: «Муждагонӣ, ин писарест». Ӯро чун матоъе пинҳон сохтанд ва Худо ба коре, ки мекарданд, огоҳ буд. |
وَشَرَوْهُ بِثَمَنٍ بَخْسٍ دَرَاهِمَ مَعْدُودَةٍ وَكَانُوا فِيهِ مِنَ الزَّاهِدِينَ(20) Ӯро ба баҳои андак, ба чанд дирҳам фурӯхтанд, ки ҳеҷ рағбате ба ӯ надоштанд. |
وَقَالَ الَّذِي اشْتَرَاهُ مِن مِّصْرَ لِامْرَأَتِهِ أَكْرِمِي مَثْوَاهُ عَسَىٰ أَن يَنفَعَنَا أَوْ نَتَّخِذَهُ وَلَدًا ۚ وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي الْأَرْضِ وَلِنُعَلِّمَهُ مِن تَأْوِيلِ الْأَحَادِيثِ ۚ وَاللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰ أَمْرِهِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ(21) Касе аз мардуми Миср, ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад, ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва инчунин Юсуфро дар замин ҷой додем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Худо бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедоканд! |
وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُ آتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا ۚ وَكَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ(22) Ва чун болиғ шуд, ҳикмату донишаш додем ва некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем. |
وَرَاوَدَتْهُ الَّتِي هُوَ فِي بَيْتِهَا عَن نَّفْسِهِ وَغَلَّقَتِ الْأَبْوَابَ وَقَالَتْ هَيْتَ لَكَ ۚ قَالَ مَعَاذَ اللَّهِ ۖ إِنَّهُ رَبِّي أَحْسَنَ مَثْوَايَ ۖ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الظَّالِمُونَ(23) Ва он зан, ки Юсуф дар хонааш буд, дар паи комҷӯӣ аз Юсуф мебуд. Ва дарҳоро басту гуфт: «Бишитоб». Гуфт: «Паноҳ мебарам ба Худо, Ӯ парваронандаи ман аст ва маро обрӯи некӯ дода ва ситамкорон наҷотёфта намешаванд». |
وَلَقَدْ هَمَّتْ بِهِ ۖ وَهَمَّ بِهَا لَوْلَا أَن رَّأَىٰ بُرْهَانَ رَبِّهِ ۚ كَذَٰلِكَ لِنَصْرِفَ عَنْهُ السُّوءَ وَالْفَحْشَاءَ ۚ إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُخْلَصِينَ(24) Он зан майли ӯ кард. Ва агар бурҳони Парвардигорашро надида буд, ӯ низ майли он зан мекард. Чунин кардем, то бадиву зишткориро аз вай бозгардонем. Зеро ӯ аз бакдагони покдили Мо буд! |
وَاسْتَبَقَا الْبَابَ وَقَدَّتْ قَمِيصَهُ مِن دُبُرٍ وَأَلْفَيَا سَيِّدَهَا لَدَى الْبَابِ ۚ قَالَتْ مَا جَزَاءُ مَنْ أَرَادَ بِأَهْلِكَ سُوءًا إِلَّا أَن يُسْجَنَ أَوْ عَذَابٌ أَلِيمٌ(25) Ҳар ду ба ҷониби дар давиданд ва зан ҷомаи ӯро аз пас бидарид. Ва шӯи он занро наздики дар диданд. Зан гуфт: «Ҷазои касе, ки бо зани ту қасди баде дошта бошад, чист, ҷуз ин ки ба зиндон афтад ё ба азобе дардовар гирифтор ояд?» |
قَالَ هِيَ رَاوَدَتْنِي عَن نَّفْسِي ۚ وَشَهِدَ شَاهِدٌ مِّنْ أَهْلِهَا إِن كَانَ قَمِيصُهُ قُدَّ مِن قُبُلٍ فَصَدَقَتْ وَهُوَ مِنَ الْكَاذِبِينَ(26) Юсуф гуфт: «Ӯ дар паи комҷӯӣ аз ман буд ва маро ба худ хонд». Ва яке аз касони зан гувоҳӣ дод, ки агар ҷомааш аз пеш даридааст, зан рост мегӯяд ва ӯ дурӯғгӯст. |
وَإِن كَانَ قَمِيصُهُ قُدَّ مِن دُبُرٍ فَكَذَبَتْ وَهُوَ مِنَ الصَّادِقِينَ(27) Ва агар ҷомааш аз пас даридааст, зан дурӯғ мегӯяд ва ӯ ростгӯст. |
فَلَمَّا رَأَىٰ قَمِيصَهُ قُدَّ مِن دُبُرٍ قَالَ إِنَّهُ مِن كَيْدِكُنَّ ۖ إِنَّ كَيْدَكُنَّ عَظِيمٌ(28) Чун дид ҷомааш аз пас даридааст, гуфт: «Ин аз макри шумо занон аст, ки макри шумо занон макре бузург аст! |
يُوسُفُ أَعْرِضْ عَنْ هَٰذَا ۚ وَاسْتَغْفِرِي لِذَنبِكِ ۖ إِنَّكِ كُنتِ مِنَ الْخَاطِئِينَ(29) Эй Юсуф, забони худ нигоҳ дор ва эй зан, аз гуноҳи худ бахшоиш бихоҳ, ки ту аз хатокоронӣ». |
۞ وَقَالَ نِسْوَةٌ فِي الْمَدِينَةِ امْرَأَتُ الْعَزِيزِ تُرَاوِدُ فَتَاهَا عَن نَّفْسِهِ ۖ قَدْ شَغَفَهَا حُبًّا ۖ إِنَّا لَنَرَاهَا فِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ(30) Закони шаҳр гуфтанд: «Зани Азиз дар паи комҷӯӣ аз ғуломи худ шудааст ва шефтаи ӯ гашта аст. Мо вайро дар гумроҳии ошкоро мебипем». |
فَلَمَّا سَمِعَتْ بِمَكْرِهِنَّ أَرْسَلَتْ إِلَيْهِنَّ وَأَعْتَدَتْ لَهُنَّ مُتَّكَأً وَآتَتْ كُلَّ وَاحِدَةٍ مِّنْهُنَّ سِكِّينًا وَقَالَتِ اخْرُجْ عَلَيْهِنَّ ۖ فَلَمَّا رَأَيْنَهُ أَكْبَرْنَهُ وَقَطَّعْنَ أَيْدِيَهُنَّ وَقُلْنَ حَاشَ لِلَّهِ مَا هَٰذَا بَشَرًا إِنْ هَٰذَا إِلَّا مَلَكٌ كَرِيمٌ(31) Чун афсунашонро шунид, наздашон кас фиристод ва маҷлисе тартиб дод ва ба ҳар як корде дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун ӯро диданд, бузургаш шумурданд ва дасти хеш бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ ин одами нест, ин фариштае бузургвор аст!» |
قَالَتْ فَذَٰلِكُنَّ الَّذِي لُمْتُنَّنِي فِيهِ ۖ وَلَقَدْ رَاوَدتُّهُ عَن نَّفْسِهِ فَاسْتَعْصَمَ ۖ وَلَئِن لَّمْ يَفْعَلْ مَا آمُرُهُ لَيُسْجَنَنَّ وَلَيَكُونًا مِّنَ الصَّاغِرِينَ(32) Гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби ӯ маломат мекардед. Ман дар паи комҷӯӣ аз ӯ будам ва ӯ худро нигоҳ дошт. Агар он чӣ фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор хоҳад шуд». |
قَالَ رَبِّ السِّجْنُ أَحَبُّ إِلَيَّ مِمَّا يَدْعُونَنِي إِلَيْهِ ۖ وَإِلَّا تَصْرِفْ عَنِّي كَيْدَهُنَّ أَصْبُ إِلَيْهِنَّ وَأَكُن مِّنَ الْجَاهِلِينَ(33) Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон дӯст доштанитар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям». |
فَاسْتَجَابَ لَهُ رَبُّهُ فَصَرَفَ عَنْهُ كَيْدَهُنَّ ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ(34) Парвардигораш дуъояшро иҷобат кард ва макри занон аз ӯ дур кард. Зеро Худо шунавову доност! |
ثُمَّ بَدَا لَهُم مِّن بَعْدِ مَا رَأَوُا الْآيَاتِ لَيَسْجُنُنَّهُ حَتَّىٰ حِينٍ(35) Пас бо он нишонаҳо, ки дида буданд, тасмим карданд, ки чанде ба зиндонаш бияфкананд. |
وَدَخَلَ مَعَهُ السِّجْنَ فَتَيَانِ ۖ قَالَ أَحَدُهُمَا إِنِّي أَرَانِي أَعْصِرُ خَمْرًا ۖ وَقَالَ الْآخَرُ إِنِّي أَرَانِي أَحْمِلُ فَوْقَ رَأْسِي خُبْزًا تَأْكُلُ الطَّيْرُ مِنْهُ ۖ نَبِّئْنَا بِتَأْوِيلِهِ ۖ إِنَّا نَرَاكَ مِنَ الْمُحْسِنِينَ(36) Ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: «Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам». Дигаре гуфт: «Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва паррандагон аз он мехӯранд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки аз некӯкоронат мебинем». |
قَالَ لَا يَأْتِيكُمَا طَعَامٌ تُرْزَقَانِهِ إِلَّا نَبَّأْتُكُمَا بِتَأْوِيلِهِ قَبْلَ أَن يَأْتِيَكُمَا ۚ ذَٰلِكُمَا مِمَّا عَلَّمَنِي رَبِّي ۚ إِنِّي تَرَكْتُ مِلَّةَ قَوْمٍ لَّا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَهُم بِالْآخِرَةِ هُمْ كَافِرُونَ(37) Гуфт: «Таъоми рӯзонаи шумо ҳанӯз наомада бошад, ки пеш аз он шуморо аз таъбири он хобҳо, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст, хабар медиҳам. Ман дини мардумеро, ки ба Худои якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам. |
وَاتَّبَعْتُ مِلَّةَ آبَائِي إِبْرَاهِيمَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ ۚ مَا كَانَ لَنَا أَن نُّشْرِكَ بِاللَّهِ مِن شَيْءٍ ۚ ذَٰلِكَ مِن فَضْلِ اللَّهِ عَلَيْنَا وَعَلَى النَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَشْكُرُونَ(38) Ман пайрави дини падаронам Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам ва моро нашояд, ки ҳеҷ чизро шарики Худо қарор диҳем. Ин фазилатест, ки Худо бар мову бар мардуми дигар арзонӣ доштааст, вале бештари мардум ношукранд. |
يَا صَاحِبَيِ السِّجْنِ أَأَرْبَابٌ مُّتَفَرِّقُونَ خَيْرٌ أَمِ اللَّهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ(39) Эй ду зиндонӣ, оё худоёни пароканда беҳтар аст ё Оллоҳ — он Худованди яктои ғолиб бар ҳамагон? |
مَا تَعْبُدُونَ مِن دُونِهِ إِلَّا أَسْمَاءً سَمَّيْتُمُوهَا أَنتُمْ وَآبَاؤُكُم مَّا أَنزَلَ اللَّهُ بِهَا مِن سُلْطَانٍ ۚ إِنِ الْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ ۚ أَمَرَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ ۚ ذَٰلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ(40) Намепарастед ғайри Худои якто магар бутонеро, ки худ ва падаронатон онҳоро ба номҳое хондаед ва Худо ҳуҷҷате бар исботи онҳо нозил накардааст. Ҳукм ҷуз ҳукми Худо нест. Фармон додааст, ки ҷуз ӯро напарастед. Ин аст дини росту устувор, вале бештари мардум намедонанд. |
يَا صَاحِبَيِ السِّجْنِ أَمَّا أَحَدُكُمَا فَيَسْقِي رَبَّهُ خَمْرًا ۖ وَأَمَّا الْآخَرُ فَيُصْلَبُ فَتَأْكُلُ الطَّيْرُ مِن رَّأْسِهِ ۚ قُضِيَ الْأَمْرُ الَّذِي فِيهِ تَسْتَفْتِيَانِ(41) Эй ду зиндонӣ, аммо яке аз шумо барои хоҷаи худ шароб резад, аммо дигареро бар дор кунанд ва паррандагон сари ӯ бихӯранд. Коре, ки дар бораи он назар мехостед, ба поён омадааст», |
وَقَالَ لِلَّذِي ظَنَّ أَنَّهُ نَاجٍ مِّنْهُمَا اذْكُرْنِي عِندَ رَبِّكَ فَأَنسَاهُ الشَّيْطَانُ ذِكْرَ رَبِّهِ فَلَبِثَ فِي السِّجْنِ بِضْعَ سِنِينَ(42) Ба яке аз он ду, ки медоннст, раҳо мешавад, гуфт: «Маро назди хоҷаи худ ёд кун!» Аммо шайтон аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз ӯ ёд кунад ва чанд сол дар зиндон бимонд. |
وَقَالَ الْمَلِكُ إِنِّي أَرَىٰ سَبْعَ بَقَرَاتٍ سِمَانٍ يَأْكُلُهُنَّ سَبْعٌ عِجَافٌ وَسَبْعَ سُنبُلَاتٍ خُضْرٍ وَأُخَرَ يَابِسَاتٍ ۖ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ أَفْتُونِي فِي رُؤْيَايَ إِن كُنتُمْ لِلرُّؤْيَا تَعْبُرُونَ(43) Подшоҳ гуфт: «Дар хоб ҳафт гови фарбеҳро дидам, ки онҳоро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хушаи сабз дидам ва ҳафт хушаи хушк. Эй хосагони ман, хоби маро таъбир кунед, агар таъбири хоб медонед». |
قَالُوا أَضْغَاثُ أَحْلَامٍ ۖ وَمَا نَحْنُ بِتَأْوِيلِ الْأَحْلَامِ بِعَالِمِينَ(44) Гуфтанд: «Инҳо хобҳои ошуфтааст ва моро ба таъбири ин хобҳо огоҳӣ нест». |
وَقَالَ الَّذِي نَجَا مِنْهُمَا وَادَّكَرَ بَعْدَ أُمَّةٍ أَنَا أُنَبِّئُكُم بِتَأْوِيلِهِ فَأَرْسِلُونِ(45) Яке аз он ду, ки раҳо шуда буд ва пас аз муддате ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз таъбири он огоҳ мекунам. Маро назди ӯ бифиристед». |
يُوسُفُ أَيُّهَا الصِّدِّيقُ أَفْتِنَا فِي سَبْعِ بَقَرَاتٍ سِمَانٍ يَأْكُلُهُنَّ سَبْعٌ عِجَافٌ وَسَبْعِ سُنبُلَاتٍ خُضْرٍ وَأُخَرَ يَابِسَاتٍ لَّعَلِّي أَرْجِعُ إِلَى النَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَعْلَمُونَ(46) «Эй Юсуф, эй марди ростгӯй, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хушаи сабзу ҳафт хушаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон огоҳ гарданд». |
قَالَ تَزْرَعُونَ سَبْعَ سِنِينَ دَأَبًا فَمَا حَصَدتُّمْ فَذَرُوهُ فِي سُنبُلِهِ إِلَّا قَلِيلًا مِّمَّا تَأْكُلُونَ(47) Гуфт: «Ҳафт сол пай дар пай бикоред ва ҳар чӣ медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, бо хуша анбор кунед. |
ثُمَّ يَأْتِي مِن بَعْدِ ذَٰلِكَ سَبْعٌ شِدَادٌ يَأْكُلْنَ مَا قَدَّمْتُمْ لَهُنَّ إِلَّا قَلِيلًا مِّمَّا تُحْصِنُونَ(48) Аз он пас ҳафт сол кахтӣ меояд ва дар он ҳафт сол он чӣ барояшон ҷамъ кардаанд, бихӯранд ғайри андаке, ки нигоҳ медоред. |
ثُمَّ يَأْتِي مِن بَعْدِ ذَٰلِكَ عَامٌ فِيهِ يُغَاثُ النَّاسُ وَفِيهِ يَعْصِرُونَ(49) Пас аз он соле ояд, ки мардумонро борон диҳанд ва дар он сол афшурданиҳоро мефушуранд». |
وَقَالَ الْمَلِكُ ائْتُونِي بِهِ ۖ فَلَمَّا جَاءَهُ الرَّسُولُ قَالَ ارْجِعْ إِلَىٰ رَبِّكَ فَاسْأَلْهُ مَا بَالُ النِّسْوَةِ اللَّاتِي قَطَّعْنَ أَيْدِيَهُنَّ ۚ إِنَّ رَبِّي بِكَيْدِهِنَّ عَلِيمٌ(50) Подшоҳ гуфт: «Назди манаш биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф гуфт: «Назди хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳикояти он занон, ки дастҳои худро буриданд, чӣ буд? Ки Парвардигори ман ба макрашон огоҳ аст!» |
قَالَ مَا خَطْبُكُنَّ إِذْ رَاوَدتُّنَّ يُوسُفَ عَن نَّفْسِهِ ۚ قُلْنَ حَاشَ لِلَّهِ مَا عَلِمْنَا عَلَيْهِ مِن سُوءٍ ۚ قَالَتِ امْرَأَتُ الْعَزِيزِ الْآنَ حَصْحَصَ الْحَقُّ أَنَا رَاوَدتُّهُ عَن نَّفْسِهِ وَإِنَّهُ لَمِنَ الصَّادِقِينَ(51) Гуфт: «Эй занон, он гоҳ ки хостори тани Юсуф мебудед, ҳикояти шумо чӣ буд?» Гуфтанд: «Паноҳ бар Худо! Ӯро ҳеҷ гунаҳкор намедонем». Зани Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман дар паи комҷӯӣ аз ӯ мебудам ва ӯ дар зумраи ростгӯён аст!» |
ذَٰلِكَ لِيَعْلَمَ أَنِّي لَمْ أَخُنْهُ بِالْغَيْبِ وَأَنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي كَيْدَ الْخَائِنِينَ(52) «Чунин шуд то бидонад, ки ман дар ғайбаташ ба ӯ хиёнат накардаам ва Худо ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасоздад. |
۞ وَمَا أُبَرِّئُ نَفْسِي ۚ إِنَّ النَّفْسَ لَأَمَّارَةٌ بِالسُّوءِ إِلَّا مَا رَحِمَ رَبِّي ۚ إِنَّ رَبِّي غَفُورٌ رَّحِيمٌ(53) Ман худамро бегуноҳ намедонам, зеро нафс одамиро ба бадӣ фармон медиҳад. Магар Парвардигори ман бибахшояд, зеро Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!» |
وَقَالَ الْمَلِكُ ائْتُونِي بِهِ أَسْتَخْلِصْهُ لِنَفْسِي ۖ فَلَمَّا كَلَّمَهُ قَالَ إِنَّكَ الْيَوْمَ لَدَيْنَا مَكِينٌ أَمِينٌ(54) Подшоҳ гуфт: «Ӯро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гар донам». Ва чун бо ӯ сухан гуфт, гуфт; «Ту аз имрӯз назди мо соҳибмартаба ва боваринок ҳастӣ». |
قَالَ اجْعَلْنِي عَلَىٰ خَزَائِنِ الْأَرْضِ ۖ إِنِّي حَفِيظٌ عَلِيمٌ(55) Гуфт: «Маро бар хазинаҳои ин сарзамин муқаррар кун, ки ман нигаҳбоне доноям». |
وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي الْأَرْضِ يَتَبَوَّأُ مِنْهَا حَيْثُ يَشَاءُ ۚ نُصِيبُ بِرَحْمَتِنَا مَن نَّشَاءُ ۖ وَلَا نُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ(56) Инчунин Юсуфро дар он сарзамин обрӯ додем. Ҳар ҷо, ки мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳем, арзонӣ медорем ва музди некӯкоронро барбод намекунем. |
وَلَأَجْرُ الْآخِرَةِ خَيْرٌ لِّلَّذِينَ آمَنُوا وَكَانُوا يَتَّقُونَ(57) Ва албатта музди онҷаҳонӣ барои касоне, ки имоп овардаанд ва парҳезгорӣ мекунанд, беҳтар аст. |
وَجَاءَ إِخْوَةُ يُوسُفَ فَدَخَلُوا عَلَيْهِ فَعَرَفَهُمْ وَهُمْ لَهُ مُنكِرُونَ(58) Бародарони Юсуф омаданд ва бар ӯ дохил шуданд, онҳоро шинохт ва онҳо нашинохтандаш. |
وَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمْ قَالَ ائْتُونِي بِأَخٍ لَّكُم مِّنْ أَبِيكُمْ ۚ أَلَا تَرَوْنَ أَنِّي أُوفِي الْكَيْلَ وَأَنَا خَيْرُ الْمُنزِلِينَ(59) Чун борҳояшонро муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам? |
فَإِن لَّمْ تَأْتُونِي بِهِ فَلَا كَيْلَ لَكُمْ عِندِي وَلَا تَقْرَبُونِ(60) Агар ӯро назди ман наёваред, паймонае назди ман нахоҳед дошт ва ба ман наздик машавед». |
قَالُوا سَنُرَاوِدُ عَنْهُ أَبَاهُ وَإِنَّا لَفَاعِلُونَ(61) Гуфтанд: «Мо ӯро ба исрор аз падар хоҳем хост ва ин корро хоҳем кард». |
وَقَالَ لِفِتْيَانِهِ اجْعَلُوا بِضَاعَتَهُمْ فِي رِحَالِهِمْ لَعَلَّهُمْ يَعْرِفُونَهَا إِذَا انقَلَبُوا إِلَىٰ أَهْلِهِمْ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ(62) Ва ба мардони худ гуфт: «Сармояашонро дар борҳояшон биниҳед, бошад, ки чун назди касонашон бозгарданд ва онро биёбанд, боз оянд». |
فَلَمَّا رَجَعُوا إِلَىٰ أَبِيهِمْ قَالُوا يَا أَبَانَا مُنِعَ مِنَّا الْكَيْلُ فَأَرْسِلْ مَعَنَا أَخَانَا نَكْتَلْ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ(63) Чун назди падар бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар, паймона аз мо манъ намуданд. Бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бозгирем. Мо нигаҳдори ӯ ҳастем». |
قَالَ هَلْ آمَنُكُمْ عَلَيْهِ إِلَّا كَمَا أَمِنتُكُمْ عَلَىٰ أَخِيهِ مِن قَبْلُ ۖ فَاللَّهُ خَيْرٌ حَافِظًا ۖ وَهُوَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ(64) Гуфт: «Оё ӯро ба шумо бисупорам, ҳамчунон ки бародарашро пеш аз ин ба шумо супурдам?» Худо беҳтарин нигаҳдор аст ва Ӯст меҳрубонтарини меҳрубонон! |
وَلَمَّا فَتَحُوا مَتَاعَهُمْ وَجَدُوا بِضَاعَتَهُمْ رُدَّتْ إِلَيْهِمْ ۖ قَالُوا يَا أَبَانَا مَا نَبْغِي ۖ هَٰذِهِ بِضَاعَتُنَا رُدَّتْ إِلَيْنَا ۖ وَنَمِيرُ أَهْلَنَا وَنَحْفَظُ أَخَانَا وَنَزْدَادُ كَيْلَ بَعِيرٍ ۖ ذَٰلِكَ كَيْلٌ يَسِيرٌ(65) Чун бори худро кушуданд, диданд, ки сармояашонро пас додаанд. Гуфтанд: «Эй падар, дар талаби чӣ ҳастем? Ин сармояи мост, ки ба мо пас додаанд. Барои касони худ ғалла биёварем ва бародарамонро ҳифз кунем ва бори шутуре афзун гирем, ки он чӣ дорем, андак аст». |
قَالَ لَنْ أُرْسِلَهُ مَعَكُمْ حَتَّىٰ تُؤْتُونِ مَوْثِقًا مِّنَ اللَّهِ لَتَأْتُنَّنِي بِهِ إِلَّا أَن يُحَاطَ بِكُمْ ۖ فَلَمَّا آتَوْهُ مَوْثِقَهُمْ قَالَ اللَّهُ عَلَىٰ مَا نَقُولُ وَكِيلٌ(66) Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Худо паймоне бибандед, ки назди манаш бозмеоваред. Магар он ки ҳама гирифтор шавед». Чун бо ӯ аҳд карданд, гуфт: «Худо бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!» |
وَقَالَ يَا بَنِيَّ لَا تَدْخُلُوا مِن بَابٍ وَاحِدٍ وَادْخُلُوا مِنْ أَبْوَابٍ مُّتَفَرِّقَةٍ ۖ وَمَا أُغْنِي عَنكُم مِّنَ اللَّهِ مِن شَيْءٍ ۖ إِنِ الْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ ۖ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ ۖ وَعَلَيْهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُتَوَكِّلُونَ(67) Гуфт: «Эй писарони ман, аз як дарвоза дохил нашавед; аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед. Ва ман қазои Худоро аз сари шумо дафъ натавонам кард ва ҳеҷ фармоне ғайри фармони Худо нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккул кунанд». |
وَلَمَّا دَخَلُوا مِنْ حَيْثُ أَمَرَهُمْ أَبُوهُم مَّا كَانَ يُغْنِي عَنْهُم مِّنَ اللَّهِ مِن شَيْءٍ إِلَّا حَاجَةً فِي نَفْسِ يَعْقُوبَ قَضَاهَا ۚ وَإِنَّهُ لَذُو عِلْمٍ لِّمَا عَلَّمْنَاهُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ(68) Чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор дар баробари иродаи Худо судашон набахшид. Танҳо ҳоҷате дар замири Яъқуб буд, ки онро ошкор сохт, зеро ӯро илме буд, ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд. |
وَلَمَّا دَخَلُوا عَلَىٰ يُوسُفَ آوَىٰ إِلَيْهِ أَخَاهُ ۖ قَالَ إِنِّي أَنَا أَخُوكَ فَلَا تَبْتَئِسْ بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ(69) Чун бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро назди худ ҷой дод. Гуфт: «Ман бародари ту ҳастам. Аз коре, ки инҳо кардаанд, андӯҳгин мабош». |
فَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمْ جَعَلَ السِّقَايَةَ فِي رَحْلِ أَخِيهِ ثُمَّ أَذَّنَ مُؤَذِّنٌ أَيَّتُهَا الْعِيرُ إِنَّكُمْ لَسَارِقُونَ(70) Чун борҳояшонро муҳайё кард, ҷомро дар бори бародар ниҳод. Он гоҳ мунодӣ (садодиҳанда) садо дод: «Эй корвониён, шумо дуздонед». |
قَالُوا وَأَقْبَلُوا عَلَيْهِم مَّاذَا تَفْقِدُونَ(71) Корвониён назди онҳо бозгаштанд ва гуфтанд: «Чӣ гум кардаед?» |
قَالُوا نَفْقِدُ صُوَاعَ الْمَلِكِ وَلِمَن جَاءَ بِهِ حِمْلُ بَعِيرٍ وَأَنَا بِهِ زَعِيمٌ(72) Гуфтанд: «Ҷоми подшоҳро. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро бори шутурест ва ман кафилӣ мекунам». |
قَالُوا تَاللَّهِ لَقَدْ عَلِمْتُم مَّا جِئْنَا لِنُفْسِدَ فِي الْأَرْضِ وَمَا كُنَّا سَارِقِينَ(73) Гуфтанд: «Худоро, шумо худ медонед, ки мо фасод кардан ба ин сарзамин наёмадаем ва дузд набудаем». |
قَالُوا فَمَا جَزَاؤُهُ إِن كُنتُمْ كَاذِبِينَ(74) Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?» |
قَالُوا جَزَاؤُهُ مَن وُجِدَ فِي رَحْلِهِ فَهُوَ جَزَاؤُهُ ۚ كَذَٰلِكَ نَجْزِي الظَّالِمِينَ(75) Гуфтанд: «Ҷазояш ҳамон касест, ки дар бори ӯ ёфта шавад. Пас ӯ худ ҷазои амали худ аст ва мо гунаҳкоронро чунин ҷазо диҳем». |
فَبَدَأَ بِأَوْعِيَتِهِمْ قَبْلَ وِعَاءِ أَخِيهِ ثُمَّ اسْتَخْرَجَهَا مِن وِعَاءِ أَخِيهِ ۚ كَذَٰلِكَ كِدْنَا لِيُوسُفَ ۖ مَا كَانَ لِيَأْخُذَ أَخَاهُ فِي دِينِ الْمَلِكِ إِلَّا أَن يَشَاءَ اللَّهُ ۚ نَرْفَعُ دَرَجَاتٍ مَّن نَّشَاءُ ۗ وَفَوْقَ كُلِّ ذِي عِلْمٍ عَلِيمٌ(76) Пеш аз бори бародар бар бори онҳо кофтанро сар кард, он гоҳ аз бори бародараш берун овард. Ҳилае инчунин ба Юсуф омӯхтем. Дар дини он подшоҳ гирифтани бародар хаққи ӯ набуд, чизе буд, ки Худо мехост. Ҳар касро, ки бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем ва болои ҳар доное донотарест. |
۞ قَالُوا إِن يَسْرِقْ فَقَدْ سَرَقَ أَخٌ لَّهُ مِن قَبْلُ ۚ فَأَسَرَّهَا يُوسُفُ فِي نَفْسِهِ وَلَمْ يُبْدِهَا لَهُمْ ۚ قَالَ أَنتُمْ شَرٌّ مَّكَانًا ۖ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا تَصِفُونَ(77) Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ карда, бародараш низ пеш аз ин дуздӣ карда буд». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изхор накард ва гуфт: «Шумо дар вазъе бадтар ҳастед ва Худо ба бӯҳтоне, ки мезанед, огоҳтар аст!» |
قَالُوا يَا أَيُّهَا الْعَزِيزُ إِنَّ لَهُ أَبًا شَيْخًا كَبِيرًا فَخُذْ أَحَدَنَا مَكَانَهُ ۖ إِنَّا نَرَاكَ مِنَ الْمُحْسِنِينَ(78) Гуфтанд: «Эй азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ки аз некӯкоронат мебинем». |
قَالَ مَعَاذَ اللَّهِ أَن نَّأْخُذَ إِلَّا مَن وَجَدْنَا مَتَاعَنَا عِندَهُ إِنَّا إِذًا لَّظَالِمُونَ(79) Гуфт: «Худо накунад, ки ҷуз он касро, ки бори худ назди ӯ ёфтаем, бигирем. Агар чунин кунем, аз ситамкорон хоҳем буд». |
فَلَمَّا اسْتَيْأَسُوا مِنْهُ خَلَصُوا نَجِيًّا ۖ قَالَ كَبِيرُهُمْ أَلَمْ تَعْلَمُوا أَنَّ أَبَاكُمْ قَدْ أَخَذَ عَلَيْكُم مَّوْثِقًا مِّنَ اللَّهِ وَمِن قَبْلُ مَا فَرَّطتُمْ فِي يُوسُفَ ۖ فَلَنْ أَبْرَحَ الْأَرْضَ حَتَّىٰ يَأْذَنَ لِي أَبِي أَوْ يَحْكُمَ اللَّهُ لِي ۖ وَهُوَ خَيْرُ الْحَاكِمِينَ(80) Чун аз ӯ ноумед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Худо паймон гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамин берун намеоям, то падар маро рухсат диҳад ё Худо дар бораи ман довари кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст. |
ارْجِعُوا إِلَىٰ أَبِيكُمْ فَقُولُوا يَا أَبَانَا إِنَّ ابْنَكَ سَرَقَ وَمَا شَهِدْنَا إِلَّا بِمَا عَلِمْنَا وَمَا كُنَّا لِلْغَيْبِ حَافِظِينَ(81) Назди падар бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, шаҳодат надодем ва аз ғайб низ огоҳ нестем. |
وَاسْأَلِ الْقَرْيَةَ الَّتِي كُنَّا فِيهَا وَالْعِيرَ الَّتِي أَقْبَلْنَا فِيهَا ۖ وَإِنَّا لَصَادِقُونَ(82) Аз шаҳре, ки дар он будаем ва аз корвоне, ки ҳамроҳаш омадаем бипурс, ки мо рост мегӯем». |
قَالَ بَلْ سَوَّلَتْ لَكُمْ أَنفُسُكُمْ أَمْرًا ۖ فَصَبْرٌ جَمِيلٌ ۖ عَسَى اللَّهُ أَن يَأْتِيَنِي بِهِمْ جَمِيعًا ۚ إِنَّهُ هُوَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ(83) Гуфт: «На, нафси шумо кореро дар назаратон биёрост ва маро сабри ҷамил беҳтар аст. Шояд Худо ҳамаро ба ман бозгардонад, ки Ӯ донову ҳаким аст!» |
وَتَوَلَّىٰ عَنْهُمْ وَقَالَ يَا أَسَفَىٰ عَلَىٰ يُوسُفَ وَابْيَضَّتْ عَيْنَاهُ مِنَ الْحُزْنِ فَهُوَ كَظِيمٌ(84) Рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй андӯҳо бар Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мехӯрд. |
قَالُوا تَاللَّهِ تَفْتَأُ تَذْكُرُ يُوسُفَ حَتَّىٰ تَكُونَ حَرَضًا أَوْ تَكُونَ مِنَ الْهَالِكِينَ(85) Гуфтанд: «Ба Худо савганд пайваста Юсуфро ёд мекунӣ, то бемор гардӣ ё бимирӣ». |
قَالَ إِنَّمَا أَشْكُو بَثِّي وَحُزْنِي إِلَى اللَّهِ وَأَعْلَمُ مِنَ اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ(86) Гуфт; «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи худ танҳо бо Худо мегӯям. Зеро он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед! |
يَا بَنِيَّ اذْهَبُوا فَتَحَسَّسُوا مِن يُوسُفَ وَأَخِيهِ وَلَا تَيْأَسُوا مِن رَّوْحِ اللَّهِ ۖ إِنَّهُ لَا يَيْأَسُ مِن رَّوْحِ اللَّهِ إِلَّا الْقَوْمُ الْكَافِرُونَ(87) Эй писарони ман, бираведу Юсуф ва бародарашро биҷӯед ва аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Худо маъюс мешаванд». |
فَلَمَّا دَخَلُوا عَلَيْهِ قَالُوا يَا أَيُّهَا الْعَزِيزُ مَسَّنَا وَأَهْلَنَا الضُّرُّ وَجِئْنَا بِبِضَاعَةٍ مُّزْجَاةٍ فَأَوْفِ لَنَا الْكَيْلَ وَتَصَدَّقْ عَلَيْنَا ۖ إِنَّ اللَّهَ يَجْزِي الْمُتَصَدِّقِينَ(88) Чун бар Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову касонамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро тамом адо кун ва бар мо садақа бидеҳ зеро Худо садақадиҳандагонро дӯст дорад!» |
قَالَ هَلْ عَلِمْتُم مَّا فَعَلْتُم بِيُوسُفَ وَأَخِيهِ إِذْ أَنتُمْ جَاهِلُونَ(89) Гуфт: «Медонед, ки аз рӯи нодонӣ бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед?» |
قَالُوا أَإِنَّكَ لَأَنتَ يُوسُفُ ۖ قَالَ أَنَا يُوسُفُ وَهَٰذَا أَخِي ۖ قَدْ مَنَّ اللَّهُ عَلَيْنَا ۖ إِنَّهُ مَن يَتَّقِ وَيَصْبِرْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ(90) Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Худо ба мо неъмат дод. Зеро ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабр намояд, Худо муздашро нобуд намесозад». |
قَالُوا تَاللَّهِ لَقَدْ آثَرَكَ اللَّهُ عَلَيْنَا وَإِن كُنَّا لَخَاطِئِينَ(91) Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки худо туро бар мо фазилат дод ва мо хатокор будем». |
قَالَ لَا تَثْرِيبَ عَلَيْكُمُ الْيَوْمَ ۖ يَغْفِرُ اللَّهُ لَكُمْ ۖ وَهُوَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ(92) Гуфт: «Имрӯз шуморо сарзаниш набояд кард; Худо шуморо мебахшояд, ки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст! |
اذْهَبُوا بِقَمِيصِي هَٰذَا فَأَلْقُوهُ عَلَىٰ وَجْهِ أَبِي يَأْتِ بَصِيرًا وَأْتُونِي بِأَهْلِكُمْ أَجْمَعِينَ(93) Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед то бино гардад. Ва ҳамаи касони худро назди ман биёваред». |
وَلَمَّا فَصَلَتِ الْعِيرُ قَالَ أَبُوهُمْ إِنِّي لَأَجِدُ رِيحَ يُوسُفَ ۖ لَوْلَا أَن تُفَنِّدُونِ(94) Чун корвон ба роҳ афтод, падарашон гуфт: «Агар маро девона нахонед, бӯи Юсуф ҳис мекунам». |
قَالُوا تَاللَّهِ إِنَّكَ لَفِي ضَلَالِكَ الْقَدِيمِ(95) Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки ту дар ҳамон гумроҳии деринан худ ҳастӣ!» |
فَلَمَّا أَن جَاءَ الْبَشِيرُ أَلْقَاهُ عَلَىٰ وَجْهِهِ فَارْتَدَّ بَصِيرًا ۖ قَالَ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ إِنِّي أَعْلَمُ مِنَ اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ(96) Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи ӯ андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё нагуфтаматон, ки он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед?» |
قَالُوا يَا أَبَانَا اسْتَغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا إِنَّا كُنَّا خَاطِئِينَ(97) Гуфтанд: «Эй падар, барои гуноҳони мо омурзиш бихоҳ, ки мо хатокор будаем». |
قَالَ سَوْفَ أَسْتَغْفِرُ لَكُمْ رَبِّي ۖ إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ(98) Гуфт; «Аз Парвардигорам барои шумо бахшоиш хоҳам хост, Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст!» |
فَلَمَّا دَخَلُوا عَلَىٰ يُوسُفَ آوَىٰ إِلَيْهِ أَبَوَيْهِ وَقَالَ ادْخُلُوا مِصْرَ إِن شَاءَ اللَّهُ آمِنِينَ(99) Чун бар Юсуф дохил шуданд, падару модарро ба оғӯш кашиду гуфт: «Ба Миср дароед, ки агар Худо бихоҳад, дар амон хоҳед буд!» |
وَرَفَعَ أَبَوَيْهِ عَلَى الْعَرْشِ وَخَرُّوا لَهُ سُجَّدًا ۖ وَقَالَ يَا أَبَتِ هَٰذَا تَأْوِيلُ رُؤْيَايَ مِن قَبْلُ قَدْ جَعَلَهَا رَبِّي حَقًّا ۖ وَقَدْ أَحْسَنَ بِي إِذْ أَخْرَجَنِي مِنَ السِّجْنِ وَجَاءَ بِكُم مِّنَ الْبَدْوِ مِن بَعْدِ أَن نَّزَغَ الشَّيْطَانُ بَيْنِي وَبَيْنَ إِخْوَتِي ۚ إِنَّ رَبِّي لَطِيفٌ لِّمَا يَشَاءُ ۚ إِنَّهُ هُوَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ(100) Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама дар баробари ӯ ба саҷда даромаданд. Гуфт: «Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки инак Парвардигорам онро рост баровард. Ва чӣ қадар ба ман некӣ кардааст, он гоҳ, ки маро аз зиндон бираҳонид ва пас аз он, ки шайтон миёни ману бародаронам фасод карда буд, шуморо аз бодия ба ин ҷо овард. Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, дақиқ аст, ки Ӯ донову ҳаким аст! |
۞ رَبِّ قَدْ آتَيْتَنِي مِنَ الْمُلْكِ وَعَلَّمْتَنِي مِن تَأْوِيلِ الْأَحَادِيثِ ۚ فَاطِرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ أَنتَ وَلِيِّي فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۖ تَوَفَّنِي مُسْلِمًا وَأَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ(101) Эй Парвардигори ман, маро фармонравоӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин, ту дар дунёву охират корсози мани. Маро мусалмон бимирон ва қарини шоистагон соз!» |
ذَٰلِكَ مِنْ أَنبَاءِ الْغَيْبِ نُوحِيهِ إِلَيْكَ ۖ وَمَا كُنتَ لَدَيْهِمْ إِذْ أَجْمَعُوا أَمْرَهُمْ وَهُمْ يَمْكُرُونَ(102) Инҳо хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Ва он ҳангом, ки бо якдигар гирд омада буданд ва машварат мекарданд ва хила месохтанд, ту назди онҳо набудӣ! |
وَمَا أَكْثَرُ النَّاسِ وَلَوْ حَرَصْتَ بِمُؤْمِنِينَ(103) Ҳарчанд ту ба имонашон ҳарис бошӣ, бештари мардум имон намеоваранд! |
وَمَا تَسْأَلُهُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ ۚ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِّلْعَالَمِينَ(104) Ва ту дар муқобили паёмбарият аз онҳо музде наметалабӣ ва ин китоб ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест! |
وَكَأَيِّن مِّنْ آيَةٍ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ يَمُرُّونَ عَلَيْهَا وَهُمْ عَنْهَا مُعْرِضُونَ(105) Чӣ бисёр нишонаҳое дар осмонҳову замин аст, ки бар он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанд! |
وَمَا يُؤْمِنُ أَكْثَرُهُم بِاللَّهِ إِلَّا وَهُم مُّشْرِكُونَ(106) Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд! |
أَفَأَمِنُوا أَن تَأْتِيَهُمْ غَاشِيَةٌ مِّنْ عَذَابِ اللَّهِ أَوْ تَأْتِيَهُمُ السَّاعَةُ بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ(107) Оё пиндоранд, ки эминӣ ёфтаанд аз ин, ки уқубате умумӣ аз азоби Худо онҳоро фурӯ гирад ё қиёмат ба ногоҳ фаро расад, бе он ки хабардор шаванд? |
قُلْ هَٰذِهِ سَبِيلِي أَدْعُو إِلَى اللَّهِ ۚ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ أَنَا وَمَنِ اتَّبَعَنِي ۖ وَسُبْحَانَ اللَّهِ وَمَا أَنَا مِنَ الْمُشْرِكِينَ(108) Бигӯ: «Ин роҳи ман аст. Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Худо мехонем. Пок аст Худо ва ман аз мушрикон нестам!» |
وَمَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ إِلَّا رِجَالًا نُّوحِي إِلَيْهِم مِّنْ أَهْلِ الْقُرَىٰ ۗ أَفَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَيَنظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ ۗ وَلَدَارُ الْآخِرَةِ خَيْرٌ لِّلَّذِينَ اتَّقَوْا ۗ أَفَلَا تَعْقِلُونَ(109) Ва Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем магар мардонеро аз мардуми деҳаҳо, ки ба онҳоваҳй мекардем. Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон чӣ будааст? Ва олами охират парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед? |
حَتَّىٰ إِذَا اسْتَيْأَسَ الرُّسُلُ وَظَنُّوا أَنَّهُمْ قَدْ كُذِبُوا جَاءَهُمْ نَصْرُنَا فَنُجِّيَ مَن نَّشَاءُ ۖ وَلَا يُرَدُّ بَأْسُنَا عَنِ الْقَوْمِ الْمُجْرِمِينَ(110) Чун паёмбарон навмед шуданд ва чунон донистанд, ки онҳоро дурӯғ мебароранд, ёриашон кардем ва ҳар киро, ки хостем, наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад! |
لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِّأُولِي الْأَلْبَابِ ۗ مَا كَانَ حَدِيثًا يُفْتَرَىٰ وَلَٰكِن تَصْدِيقَ الَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ وَتَفْصِيلَ كُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ(111) Дар достонҳояшон хирадмандонро ибратест. Ин достоне сохта нест, балки тасдиқи сухани пешиннён ва тафсили ҳар чизест барои онҳо, ки имон овардаанд, ҳидоят асту раҳмат. |
Plus de sourates en Tadjik :
Téléchargez la sourate avec la voix des récitants du Coran les plus célèbres :
Téléchargez le fichier mp3 de la sourate Yusuf : choisissez le récitateur pour écouter et télécharger la sourate Yusuf complète en haute qualité.
Ahmed Al Ajmy Bandar Balila Khalid Al Jalil Saad Al Ghamdi Saud Al Shuraim Abdul Basit Abdul Rashid Sufi Abdullah Basfar Abdullah Al Juhani Fares Abbad Maher Al Muaiqly Al Minshawi Al Hosary Mishari Al-afasi Yasser Al Dosari
Donnez-nous une invitation valide