سوره حجر به زبان تاجیکی
الر ۚ تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ وَقُرْآنٍ مُّبِينٍ(1) Алиф, лом, ро. Ин аст-оёти китоб ва Қуръони равшангар. |
رُّبَمَا يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْ كَانُوا مُسْلِمِينَ(2) Бисёр вақт кофирон орзу кунанд, ки эй кош мусалмон мебуданд, |
ذَرْهُمْ يَأْكُلُوا وَيَتَمَتَّعُوا وَيُلْهِهِمُ الْأَمَلُ ۖ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ(3) Бигузорашон, то бихӯранд ва баҳравар шаванд ва орзу ба худ машғулашон дорад, ба зуди хоҳанд донист. |
وَمَا أَهْلَكْنَا مِن قَرْيَةٍ إِلَّا وَلَهَا كِتَابٌ مَّعْلُومٌ(4) Ҳар деҳаеро ҳалок кардем, албатта замоне маълум дошт. |
مَّا تَسْبِقُ مِنْ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسْتَأْخِرُونَ(5) Ҳеҷ уммате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на пас мемонад. |
وَقَالُوا يَا أَيُّهَا الَّذِي نُزِّلَ عَلَيْهِ الذِّكْرُ إِنَّكَ لَمَجْنُونٌ(6) Ва гуфтанд: «Эй марде, ки Қуръон ба ту нозил шуда, ҳаққо, ки ту девонаӣ! |
لَّوْ مَا تَأْتِينَا بِالْمَلَائِكَةِ إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ(7) Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро барои мо намеоварӣ?» |
مَا نُنَزِّلُ الْمَلَائِكَةَ إِلَّا بِالْحَقِّ وَمَا كَانُوا إِذًا مُّنظَرِينَ(8) Мо фариштагонро ғайри ба ҳақ нозил намекунем ва дар он ҳангом дигар мӯҳлаташон надиҳанд. |
إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ(9) Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем. |
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِي شِيَعِ الْأَوَّلِينَ(10) Ва Мо расулони худро пеш аз ту ба миёни қавмҳои пешин фиристодаем. |
وَمَا يَأْتِيهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ(11) Ҳар паёмбаре бар онҳо фиристода шуд, албатта масхарааш карданд. |
كَذَٰلِكَ نَسْلُكُهُ فِي قُلُوبِ الْمُجْرِمِينَ(12) Роҳашро дар дили гунаҳгорон инчунин мекушоем! |
لَا يُؤْمِنُونَ بِهِ ۖ وَقَدْ خَلَتْ سُنَّةُ الْأَوَّلِينَ(13) Ба он имон намеоваранд ва суннати пешиниён чунин будааст. |
وَلَوْ فَتَحْنَا عَلَيْهِم بَابًا مِّنَ السَّمَاءِ فَظَلُّوا فِيهِ يَعْرُجُونَ(14) Агар барояшон аз осмон даре бикушоем, ки аз он боло раванд, |
لَقَالُوا إِنَّمَا سُكِّرَتْ أَبْصَارُنَا بَلْ نَحْنُ قَوْمٌ مَّسْحُورُونَ(15) гӯянд: «Чашмони моро ҷоду кардаанд, балки мо мардуме ҷодузада ҳастем!» |
وَلَقَدْ جَعَلْنَا فِي السَّمَاءِ بُرُوجًا وَزَيَّنَّاهَا لِلنَّاظِرِينَ(16) Ва албатта дар осмон бурҷҳое офаридем ва барон бинандагонашон биёростем. |
وَحَفِظْنَاهَا مِن كُلِّ شَيْطَانٍ رَّجِيمٍ(17) Ва аз ҳар шайтони раҷиме ҳифзашон кардем. |
إِلَّا مَنِ اسْتَرَقَ السَّمْعَ فَأَتْبَعَهُ شِهَابٌ مُّبِينٌ(18) Ғайри он ки дуздона гӯш медод ва шарорае равшан таъқибаш кард. |
وَالْأَرْضَ مَدَدْنَاهَا وَأَلْقَيْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ شَيْءٍ مَّوْزُونٍ(19) Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳое азим афкандем. Ва аз ҳар чиз ба шевае санҷида дар он рӯёнидем. |
وَجَعَلْنَا لَكُمْ فِيهَا مَعَايِشَ وَمَن لَّسْتُمْ لَهُ بِرَازِقِينَ(20) Ва маъишати шумо ва касонеро, ки шумо рӯзидеҳашон нестед, дар он ҷо қарор додем. |
وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلَّا عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلَّا بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ(21) Ҳар чӣ ҳаст, хазинаҳои он назди Мост ва Мо ҷуз ба андозае муъайян онро намефиристем. |
وَأَرْسَلْنَا الرِّيَاحَ لَوَاقِحَ فَأَنزَلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَسْقَيْنَاكُمُوهُ وَمَا أَنتُمْ لَهُ بِخَازِنِينَ(22) Ва бодҳои обистанкунандаро фиристодем ва аз осмон обе нозил кардем ва шуморо ба он сероб сохтем ва шуморо нарасад, ки хазинадори он, бошед. |
وَإِنَّا لَنَحْنُ نُحْيِي وَنُمِيتُ وَنَحْنُ الْوَارِثُونَ(23) Албатта Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва баъд аз ҳама боқӣ мемонем. |
وَلَقَدْ عَلِمْنَا الْمُسْتَقْدِمِينَ مِنكُمْ وَلَقَدْ عَلِمْنَا الْمُسْتَأْخِرِينَ(24) Ва медонем чӣ касоне аз шумо аз ин пеш рафтаанд ва чӣ касоне боқӣ мондаанд. |
وَإِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَحْشُرُهُمْ ۚ إِنَّهُ حَكِيمٌ عَلِيمٌ(25) Ва Парвардигори ту ҳамаро зинда карда ҷамъ мегардонад, зеро Ӯст, ки ҳакиму доност! |
وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن صَلْصَالٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ(26) Мо одамиро аз гили хушк, аз лаҷани (лойи) бӯйнок офаридем. |
وَالْجَانَّ خَلَقْنَاهُ مِن قَبْلُ مِن نَّارِ السَّمُومِ(27) Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем. |
وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِّن صَلْصَالٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ(28) Ва Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Мехоҳам башаре аз гили хушк, аз лои бӯйнок биёфаринам. |
فَإِذَا سَوَّيْتُهُ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُوا لَهُ سَاجِدِينَ(29) Чун офаринишамро ба поён бурдам ва аз рӯҳи Худ дар он дамидам, дар баробари ӯ ба саҷда бияфтед». |
فَسَجَدَ الْمَلَائِكَةُ كُلُّهُمْ أَجْمَعُونَ(30) Фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд, |
إِلَّا إِبْلِيسَ أَبَىٰ أَن يَكُونَ مَعَ السَّاجِدِينَ(31) ғайри Иблис, ки сар боззад, ки бо саҷдакунандагон бошад. |
قَالَ يَا إِبْلِيسُ مَا لَكَ أَلَّا تَكُونَ مَعَ السَّاجِدِينَ(32) Гуфт: «Эй Иблис, чаро ту аз саҷдакунандагон Набудӣ?» |
قَالَ لَمْ أَكُن لِّأَسْجُدَ لِبَشَرٍ خَلَقْتَهُ مِن صَلْصَالٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ(33) Гуфт: «Ман барои башаре, ки аз гили хушк, аз лойи бӯйнок офаридаӣ, саҷда намекунам». |
قَالَ فَاخْرُجْ مِنْهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٌ(34) Гуфт: «Аз он ҷо берун шав, ки рондашуда ҳастӣ. |
وَإِنَّ عَلَيْكَ اللَّعْنَةَ إِلَىٰ يَوْمِ الدِّينِ(35) То рӯзи қиёмат бар ту лаънат аст!» |
قَالَ رَبِّ فَأَنظِرْنِي إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ(36) Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки дубора зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ». |
قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ الْمُنظَرِينَ(37) Гуфт: «Ту дар шумори мӯҳлатёфтагонӣ, |
إِلَىٰ يَوْمِ الْوَقْتِ الْمَعْلُومِ(38) то он рӯзе, ки вақташ маълум аст». |
قَالَ رَبِّ بِمَا أَغْوَيْتَنِي لَأُزَيِّنَنَّ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَلَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ(39) Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чун маро ноумед кардӣ, дар рӯи замин бадиҳоро дар назарашон биёроям ва ҳамагонро гумроҳ кунам, |
إِلَّا عِبَادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ(40) ғайри онҳо, ки бандагони боихлоси Ту бошанд». |
قَالَ هَٰذَا صِرَاطٌ عَلَيَّ مُسْتَقِيمٌ(41) Гуфт: «Роҳи ихлос роҳи ростест, ки ба Ман мерасад. |
إِنَّ عِبَادِي لَيْسَ لَكَ عَلَيْهِمْ سُلْطَانٌ إِلَّا مَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْغَاوِينَ(42) Туро бар бандагони Ман ғолибияте нест, магар бар он гумроҳоне, ки туро пайравӣ кунанд. |
وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمَوْعِدُهُمْ أَجْمَعِينَ(43) Ва ҷаҳаннам ваъдагоҳи ҳама аст. |
لَهَا سَبْعَةُ أَبْوَابٍ لِّكُلِّ بَابٍ مِّنْهُمْ جُزْءٌ مَّقْسُومٌ(44) Ҳафт дар дорад ва барои хар дар гурӯҳе аз онон муъайян шудаанд. |
إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ(45) Парҳезгорон дар биҳиштҳо, канори чашмасоронанд. |
ادْخُلُوهَا بِسَلَامٍ آمِنِينَ(46) Ба саломату эминӣ дохил шавед». |
وَنَزَعْنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنْ غِلٍّ إِخْوَانًا عَلَىٰ سُرُرٍ مُّتَقَابِلِينَ(47) Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд, бар тахтҳо рӯбарӯи ҳаманд. |
لَا يَمَسُّهُمْ فِيهَا نَصَبٌ وَمَا هُم مِّنْهَا بِمُخْرَجِينَ(48) Ҳеҷ ранҷе ба онҳо намерасад ва аз он ҷо берунашон наронанд. |
۞ نَبِّئْ عِبَادِي أَنِّي أَنَا الْغَفُورُ الرَّحِيمُ(49) Ба бандагонам хабар деҳ, ки ман бахшояндаву меҳрубонам. |
وَأَنَّ عَذَابِي هُوَ الْعَذَابُ الْأَلِيمُ(50) Ва азоби Ман азобе дардовар аст! |
وَنَبِّئْهُمْ عَن ضَيْفِ إِبْرَاهِيمَ(51) Ва аз меҳмонони Иброҳим хабардорашон кун». |
إِذْ دَخَلُوا عَلَيْهِ فَقَالُوا سَلَامًا قَالَ إِنَّا مِنكُمْ وَجِلُونَ(52) Он гоҳ, ки бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» Иброҳим гуфт: «Мо аз шумо метарсем!» |
قَالُوا لَا تَوْجَلْ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَامٍ عَلِيمٍ(53) Гуфтанд: «Матарс, мо туро ба писаре доно мужда (хушхабар) медиҳем». |
قَالَ أَبَشَّرْتُمُونِي عَلَىٰ أَن مَّسَّنِيَ الْكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرُونَ(54) Гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам? Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?» |
قَالُوا بَشَّرْنَاكَ بِالْحَقِّ فَلَا تَكُن مِّنَ الْقَانِطِينَ(55) Гуфтанд: «Ба ҳақ хушхабарат додем, аз ноумедон мабош!» |
قَالَ وَمَن يَقْنَطُ مِن رَّحْمَةِ رَبِّهِ إِلَّا الضَّالُّونَ(56) Гуфт: «Ҷуз гумроҳон чӣ касе аз раҳмати Парвардигораш ноумед мешавад?» |
قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا الْمُرْسَلُونَ(57) Гуфт: «Эй расулон, кори шумо чист?» |
قَالُوا إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَىٰ قَوْمٍ مُّجْرِمِينَ(58) Гуфтанд: «Мо ба сари мардуме гунаҳкор фиристода шудаем, |
إِلَّا آلَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمْ أَجْمَعِينَ(59) ғайри хонадони Лут, ки ҳамаро наҷот медиҳем, |
إِلَّا امْرَأَتَهُ قَدَّرْنَا ۙ إِنَّهَا لَمِنَ الْغَابِرِينَ(60) ҷуз занашро, ки муқаррар кардаем, ки аз боқимондагон бошад». |
فَلَمَّا جَاءَ آلَ لُوطٍ الْمُرْسَلُونَ(61) Чун расулон назди хонадони Лут омаданд, |
قَالَ إِنَّكُمْ قَوْمٌ مُّنكَرُونَ(62) Лут гуфт: «Шумо бегонаед». |
قَالُوا بَلْ جِئْنَاكَ بِمَا كَانُوا فِيهِ يَمْتَرُونَ(63) Гуфтанд: «На, чизеро, ки дар он шак мекарданд, овардаем. |
وَأَتَيْنَاكَ بِالْحَقِّ وَإِنَّا لَصَادِقُونَ(64) Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем. |
فَأَسْرِ بِأَهْلِكَ بِقِطْعٍ مِّنَ اللَّيْلِ وَاتَّبِعْ أَدْبَارَهُمْ وَلَا يَلْتَفِتْ مِنكُمْ أَحَدٌ وَامْضُوا حَيْثُ تُؤْمَرُونَ(65) Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони худро берун бубар ва худ аз паи онҳо рав ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад. Ва ҳар ҷо, ки фармонатон додаанд, биравед». |
وَقَضَيْنَا إِلَيْهِ ذَٰلِكَ الْأَمْرَ أَنَّ دَابِرَ هَٰؤُلَاءِ مَقْطُوعٌ مُّصْبِحِينَ(66) Ва барои ӯ ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, решаи онҳо барканда шавад. |
وَجَاءَ أَهْلُ الْمَدِينَةِ يَسْتَبْشِرُونَ(67) Аҳли шаҳр шодикунон омаданд. |
قَالَ إِنَّ هَٰؤُلَاءِ ضَيْفِي فَلَا تَفْضَحُونِ(68) Гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, маро расво макунед. |
وَاتَّقُوا اللَّهَ وَلَا تُخْزُونِ(69) Аз Худованд битарсед ва маро шармсор масозед». |
قَالُوا أَوَلَمْ نَنْهَكَ عَنِ الْعَالَمِينَ(70) Гуфтанд: «Магар туро аз мардум манъ накарда будем?» |
قَالَ هَٰؤُلَاءِ بَنَاتِي إِن كُنتُمْ فَاعِلِينَ(71) Гуфт: «Агар қасде доред, инак духтарони ман ҳастанд». |
لَعَمْرُكَ إِنَّهُمْ لَفِي سَكْرَتِهِمْ يَعْمَهُونَ(72) Ба ҷони ту савганд, ки онҳо дар мастии худ саргашта буданд. |
فَأَخَذَتْهُمُ الصَّيْحَةُ مُشْرِقِينَ(73) Чун субҳ бидамид, ононро фарёд фурӯ гирифт. |
فَجَعَلْنَا عَالِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِمْ حِجَارَةً مِّن سِجِّيلٍ(74) Шаҳрро зеру забар кардем ва бороне аз сиҷҷил бар онон боронидем. |
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِّلْمُتَوَسِّمِينَ(75) Дар ин ибратҳост барои ибратгирандагон. |
وَإِنَّهَا لَبِسَبِيلٍ مُّقِيمٍ(76) Ва он шаҳр акнун дар сари роҳи корвониён аст. |
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِّلْمُؤْمِنِينَ(77) Ва мӯъминонро дар он ибратест. |
وَإِن كَانَ أَصْحَابُ الْأَيْكَةِ لَظَالِمِينَ(78) Ва мардуми Айка низ ситамкор буданд. |
فَانتَقَمْنَا مِنْهُمْ وَإِنَّهُمَا لَبِإِمَامٍ مُّبِينٍ(79) Аз онҳо интиқом гирифтем ва шаҳрҳои он ду қавм ошкоро бар сари роҳанд. |
وَلَقَدْ كَذَّبَ أَصْحَابُ الْحِجْرِ الْمُرْسَلِينَ(80) Мардуми Ҳиҷр низ паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд. |
وَآتَيْنَاهُمْ آيَاتِنَا فَكَانُوا عَنْهَا مُعْرِضِينَ(81) Оёти Худро бар онон расонидем, вале аз он рӯй мегардонданд. |
وَكَانُوا يَنْحِتُونَ مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا آمِنِينَ(82) Хонаҳои худро, то тинҷ бошанд, дар куҳҳо меканданд. |
فَأَخَذَتْهُمُ الصَّيْحَةُ مُصْبِحِينَ(83) Субҳгоҳон ононро фарёд фурӯ гирифт. |
فَمَا أَغْنَىٰ عَنْهُم مَّا كَانُوا يَكْسِبُونَ(84) Кирдорашон аз онҳо дафъи бало накард. |
وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ ۗ وَإِنَّ السَّاعَةَ لَآتِيَةٌ ۖ فَاصْفَحِ الصَّفْحَ الْجَمِيلَ(85) Осмонҳову замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ба ғайри ҳақ наёфаридаем. Ва бешак қиёмат фаро мерасад. Пас гузашт кун, гузаште некӯ. |
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ الْخَلَّاقُ الْعَلِيمُ(86) Албатта Парвардигори ту офаринандае доност! |
وَلَقَدْ آتَيْنَاكَ سَبْعًا مِّنَ الْمَثَانِي وَالْقُرْآنَ الْعَظِيمَ(87) Мо сабъаммасонӣ ва Қуръони бузургро ба ту додем. |
لَا تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعْنَا بِهِ أَزْوَاجًا مِّنْهُمْ وَلَا تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَاخْفِضْ جَنَاحَكَ لِلْمُؤْمِنِينَ(88) Агар баъзе аз мардону занонашонро ба чизе баҳравар сохтаем, ту ба он нигоҳ макун. Ва ғами онҳоро махӯр. Ва дар баробари мӯъминон фурӯтан (хоксор) бош. |
وَقُلْ إِنِّي أَنَا النَّذِيرُ الْمُبِينُ(89) Ва бигӯ: «Ман бимдиҳандае равшангарам». |
كَمَا أَنزَلْنَا عَلَى الْمُقْتَسِمِينَ(90) Ҳамонанди азобе, ки бар тақсимкунандагон нозил кардем: |
الَّذِينَ جَعَلُوا الْقُرْآنَ عِضِينَ(91) онол, ки Қуръонрю ба қисмҳо тақсим карда буданд. |
فَوَرَبِّكَ لَنَسْأَلَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ(92) Ба Парвардигорат савганд, ки ҳамаро бозхост кунем, |
عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ(93) ба хотири корҳое, ки мекардаанд! |
فَاصْدَعْ بِمَا تُؤْمَرُ وَأَعْرِضْ عَنِ الْمُشْرِكِينَ(94) Ба ҳар чӣ амр шудаӣ, сареҳу баланд бигӯ ва аз мушрикон рӯйгардон бош! |
إِنَّا كَفَيْنَاكَ الْمُسْتَهْزِئِينَ(95) Мо масхаракунандагонро аз ту бозмедорем, |
الَّذِينَ يَجْعَلُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ ۚ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ(96) онҳо, ки бо Оллоҳ худое дигар қоил мешаванд. Пас ба зудӣ хоҳанд донист. |
وَلَقَدْ نَعْلَمُ أَنَّكَ يَضِيقُ صَدْرُكَ بِمَا يَقُولُونَ(97) Ва медонем, ки ту аз гуфторашон дилтанг мешавӣ. |
فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَكُن مِّنَ السَّاجِدِينَ(98) Ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ кун ва аз саҷдакунандагон бош! |
وَاعْبُدْ رَبَّكَ حَتَّىٰ يَأْتِيَكَ الْيَقِينُ(99) Ва Парвардигоратро бипараст, то лаҳзаи маргат фаро расад! |
سورهای بیشتر به زبان تاجیکی:
دانلود سوره حجر با صدای معروفترین قراء:
انتخاب خواننده برای گوش دادن و دانلود کامل سوره حجر با کیفیت بالا.
أحمد العجمي
ابراهيم الاخضر
بندر بليلة
خالد الجليل
حاتم فريد الواعر
خليفة الطنيجي
سعد الغامدي
سعود الشريم
الشاطري
صلاح بوخاطر
عبد الباسط
عبدالرحمن العوسي
عبد الرشيد صوفي
عبدالعزيز الزهراني
عبد الله بصفر
عبد الله الجهني
علي الحذيفي
علي جابر
غسان الشوربجي
فارس عباد
ماهر المعيقلي
محمد أيوب
محمد المحيسني
محمد جبريل
المنشاوي
الحصري
مشاري العفاسي
ناصر القطامي
وديع اليمني
ياسر الدوسري
به قرآن کریم چنگ بزنید