La sourate Al-Waqiah en Tadjik
إِذَا وَقَعَتِ الْوَاقِعَةُ(1) Чун қиёмат воқеъ шавад, |
لَيْسَ لِوَقْعَتِهَا كَاذِبَةٌ(2) ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест, |
خَافِضَةٌ رَّافِعَةٌ(3) гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда. |
إِذَا رُجَّتِ الْأَرْضُ رَجًّا(4) Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад |
وَبُسَّتِ الْجِبَالُ بَسًّا(5) ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд |
فَكَانَتْ هَبَاءً مُّنبَثًّا(6) ва чун ғуборе пароканда гарданд, |
وَكُنتُمْ أَزْوَاجًا ثَلَاثَةً(7) шумо се гурӯҳ бошед: |
فَأَصْحَابُ الْمَيْمَنَةِ مَا أَصْحَابُ الْمَيْمَنَةِ(8) яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд? |
وَأَصْحَابُ الْمَشْأَمَةِ مَا أَصْحَابُ الْمَشْأَمَةِ(9) Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд? |
وَالسَّابِقُونَ السَّابِقُونَ(10) Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат). |
أُولَٰئِكَ الْمُقَرَّبُونَ(11) Инҳо муқаррабонанд (наздиккардашудагонанд) |
فِي جَنَّاتِ النَّعِيمِ(12) дар биҳиштҳои пурнеъмат. |
ثُلَّةٌ مِّنَ الْأَوَّلِينَ(13) Гурӯҳе аз пешиниён |
وَقَلِيلٌ مِّنَ الْآخِرِينَ(14) ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд |
عَلَىٰ سُرُرٍ مَّوْضُونَةٍ(15) бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт) |
مُّتَّكِئِينَ عَلَيْهَا مُتَقَابِلِينَ(16) рӯбарӯи ҳам бар онҳо такя задаанд. |
يَطُوفُ عَلَيْهِمْ وِلْدَانٌ مُّخَلَّدُونَ(17) Писароне ҳамеша ҷавон гирдашон мечарханд |
بِأَكْوَابٍ وَأَبَارِيقَ وَكَأْسٍ مِّن مَّعِينٍ(18) бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист, |
لَّا يُصَدَّعُونَ عَنْهَا وَلَا يُنزِفُونَ(19) аз нушиданаш на сардард гиранд ва на беҳуш шаванд. |
وَفَاكِهَةٍ مِّمَّا يَتَخَيَّرُونَ(20) Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд. |
وَلَحْمِ طَيْرٍ مِّمَّا يَشْتَهُونَ(21) Ва гӯшти парранда, аз ҳар чӣ бихоҳанд, |
وَحُورٌ عِينٌ(22) Ва ҳурони дуруштчашм |
كَأَمْثَالِ اللُّؤْلُؤِ الْمَكْنُونِ(23) ҳамонанди марворидҳое дар садаф. |
جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ(24) Ҳама ба мукофоти корҳое, ки мекардаанд. |
لَا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا وَلَا تَأْثِيمًا(25) Дар он ҷо на сухани беҳуда шунаванд ва на гуноҳолуд |
إِلَّا قِيلًا سَلَامًا سَلَامًا(26) ҷуз як сухан: «Салом, салом!» |
وَأَصْحَابُ الْيَمِينِ مَا أَصْحَابُ الْيَمِينِ(27) Аммо аҳли саъодат, аҳли саъодат чӣ ҳол доранд? |
فِي سِدْرٍ مَّخْضُودٍ(28) Дар зери дарахти сидри бехор |
وَطَلْحٍ مَّنضُودٍ(29) ва дарахти музе (банан), ки мевааш бар якдигар чида шуда |
وَظِلٍّ مَّمْدُودٍ(30) ва сояе доим |
وَمَاءٍ مَّسْكُوبٍ(31) ва обе ҷорӣ |
وَفَاكِهَةٍ كَثِيرَةٍ(32) ва мевае бисёр, |
لَّا مَقْطُوعَةٍ وَلَا مَمْنُوعَةٍ(33) ки бепоён ва касро аз он бознадоранд. |
وَفُرُشٍ مَّرْفُوعَةٍ(34) Ва фаршҳои баланд |
إِنَّا أَنشَأْنَاهُنَّ إِنشَاءً(35) Он занонро Мо биёфаридем, офариданӣ |
فَجَعَلْنَاهُنَّ أَبْكَارًا(36) ва душизагон сохтем. |
عُرُبًا أَتْرَابًا(37) Маъшуқи ҳамсарони худанд, |
لِّأَصْحَابِ الْيَمِينِ(38) барои аҳли саъодат, |
ثُلَّةٌ مِّنَ الْأَوَّلِينَ(39) гурӯҳе аз пешиниён |
وَثُلَّةٌ مِّنَ الْآخِرِينَ(40) ва гурӯҳе, ки аз пас омадаанд. |
وَأَصْحَابُ الشِّمَالِ مَا أَصْحَابُ الشِّمَالِ(41) Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт) чӣ ҳол доранд? |
فِي سَمُومٍ وَحَمِيمٍ(42) Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд |
وَظِلٍّ مِّن يَحْمُومٍ(43) дар сояе аз дуди сиёҳ |
لَّا بَارِدٍ وَلَا كَرِيمٍ(44) на сарду на хуш. |
إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَٰلِكَ مُتْرَفِينَ(45) "Инҳо пеш аз ин дар нозу неъмат буданд. |
وَكَانُوا يُصِرُّونَ عَلَى الْحِنثِ الْعَظِيمِ(46) ва бар гуноҳони бузург исрор (давом) мекарданд |
وَكَانُوا يَقُولُونَ أَئِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَإِنَّا لَمَبْعُوثُونَ(47) ва мегуфтанд: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, боз ҳам моро зинда мекунанд |
أَوَآبَاؤُنَا الْأَوَّلُونَ(48) ё ниёгони моро?» |
قُلْ إِنَّ الْأَوَّلِينَ وَالْآخِرِينَ(49) Бигӯ: «Ҳамаро, онон, ки аз ин пеш буданд ва онҳо, ки аз паяшон омада буданд, |
لَمَجْمُوعُونَ إِلَىٰ مِيقَاتِ يَوْمٍ مَّعْلُومٍ(50) ҳама дар ваъдагоҳи он рӯзи муъайян хоҳанд буд. |
ثُمَّ إِنَّكُمْ أَيُّهَا الضَّالُّونَ الْمُكَذِّبُونَ(51) Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғбароранда, |
لَآكِلُونَ مِن شَجَرٍ مِّن زَقُّومٍ(52) аз дарахтони заққум хоҳед хурд |
فَمَالِئُونَ مِنْهَا الْبُطُونَ(53) ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард |
فَشَارِبُونَ عَلَيْهِ مِنَ الْحَمِيمِ(54) ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нушид, |
فَشَارِبُونَ شُرْبَ الْهِيمِ(55) чунон менушед, ки шутури ташн, а об менӯшад. |
هَٰذَا نُزُلُهُمْ يَوْمَ الدِّينِ(56) Ин аст меҳмондориашон дар рӯзи ҷазо. |
نَحْنُ خَلَقْنَاكُمْ فَلَوْلَا تُصَدِّقُونَ(57) Мо шуморо офаридаем, пас чаро тасдиқ намекунед? |
أَفَرَأَيْتُم مَّا تُمْنُونَ(58) Оё он маниро, ки мерезед, дидаед? |
أَأَنتُمْ تَخْلُقُونَهُ أَمْ نَحْنُ الْخَالِقُونَ(59) Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем? |
نَحْنُ قَدَّرْنَا بَيْنَكُمُ الْمَوْتَ وَمَا نَحْنُ بِمَسْبُوقِينَ(60) Мо маргро бар шумо, муайян сохтем ва нотавон аз он нестом, ки |
عَلَىٰ أَن نُّبَدِّلَ أَمْثَالَكُمْ وَنُنشِئَكُمْ فِي مَا لَا تَعْلَمُونَ(61) ба ҷои шумо қавме монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем. |
وَلَقَدْ عَلِمْتُمُ النَّشْأَةَ الْأُولَىٰ فَلَوْلَا تَذَكَّرُونَ(62) Шумо ай офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред? |
أَفَرَأَيْتُم مَّا تَحْرُثُونَ(63) Оё чизеро, ки мекоред, дидаед? |
أَأَنتُمْ تَزْرَعُونَهُ أَمْ نَحْنُ الزَّارِعُونَ(64) Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем? |
لَوْ نَشَاءُ لَجَعَلْنَاهُ حُطَامًا فَظَلْتُمْ تَفَكَّهُونَ(65) Агар мехостем, хошокаш месохтем, то дар ҳайрат бимонед. |
إِنَّا لَمُغْرَمُونَ(66) Гӯянд: «Мо зиён кардагонем, |
بَلْ نَحْنُ مَحْرُومُونَ(67) мо бенасиб мондагонем». |
أَفَرَأَيْتُمُ الْمَاءَ الَّذِي تَشْرَبُونَ(68) Оё оберо, ки менӯшед, дидаед? |
أَأَنتُمْ أَنزَلْتُمُوهُ مِنَ الْمُزْنِ أَمْ نَحْنُ الْمُنزِلُونَ(69) Оё шумо онро аз абр фурӯд меоред ё Мо фурӯд орандагонем?. |
لَوْ نَشَاءُ جَعَلْنَاهُ أُجَاجًا فَلَوْلَا تَشْكُرُونَ(70) Агар мехостем онро талх мегардонидем. Пас чаро шукр намегӯед? |
أَفَرَأَيْتُمُ النَّارَ الَّتِي تُورُونَ(71) Оё он оташро, ки меафрузед дидаед? |
أَأَنتُمْ أَنشَأْتُمْ شَجَرَتَهَا أَمْ نَحْنُ الْمُنشِئُونَ(72) Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем? |
نَحْنُ جَعَلْنَاهَا تَذْكِرَةً وَمَتَاعًا لِّلْمُقْوِينَ(73) Мо онро хушдоре (аз дӯзах) ва барои мусофирони роҳнавард матоъе сохтем. |
فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِيمِ(74) Ба номи Парвардигори бузурги худ тасбеҳ гӯй! |
۞ فَلَا أُقْسِمُ بِمَوَاقِعِ النُّجُومِ(75) Пас савганд ба ғурубгоҳи ситорагон! |
وَإِنَّهُ لَقَسَمٌ لَّوْ تَعْلَمُونَ عَظِيمٌ(76) Ва ин савгандест, — агар бидонед, — бузург. |
إِنَّهُ لَقُرْآنٌ كَرِيمٌ(77) Албатта ин Қуръонест гиромиқадр |
فِي كِتَابٍ مَّكْنُونٍ(78) дар китобе макнун, |
لَّا يَمَسُّهُ إِلَّا الْمُطَهَّرُونَ(79) ки ҷуз покон даст бар он назананд. |
تَنزِيلٌ مِّن رَّبِّ الْعَالَمِينَ(80) Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст. |
أَفَبِهَٰذَا الْحَدِيثِ أَنتُم مُّدْهِنُونَ(81) Оё ин суханро дурӯғ меҳисобед? |
وَتَجْعَلُونَ رِزْقَكُمْ أَنَّكُمْ تُكَذِّبُونَ(82) Ва насиби худро дар дурӯғ ҳисобидани он қарор медиҳед? |
فَلَوْلَا إِذَا بَلَغَتِ الْحُلْقُومَ(83) Пас чаро он гоҳ ки ҷон ба гулӯ расад |
وَأَنتُمْ حِينَئِذٍ تَنظُرُونَ(84) ва шумо дар ин ҳангом менигаред? |
وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنكُمْ وَلَٰكِن لَّا تُبْصِرُونَ(85) Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед. |
فَلَوْلَا إِن كُنتُمْ غَيْرَ مَدِينِينَ(86) Агар қиёматро бовар надоред, |
تَرْجِعُونَهَا إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ(87) агар рост мегӯед, бозаш гардонед! (рӯҳро бар ҷасад) |
فَأَمَّا إِن كَانَ مِنَ الْمُقَرَّبِينَ(88) Аммо агар аз муқаррабон (наздикшудагон) бошад. |
فَرَوْحٌ وَرَيْحَانٌ وَجَنَّتُ نَعِيمٍ(89) барои ӯст осоишу рӯзӣ ва биҳишти пурнеъмат. |
وَأَمَّا إِن كَانَ مِنْ أَصْحَابِ الْيَمِينِ(90) Ва аммо агар аз аҳли саъодат бошад, |
فَسَلَامٌ لَّكَ مِنْ أَصْحَابِ الْيَمِينِ(91) пас туро аз аҳли саъодат салом аст. |
وَأَمَّا إِن كَانَ مِنَ الْمُكَذِّبِينَ الضَّالِّينَ(92) Ва аммо агар, аз такзибкунандагони (дурӯғ барорандагони) гумроҳ бошад, |
فَنُزُلٌ مِّنْ حَمِيمٍ(93) ба оби ҷӯшон меҳмонаш кунанд |
وَتَصْلِيَةُ جَحِيمٍ(94) ва ба дӯзахаш дароваранд. |
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ حَقُّ الْيَقِينِ(95) Ин сухан сухане росту яқин аст! |
فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِيمِ(96) Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй! |
Plus de sourates en Tadjik :
Téléchargez la sourate avec la voix des récitants du Coran les plus célèbres :
Téléchargez le fichier mp3 de la sourate Al-Waqiah : choisissez le récitateur pour écouter et télécharger la sourate Al-Waqiah complète en haute qualité.















Donnez-nous une invitation valide